Наврӯзи бузург омад

12 Март 2021, Ҷумъа

Бо фарорасии арӯси сол - баӽори гулбасару  атрогину гулфишон  ва оғози кишту кори деӽқони ризқрасон  сардиву сахтиӽо дур гашта, табиат аз нав зинда мегардад, шабу рӯз баробар   шуда, замин қабои сабз ба бар мекунад, гулӽо мешукуфанд. Тавре устод Бозор Собир нигоштааст:
 
Дигар аз шиддати сармо макун бим,
Ки рӯзу шаб баробар гашт тақсим.
Ба санге пешпоӣ мехӯрӣ гар,
Ба гулҳо мекунӣ ин лаҳза таъзим.
 
Наврӯз  бо  нафаси тозаву  муаттару муборакаш  дар  дили  мо тухми сериву пурӣ, фараӽу  шодмонӣ ва хайру эӽсон мекорад, моро ба якдиливу муттаҳидӣ даъват намуда, дарси меҳнатқариниву зебоипарастӣ меомӯзад. Боди форами диловезаш сару рӯи моро сила менамояд, ба дилу ҷонамон ӽузуру ӽаловат мебахшад. Борон гарму нармак меборад, ғубору гарди зимистонро аз дарахтон мешӯяд.
Дар ин лаҳза чеҳраҳои пиру барно аз фараҳу шодӣ лабрез аст.   Аз хандаву чеӽраи ӽар гулу гиёӽу сангу хору дору дарахтон ва ишваву нозу қаӽ-қаӽаи  гулдухтарон пайдову ӽувайдост, ки Тоҷикистон воқеан ӽам ватани Наврӯз аст. Дар арафаи ин ҷашни худшиносӣ ва бедории миллӣ миллати меӽнатқарину зафарманди  тоҷик  натанӽо хонаву дари худ, кӯчаву гулгашту хиёбонро тозаву озода   менамояд, асбобу анҷоми корношоямро дур месозад, ба замин донаи умед кишт менамояд, корӽои деӽқониро ривоҷ мебахшад, балки    вуҷуди худро низ пок менамояд.
 
Хонаҳоямро такидам
Аз ғубори солиёнӣ,
Шонаҳоямро такидам
Аз фишори зиндагонӣ.
Дудаҳоро аз дару деворҳо чидам,
Зарфҳоямро нигаҳ кардам,
Ҳар чи буд бедаста, дур андохтам,
Ҳар чи ноқис буд, бурун андохтам;
Чунки Наврӯзи Аҷам омад,
Аз Аҷам, аз Тахти Ҷам омад.
(Бозор Собир)
 
Ҳамчунин, ривоҷу оммавигардонии варзиш, гузаронидани чорабиниӽои гуногуни фарӽангиву маърифатӣ,  афрохтани оташ ва рақсу бозӣ кардан  дар гирди он, байтбараку аловпарак  низ аз ҷузъӽои муӽими  ин ҷашни руӽафзост.
Дар асоси маълумоти сарчашмаҳои таърихӣ пайдоиши  ин ҷашни накӯ ба замонӽои хеле қадим рост омада, таърихи беш аз шашӽазорсола дорад. Ниёгони некноми мо ин ҷашни муқаддасро ӽамеша ӽифз намуда, гиромӣ медоштанд. Сарвари давлат, Пешвои  муазами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд: “Наврӯз барои миллати тоҷик китоби сарнавишт буда, ниёгони мо ҳатто дар давраҳои мушкилтарини таърихӣ ин ҷашни муқаддас ва хуҷастаи худро ҳимоят мекарданд ва бо Наврӯз дубора зинда мешуданд. Наврӯз ҳамчун ҷавҳари тобнок ва нишонии ҷовидонаи халқи тоҷик ҳамеша нигоҳдорандаи марзу бум, забон, расму оин, фарҳангу таърих ва ниҳоят Ватан будааст”.
Абӯрайҳон Берунӣ  менигорад: «Сабаби   ин рӯзро Наврӯз    ном ниҳодан  он будааст,  ки дар айёми Таҳумарс  собиа ошкор шуданд. Ва чун Ҷамшед ба подшоҳӣ расид, динро аз нав кард. Ва ин кори хеле бузург ба назар омад ва он рӯзро, ки рӯзи тозае буд, Ҷамшед ид гирифт, агарчи пеш аз ин ҳам Наврӯз бузургу муаззам буд». 
Умари Хайём  овардааст:  «Сабаби ниҳодани Наврӯз он будааст, ки чун бидонистанд, ки Офтобро ду давр  бувад,  яке он ки ҳар сесаду шасту панҷ рӯз рубъе аз шабонарӯз ба аввали дақиқаи Ҳамал боз ояд ба ҳамон вақту рӯз, ки рафта буд, бад-ин дақиқа набитвонад омадан, чи ҳар сол муддат ҳаме кам шавад. Ва чун Ҷамшед он рӯзро дарёфт, Наврӯз ном ниҳод ва ҷашн  ойин овард.  Ва пас  аз ин подшоҳон ва дигар мардумон бад-ӯ иқтидоъ карданд».
Устод  Абулқосим Фирдавсӣ   мегӯяд:
 
Ба фарри каёнӣ яке тахт сохт,
Чӣ моя бад-ӯ гавҳар андар шинохт.
Чу хуршеди тобон миёни ҳаво,
Нишаста бар ӯ шоҳи фармонраво,
Ҷаҳон анҷуман шуд бари тахти ӯй,
 Фурӯ монд аз фарраи бахти ӯй.
Ба Ҷамшед  бар гавҳар афшонданд,
Мар он рӯзро рӯзи нав хонданд.
 
Чун Наврӯз ҷашни озода ва озодагон буда, мазмуну моҳияти он низ покиву озодагист   домони таҷлили он   сол аз сол паҳну васеътар гашта, қавму халқиятӽои гуногунзабону гуногунфарӽангу гуногундину гуногунмазӽабро ба ӽам пайваста, ба некиву некукорӣ, сулӽу ваӽдат, ободкориву созандагӣ ӽидоят мекунад ва нақши худро дар болобурди таъриху фарҳанги башарият қавитар менамояд.
Боиси фахру фараӽмандист, ки  бо саъю талошӽои Асосгузори сулӽу ваӽдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон23 феврали соли 2010 дар иҷлосияи 64-уми Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони “Фарҳанги ҷаҳон” ба ин ҷашни фархунда-Наврӯзи  оламафрӯз  расман мақоми байналмилалӣ дода шуд.
Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ ҷашни Наврӯз ба иди ҳақиқии созандагиву бунёдкорӣ табдил ёфтааст. Маданияти коркарду истифодабарии   замину об  боло рафта, деӽқонон  аз тухмиӽои хушсифат бештар истифода намуда,  аз як замин ду-се ӽосил ба даст мегиранд. Бо маӽсулоти тозаву хушсифати ватанӣ  тамоми сол аӽолии кишвар таъминанд. Рушди боғу токпарварӣ низ бараъло ба чашм мерасад. Рӯз то рӯз дар саросари кишвари азизамон хонаӽои бисёрқабата, иншооти фарҳангиву маишӣ ва корхонаӽои хурду бузурги истеӽсолӣ қомат афрохта,  моро барои ноил шудан ба ӽадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии кишвар боз ӽам наздик менамояд. Ба куҷое назар нанамоӣ ободкориву созандагӣ ба чашм мехурад, дил аз фараӽу шодӣ  лабрез мешавад.
Наврӯз ба хонадони ӽар кадоми мо шодиву сурур меорад.Тамоми тантанаӽои идона бо риояи Қонуни Ҷумӽурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумӽурии Тоҷикистон» баргузор мегардад.
Дар омода намудани таому дигар хӯришӽо аз гулу гиёӽӽои баӽорӣ фаровон истифода мешавад.  Рамзи асосии ин ҷашни рӯӽафзо  суманак аст, ки меӽнату заӽмати хеле зиёдро  талаб мекунад ва дастархони идонаро зебу фари хоса медиӽад. Устод Бозор Собир  навиштааст:
               
Сабз кардам як табақ гандум,
Рамзи сарсабзии мардум,
Неъмати пешонии сол,
Пеш аз пешомадаш фол;
Чунки Наврӯзи Бузург омад,
Рӯзи нав, рӯзи бузург омад.
 
Файзулло Наҷмиддиниён,
вакили Маҷлиси намояндагони  
Маҷлиси Олии Ҷумӽурии Тоҷикистон

Илова кунед