Ҳамоиши идона ба муносибати «Рӯзи модар» баргузор гардид

05 Март 2021, Ҷумъа

Имрӯз дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши идона ба муносибати таҷлили «Рӯзи модар»  баргузор гардид.
Дар назди ҳозирин Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода баромад намуда, иброз намуд, ки  «-ин лаҳзаҳо, ки ҳамаи моро мақому манзалат, меҳру муҳаббат ва меҳрубониву самимияти модар гирди ҳам овардааст, ҳар яки шумо – вакилон-бонувони олиқадр ва тамоми модарону занони иззатманде, ки дар Маҷлиси намояндагон кору фаъолият менамоянд, ба ифтихори ҷашни фархундаи миллиамон – Рӯзи модар  самимона табрику муборакбод гуфта, бароятон тандурустиву хушбахтӣ, иқболи неку толеи баланд ва рӯзгори ободу осуда орзу менамоям».

Раиси Маҷлиси намояндагон ҳамчунин таъкид намуд, ки то моҳи марти соли 2009, 8-уми мартро дар Тоҷикистон ба унвони «Рӯзи озодии занон» ё «Рӯзи байналмилалии занон» таҷлил мекарданд.
Бо ибтикор ва пешниҳоди бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  соли 2009 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» таѓйирот ворид карда шуд ва 8-уми март,  «Рӯзи модар» унвон гирифта, ҳамасола дар саросари кишвар бо як шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад.
Воқеан, зиндагӣ худ тӯли ҳазорсолаҳо нишон додааст, ки ҳеҷ гоҳ наметавонем муҳаббате беҳтар ва самимияте ҳақиқиву бештар аз модари худро дарёбем.
Аз ин лиҳоз, модар натанҳо азизтарин шахс барои ҳар як фарзанд, балки гаронбаҳотарин сарвати ҳар як халқу миллат мебошад.
Дар яке аз ривоятҳои куҳан омадааст, ки «атр аз гул, нӯш аз шаҳд, шодобӣ аз баҳор, меҳр аз офтоб ва зиндагӣ аз замин бардошта, ҳамаро бо якдигар омехта, зан офаридаанд, то зудбарорандаи ѓамҳо ва афзояндаи шодиву нишоти мардум бошад».
Аз ин рӯ, зан – модар ба мисли баҳор пурнакҳату муаттар, сабзу хуррам ва шодобу шукуфо буда, бо оѓози фасли баҳор ва арафаи соли нави аҷдодӣ, яъне омадани Рӯзи модар ва ҷашни фархундаи Наврӯз дар кишвари зебову офтобии мо рамзи нек аст.
Маҳмадтоир Зокирзода ҳамчунин афзуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз аз нахустин рӯзҳои расидан ба Истиқлолияти давлатӣ ба масъалаҳои марбут ба занон эътибори махсус дода, бо мақсади баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои онҳо кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва вусъат додани имконоти иштироки фаъоли занҳоро дар тамоми бахшҳои ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодию фарҳангии кишвар тариқи ба тасвиб расонидани санадҳои меъёрии ҳуқуқии  алоҳида муқаррар намуд, ки нахустин ибтикорот дар миёни ҷумҳуриҳои тозаистиқлоли ҳудуди Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мебошад.

Шоистаи таъкид аст, ки дар натиҷаи таваҷҷуҳ ва дастгириҳои бевоситаю пайвастаи Пешвои муаззами миллат солҳои охир теъдоди занони мутахассису соҳибтаҷриба дар ҳама шохаҳои ҳокимияти давлатӣ – мақомоти олии қонунгузор, ҳокимияти иҷроия, судӣ ва дигар сохтору мақомоти давлативу ҷамъиятӣ ба таври назаррас афзоиш ёфт. Ва имрӯзҳо мо нақши барҷастаи онҳоро дар рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла қонунгузорӣ, баръало мушоҳида мекунем.
Мувофиқи натиҷаҳои интихоботи соли 2020 ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ 8 нафар занон ё 26 фоиз ва Маҷлиси намояндагон 15 нафар ё 24 фоиз интихоб шуданд, ки теъдодашон нисбат ба интихоботи даъвати гузашта зиёд мебошад.
Инчунин қайд кардан бамаврид аст, ки ба ҳолати якуми январи соли 2021 аз шумораи умумии 19 ҳазору 210 нафар хизматчиёни давлатӣ, бештар аз 4 ҳазору 485 нафар, ё худ дар маҷмӯъ 24 фоизро занон ташкил медиҳанд.
Тавре аз суханрониҳои Пешвои муаззами миллат бармеояд, саҳми занон дар рушди соҳаҳои илму маориф ва тандурустии мамлакат торафт афзуда истодааст. Имрӯз дар соҳаи маорифи кишвар 73 фоиз ва тандурустиву ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ қариб 68 фоизро занону бонувон ташкил медиҳанд.
Раиси парлумони касбии мамлакат махсусун таъкид намуданд, ки Тавре аз суханрониҳои Пешвои муаззами миллат бармеояд, саҳми занон дар рушди соҳаҳои илму маориф ва тандурустии мамлакат торафт афзуда истодааст. Имрӯз дар соҳаи маорифи кишвар 73 фоиз ва тандурустиву ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ қариб 68 фоизро занону бонувон ташкил медиҳанд.
Фаъолияти бонувон дар соҳаи кишоварзӣ ва рушди иқтисодиёти кишвар низ назаррас буда, ҳоло шумораи як худи роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ аз ҳисоби занон ба 35 ҳазору 600 нафар ва занони соҳибкор ба 77 ҳазору 400 нафар расидааст.
Дар ин раванд Пешвои миллат зимни ироаи Паёми хеш 26 январи соли равон бо қаноатмандӣ зикр намуданд, ки Ҳукумати мамлакат ташаббусҳои занону бонувони кишварро минбаъд низ дастгирӣ карда, ба хотири ҷалби бештари онҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда тадбирҳои иловагиро амалӣ мегардонад.

Бо ин ҳадаф дар назди Кумитаи кор бо занон ва оила вазифа гузошта шуд, ки лоиҳаи қарори Ҳукумати мамлакатро дар бораи «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2030» ва нақшаи амалисозии онро барои солҳои 2021 – 2025 таҳия ва пешниҳод намояд.
Ниҳоят, дар фарҷоми сухан таманно менамоям, ки Худо кунад дар оилаву ҷомеаи мо ба мисли Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – фарзандони поксиришту накукор, адолатпешаву ғамхор, ҳақталошу ташаббускор, далеру шуҷоъ ва ватандӯсту ватанпарвар бештар тавлид ёбанд,-гуфт дар анҷоми баромадаш Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода.
Дар ҳамоиш ҳамчунин вакилони Маҷлиси намояндагон баромад намуда, бонувони парлумонро ба муносибати таҷлили «Рӯзи модар» табрик намуданд.

Илова кунед