Неругоҳи барқии обии Норак таҷдиду азнавсозӣ мегардад

09 Март 2021, Сешанбе

“Созишнома оид ба маблағгузорӣ (Лоиҳаи барқарорсозии неругоҳи барқи обии Норак, марҳилаи II) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд” 3 декабри соли 2020 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст ва аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Ҳадафи лоиҳа барқарор ва зиёд намудани иқтидори истеҳсолии 6 гидроагрегати Неругоҳи барқии обии Норак ва баланд бардоштани самаранокии онҳо мебошад”.
Ин матлабро  Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Файзулло Машраб зимни баррасии “Созишнома оид ба маблағгузорӣ (Лоиҳаи барқарорсозии неругоҳи барқи обии Норак, марҳилаи II) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд” дар ҷаласаи Шурои Маҷлиси намояндагон, ки имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода баргузор гардид, баён  намуд.
Дар ҷаласаи Шуро ҳамчунин таъкид карда шуд, ки Неругоҳи барқии обии Норак солҳои 70-уми асри гузашта сохта ба истифода дода шуда, айни замон таҷҳизоти он куҳнаву фарсуда гашта, ниёз ба таҷдиду азнавсозӣ доранд. Дар робита ба ин, бо дастгирии молиявии Бонки Умумиҷаҳонӣ ва ҷалби ширкати мушовирии «Tractebel Engineering S.A.» (Фаронса) давоми солҳои 2015-2016 Асосноккунии техникӣ-иқтисодии лоиҳаи таҷдиди неругоҳи барқи обии Норак ва таъмини бехатарии садди он омода карда шудааст.
Марҳилаи якуми лоиҳа аз 3 қисм – иваз намудани 3 адад агрегат ва таҷҳизоти ёрирасони онҳо, иваз намудани автотрансформаторҳо (6 адад автотрансформаторҳои якфазаи 220/500 кВ) ва таъмини бехатарии  садд иборат буда, муҳлати татбиқи он давоми 5 сол (солҳои 2019-2023) пешбинӣ гардидааст.
То имрўз барои маблағгузории марҳилаи якуми лоиҳа   326,9 млн. доллари амрикоӣ ҷалб гардидааст, ки аз он 169,1 млн. доллар қарз ва 57,8 млн. доллар гранти Бонки Умумиҷаҳонӣ, ки 60,0 млн. доллар қарзи Бонки Осиёгии Сармоягузориҳои Инфрасохторӣ ва 40,0 млн. доллар қарзи Бонки Авруосиёии Рушд мебошад.
Марҳилаи дуюми лоиҳа таҷдиди 6 агрегати боқимонда ва таъмири асосии қисмҳои обгузари гидротурбинаҳо, иваз намудани  трансформаторҳои баландкунандаи шиддат, иваз намудани дастгоҳи тақсимкунандаи 6 кВ дар толори мошинҳо ва механизмҳои борбардор бо тавоноии 360 т. ва дигар таҷҳизоти зарурии ёрирасонро дарбар гирифта, он давоми 5 сол (солҳои 2024-2028) бо арзиши 148,6 млн. доллар татбиқ хоҳад гардид.
Ҳаҷми маблағи ҷалбшуда барои марҳилаи дуюми  лоиҳа 36,5 млн. ҳуқуқи махсуси қарзгирӣ (бо эквиваленти 50,0 млн. доллари амрикоӣ)-ро ташкил медиҳад, ки пурра аз ҳисоби маблағҳои грантии Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд маблағгузорӣ мегардад.
Созишнома ба моддаи 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқ мебошад.

Илова кунед