Муҳокимаи 10 санади меъёрию ҳуқуқӣ дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон

08 Апрел 2020, Чоршанбе

Имрӯз ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум, таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода  баргузор гардид.
Дар ҷаласа 10 масъала: Созишномаи маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд оид ба Лоиҳаи фавқулодаи муқовимат ба вируси COVID-19 дар Тоҷикистон; Ёддошти тафоҳум байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати тавсеаи манобеи об ва неруи Эрон ба намояндагӣ аз Вазорати неруи Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба анҷоми марҳилаи дуюми лоиҳаи нақби «Истиқлол» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути иҷрои корҳои лоиҳакашӣ, харидорӣ ва васлу насби системаҳои ҳавотозакунӣ, рӯшноӣ, назорати бехатарӣ ва оташхомӯшкунӣ; Созишнома оид ба гранти Фонди бисёрдонораи мақсаднок байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки Байналмилалии Таҷдид ва Рушд ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд оид ба «СASA 1000 лоиҳаи дастгирии ҷомеа»; Созишномаи маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд оид ба «СASA 1000 лоиҳаи дастгирии ҷомеа»; Созишнома оид ба маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд оид ба лоиҳаи «Электрификатсияи деҳот»; Созишномаи грантӣ байни Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Азнавсозии Неругоҳи барқи обии Қайроққум бо мақсади баланд бардоштани устуворӣ ба тағйирёбии иқлим»;  лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ»; лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гарави молу мулки манқул ва бақайдгирии уҳдадориҳои таъминшуда»;  лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он» ва  лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Зимни баррасии Созишномаи маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд оид ба Лоиҳаи фавқулодаи муқовимат ба вируси COVID-19 дар Тоҷикистон,  вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимзода Насим ва раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Холиқзода Ҳоким баромад намуда, иброз намуданд, ки Созишномаи маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд оид ба Лоиҳаи фавқулодаи муқовимат ба вируси COVID-19 дар Тоҷикистон, ки 3 апрели соли 2020 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст ва аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда, мақсади Созишнома қабл аз ҳама пешгирӣ, муайян ва чораҷӯӣ ба таҳдиди сирояти нави Короновирус COVID-19 ва тақвият додани низомҳои миллӣ барои таъмини омодагии низоми тандурустии ҷамъиятӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Арзиши умумии лоиҳаи мазкур 11,3 млн. доллари амрикоиро ташкил медиҳад, ки он аз ҳисоби маблағҳои грантии Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд маблағгузорӣ мегардад.
Вобаста ба масъалаи дуюми рӯзнома – Ёддошти тафоҳум байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати тавсеаи манобеи об ва неруи Эрон ба намояндагӣ аз Вазорати неруи Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба анҷоми марҳилаи дуюми лоиҳаи нақби «Истиқлол» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  тавассути иҷрои корҳои лоиҳакашӣ, харидорӣ ва васлу насби системаҳои ҳавотозакунӣ, рӯшноӣ, назорати бехатарӣ ва оташхомӯшкуниро ба вакилони мардумӣ вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёрзода Худоёр ва вакили мардумӣ  Акрамзода Баҳодур муарифӣ намуда, таъкид намуданд, ки нақби мазкур аз лиҳози сиёсӣ, иқтисодӣ ва молиявӣ пеш аз ҳама барои рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фароҳам овардани шароити мусоид, аз ҷумла кам кардани фосилаи вақт ва ҳаракати бе мамоният ва бехатари воситаҳои нақлиёт дар тамоми фаслҳои сол тариқи нақб барои интиқоли мусофирон, мол ва маҳсулоти ниёзи мардум аз минтақаи шимоли кишвар ба минтақаҳои марказӣ, ҷанубӣ, ғарбӣ, шарқӣ бо камтарин хароҷот ва инчунин баръакс, аҳамияти муҳими стратегӣ дорад. Бинобар ин ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки корҳои мазкурро бо маблағгузории баробар (50% саҳми ҷониби эронӣ тариқи грант ва 50% саҳми ҷониби тоҷикистонӣ) анҷом медиҳанд.
Чаҳор масъалаи дигар - Созишнома оид ба гранти Фонди бисёрдонораи мақсаднок байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки Байналмилалии Таҷдид ва Рушдва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд оид ба «СASA 1000 лоиҳаи дастгирии ҷомеа», Созишномаи маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд оид ба «СASA 1000 лоиҳаи дастгирии ҷомеа»,  Созишнома оид ба маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд оид ба лоиҳаи «Электрификатсияи деҳот», Созишномаи грантӣ байни Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Азнавсозии Неругоҳи барқи обии Қайроққум бо мақсади баланд бардоштани устуворӣ ба тағйирёбии иқлим»-ро ба вакилони мардумӣ  вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин, раиси Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» Исмоилзода Мирзо, вакилони мардумӣ Музафарҷон Маҳмудов, Гиёзода Азиз ва Файзуллоев Машраб муаррифӣ ва моҳиятан шарҳ доданд, ки масъалаҳои мазкур аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагон ба тасвиб расиданд.
Бо чунин тартиб дар иҷлосия лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гарави молу мулки манқул ва бақайдгирии уҳдадориҳои таъминшуда»,  лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он» ва  лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ»-ро ба вакилони Маҷлиси намояндагон раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрализода Фаррух, раиси Бонки миллии Тоҷикистон Нурмаҳмадзода Ҷамшед, сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Идрисзода Илёс, директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Дилмурод, раиси Комиссияи Маҷлиси намояндагон оид ба назорати Дастур ва ташкили кор Муртазозода Ҷамшед, вакилони мардумӣ  Назирӣ Гулбаҳор, Ашурзода Гулбаҳор, раиси Комиссияи Маҷлиси намояндагон оид ба назорати Дастур ва ташкили кор Муртазозода Ҷамшед муаррифӣ намуданд.
Баъди муҳокимарониву баррасиҳои зиёд вакилони Маҷлиси намояндагон аз рӯи ҳамаи масъалаҳои баррасӣ гардида қарорҳои дахлдор қабул намуданд.

Илова кунед