Иҷлосияи Маҷлиси намояндагон баргузор гардид

11 Март 2021, Панҷшанбе

Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум, ки имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода баргузор гардид Созишнома оид ба маблағгузорӣ (Лоиҳаи барқарорсозии неругоҳи барқи обии Норак, марҳилаи II) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд“, лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2020, «Оид ба тасдиқи сохтор, басти вазифаҳо ва сметаи ягонаи даромад ва хароҷоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021»-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Зимни баррасии Созишномаи мазкур вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва вакили мардумӣ Ғиёсиддин Маҳмуродзода иброз намуданд, ки санади мазкур моҳи декабри соли 2020 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст.
Ҳадафи лоиҳа барқарор ва зиёд намудани иқтидори истеҳсолии 6 гидроагрегати НБО-и  “Норак” ва баланд бардоштани самаранокии онҳо мебошад.
Дар ҷаласа зикр гардид, ки НБО-и “Норак” солҳои 70-уми асри гузашта ба истифода дода шуда, айни замон таҷҳизоти он кӯҳнаву фарсуда гашта, ниёз ба таҷдиду навсозӣ доранд. Дар робита ба ин, бо дастгирии молиявии Бонки ҷаҳонӣ ва ҷалби ширкати мушовирии «Tractebel Engineering S.A.» солҳои 2015-2016 Асосноккунии техникӣ-иқтисодии лоиҳаи таҷдиди Неругоҳи барқи обии “Норак”  ва таъмини бехатарии садди он омода карда шудааст.
Марҳилаи якуми лоиҳа аз 3 қисм – иваз намудани 3 адад агрегат ва таҷҳизоти ёрирасони онҳо, иваз намудани автотрансформаторҳо (6 адад автотрансформаторҳои якфазаи 220/500 кВ) ва таъмини бехатарии  садд иборат буда, муҳлати татбиқи он давоми 5 сол (солҳои 2019-2023) пешбинӣ гардидааст.
То имрӯз барои маблағгузории марҳилаи якуми лоиҳа   326,9 млн. доллари амрикоӣ ҷалб гардидааст, ки аз он 169,1 млн. доллар қарз ва 57,8 млн. доллар гранти Бонки ҷаҳонӣ, ки 60,0 млн. доллар қарзи Бонки Осиёии Сармоягузориҳои Инфрасохторӣ ва 40,0 млн. доллар қарзи Бонки Авруосиёии Рушд мебошад.
Марҳилаи дуюми лоиҳа таҷдиди 6 агрегати боқимонда ва таъмири асосии қисмҳои обгузари гидротурбинаҳо, иваз намудани  трансформаторҳои баландкунандаи шиддат, иваз намудани дастгоҳи тақсимкунандаи 6 кВ дар толори мошинҳо ва механизмҳои борбардор бо тавоноии 360 т. ва дигар таҷҳизоти зарурии ёрирасонро дар бар гирифта, давоми 5 сол (солҳои 2024-2028) бо арзиши 148,6 млн. доллар татбиқ хоҳад гардид.


Илова кунед