Маҳмадтоир Зокирзода рузноманигоронро табрик намуд

11 Март 2021, Панҷшанбе

“Вохӯрии имрӯзаи мо бо рӯзноманигорон ва намояндагони расонаҳои гуногуни давлатӣ ва ғайридавлатӣ, ки аз онҳо ҳамчун хабарнигорони парлумонӣ ном бурда мешавад, дар рӯзи таҷлили матбуоти тоҷик сурат мегирад. Аз ин рӯ, бо истифода аз ин фурсати муносиб ман ва аз номи вакилони Маҷлиси намояндагон ҳамаи Шумо ва дар симои Шумо тамоми рӯзноманигронро ба иди касбиашон – рӯзи матбуоти тоҷик самимона табрик гуфта, бароятон саломативу сарбаландӣ, саодати рӯзгор, хонаи обод ва дар касби интихобнамудаатон барору комёбӣ таманно дорам”.
Ин матлабро  Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум, ки имрӯз баргузор гардид, баён  намуд.
Маҳмадтоир Зокирзода ҳамчунин иброз намуд, ки шоистаи таъкид аст, ки саҳми воситаҳои ахбори омма, дар муаррифии дастовардҳои кишвари тозаистиқлоламон арзанда буда, ҳамчун омили пешбарандаи ҷомеа дар таҳкими пояҳои давлатдории миллиамон нақши муҳим дорад.
Бо қаноатманди иброз менамоям, ки рӯзноманигорони арҷманд дар тарғибу ташвиқ ва инъикоси фаъолияти ҳокимияти олии қонунгузор ва намояндагии кишвар низ бетараф набуда, ҳамкориҳои судмандро ба роҳ мондаанд.
Тавре иттилоъ доред, ҳамасола ҷомеаи рӯзноманигори тоҷик иди касбии худро рӯзи 11-уми март таҷлил менамоянд.
Аслан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 1995-ум  «11-уми март» ҳамчун рӯзи нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ - «Бухорои шариф» таҷлил мегардид.
Бо ибтикор ва ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 1995 аз ҷониби Парламенти кишвар ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйиру иловаҳо ворид карда шуда, 11-уми март Рӯзи матбуоти тоҷик унвон гирифтаст ва аз ҳамон сол инҷониб дар саросари кишвар расман ҷашн гирифта мешавад.
Маҳмадтоир Зокирзода ҳамчунин таъкид намуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон озодии баён таъмин буда, фаъолияти васоити ахбори омма дар асоси Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма», «Дар  бораи телевизион ва радиошунавонӣ», «Дар бораи табъу нашр», «Дар бораи иттилоотонӣ», «Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот», «Дар бораи ҳифзи иттилоот», «Дар бораи реклама» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ танзим карда мешавад.
Бояд иброз намуд, ки имрӯз мардум ба матбуот назари нек доранд.
Бо шарофати истиқлолият низоми фаъолияти матбуот низ дигаргун шудааст. Имрӯз метавон гуфт, ки матбуоти даврии тоҷик дар таъмини фазои иттилоотӣ, сиёсӣ, маънавӣ ва фарҳангии ҷомеа нақши муҳим дорад.
“-Бори дигар бо истифода аз фурсати муносиб, дар симои Шумо – намояндагони воситаҳои ахбори оммае, ки ҳоло дар толор ҳузур доред, тамоми рӯзноманигорони кишварро бахшида ба «Рӯзи матбуоти тоҷик» самимона табрик гуфта, умедворем, ки минбаъд низ бо ҳисси садоқату ватандӯстӣ ба ободии диёр ва инъикоси кору фаъолияти Парламенти касбии кишвар саҳми созгор мегузоред”-гуфт дар фарҷоми мулоқот Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода.

Илова кунед