Мулоқоти вакилон дар реҷаи фосилавӣ баргузор гардид

09 Март 2021, Сешанбе

Имрӯз вакилони Маҷлиси намояндагон-Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Сумангул Тағойзода, Солеҳа Холмаҳмадзода ва Сайҷаъфар Усмонзода дар кори конфронси баӣналмилалӣ дар мавзӯи «Сиёсат, барномаҳо ва таҷрибаҳои бомуваффақият; аз нав дида баромадани қонунҳо, тавонмандсозии оилаҳо ва динамизми ҳаракатҳои иқтисодӣ», ки дар реҷаи фосилавӣ (онлайн) дар Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуданд.  
Конференсияи мазкур бо ташаббуси Парлумони Эрон ва Ассамблеяи парлумонии Осиё баргузор гардида, дар кори он намояндагони парлумонҳои кишварҳои  Афғонистон,  Озарбоӣҷон,  Камбодҷа, Кипр, Аморати Муттаҳидаи Араб,  Индонезия, Қазоқистон,  Ливан, Омон, Покистон, Филиппин,  Қатар, Руссия, Тоҷикистон, Таӣланд, Туркманистон, Ветнам ва Йаман иштирок намуданд.

Иштирокчиёни конференсия дар баромади худ иброз намуданд, ки камбизоатӣ, бекорӣ, нобаробарии иҷтимоӣ, тақсимоти синфӣ ва шаклҳои тағирёбандаи муносибатҳо ва ҳамкориҳо ва тағирёбии шаклҳои истеъмол дар замони муосир маъмулӣ ба ҳисоб мераванд. Қабули ҳама гуна идоракунии фарҳангӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва нақшаҳо ва сиёсатҳои стратегӣ (дар сатҳҳои микро ва макро) метавонад ба тақсимоти дурусти захираҳо ва маблағҳо мусоидат кунад ва аз ин рӯ, мушкилоти иқтисодиро бартараф кунад.
Аз ин нуқтаи назар, се мафҳум: «занон», «оила» ва «иқтисодиёт» мафҳуми ҳалкунанда мебошанд ва барои инъикос ва мубодилаи афкор дар байни фраксияҳои занон дар парламентҳои кишварҳои Осиё дар шакли вохӯрии виртуалӣ дар мавзӯи “Занон” Оила» ва «иқтисодиёт» нақши муҳимро мебозад.  Бешубҳа, оила ҳамчун ниҳоди асосӣ ва устувори иҷтимоӣ дар муттаҳидии ҷомеаҳо, инчунин дар ҳамбастагӣ ва ҳамгироии корҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии онҳо нақши хеле муҳим дорад. "Иқтисоди оилавӣ" ин ҷудо кардани захираҳои маҳдуд ба эҳтиёҷоти муҳимтарин, аз ҷумла барои эҳтиёҷоти оила мебошад.
Иштирокчиёни конференсияи мазкур дар фарҷом аз рӯи  масъалаҳои баррасӣ гардида қарорҳои дахлдор қабул намуданд.

Илова кунед