Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи ҳалли масоили глобалӣ.

15 Март 2021, Душанбе

Муаммои марбут ба таъминоти оби тоза сол ба сол барои тамоми башарият аҳамияти бештар пайдо менамояд. Зеро он ҷанбаҳои гуногун, аз ҷумла ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва экологӣ дошта, ба тамоми мамлакатҳо ва минтақаҳои ҷаҳон дахл дорад. Масъалаи оби тоза ва мушкилоти вобаста ба он аз зумраи он масоили мубраме мебошад, ки вобаста ба аҳамияти гуногунпаҳлӯи худ дар ҳаёти ҷомеаи ҷаҳонӣ дар мадди назари доимии сиёсати хориҷии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Бо назардошти маҷмӯи масъалаҳое, ки тайи чанд даҳсолаи охир дар иртибот ба коҳиши захираҳои обӣ, афзоиши истеъмоли он, тағйироти иқлим ва дигар омилҳо дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ мушоҳида мегарданд, Сарвари Тоҷикистон кӯшиш менамоянд таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳониро ҷиҳати ҳалли саривақтии онҳо ҷалб созад. Дар ин замина қобили тазаккур аст, ки ин ибтикорҳо дар доираи созмонҳо ва ҳамоишҳои мухталифи минтақавию байналмилалӣ ҳамовозии самимона пайдо намудаанд. Хусусан аз ҷониби Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул шудани қатъномаҳо оид ба эълони «Соли байналмилалии оби тоза, соли 2003», «Даҳсолаи амалиёти байналмилалии «Об барои ҳаёт», солҳои 2005-2015», Даҳсолаи амалиёти байналмилалии «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028»дастоварди бузурги сиёсати хориҷии кишвари моро таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишон медиҳад. Оғози ибтикорҳои созанда. Моҳи сентябри соли 1999 дар иҷлосияи 54-уми Маҷмааи Умумии СММ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор намуд, ки вақти он расидааст, то «таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳон ба проблемаҳои оби тоза ва масъалаҳои ба он вобаста ҷалб карда шавад» ва «Тоҷикистон бо ин мақсад пешниҳод менамояд, ки соли 2003 соли байналхалқии об эълон карда шавад».
Аз нигоҳи Сарвари Тоҷикистон муҳимтарин омиле, ки зарурати ба маърази таваҷҷӯҳи аҳли олам баровардани масъалаи оби тозаро тақозо менамояд, маҳдуд будани захираҳои он мебошад, ки дар маҷмӯъ бо афзоиши аҳолии сайёра, фаъолияти иқтисодии инсоният, истифодаи ғайриоқилонаи захираҳои обӣ ва тағйирёбии иқлим ба пайдоиши силсилаи мушкилоти глобалӣ сабаб гаштааст. Бо назардошти ин нукта Сарвари Тоҷикистон пеш аз ҳама ба ҷанбаҳои гуманитарии масъала ишора намуда, таъкид сохтанд, ки «ин ташаббуси мо ба хавфи муташанниҷ гардидани вазъияте вобаста мебошад, ки миллиардҳо одамон аз истеъмоли оби тоза маҳруманд»
 Аз рӯи маълумоти Созмони Милали Муттаҳид, ки соли 2009 дар Форуми панҷуми байналмилалии об муаррифӣ шуда буд,истеъмоли оби тоза дар давоми 50 соли охир 3 баробар зиёд шудааст.Дар минтақаҳои васеи ҷаҳони рушдёбанда то ҳол ба оби нӯшокии безарар дастрасии нобаробар боқӣ монда, имкониятҳои технологии поксозии об барои истеҳсоли маҳсулоти озуқа, инчунин коркарди оби истифодашуда маҳдуд мебошанд. Дар ин ҷода ибтикороти Пешвои миллат дар масоили марбут ба об дар ҷаҳон бузурганд.
Соли 2016 бо Қатъномаи СММ ва ҷонибдории беш аз 190 кишвари ҷаҳон қабул гардидани ташаббуси нави башардӯстонаи Пешвои миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон намудани Даҳсолаи байналмилалии “Об барои рушди устувор, 2018-2028” мақому манзалати Тоҷикистон ва обрӯю шуҳрати мардуми сарбаланди онро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам бештар гардонид.
Ҳанӯз, моҳи марти соли 2016 собиқ Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун ва Президенти Бонки ҷаҳонӣ Ҷим Ёнг Ким бо ирсоли нома аз интихоб ва пазируфта шудани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба узвияти “Панели сатҳи баланд роҷеъ ба об” хабар доданд. Қарор дар бораи таъсиси Панели мазкур бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як қатор кишварҳои аъзои СММ моҳи сентябри соли 2015 дар Маҷмаи умумии СММ дар доираи 17 Ҳадафи Рушди Устувор ҳамчун идомаи талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар самти татбиқи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола қабул гардида буд. Боиси ифтихору сарфарозӣ аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ саҳму ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар масъалаҳои ҷаҳонии об қадрдонӣ карда, ӯро аз байни роҳбарони 193 кишвари аъзои СММ ба Панели сатҳи баланди 15-нафара, ки ҳама роҳбарони кишварҳои ташаббускор дар масъалаҳои об мебошанд, интихоб намуд. Узвияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва аъзои дигари ин панел аз моҳи январи соли 2016 оғоз ёфта, ду сол идома хоҳад намуд.
Ба узвияти ин панели сатҳи баланд пазируфта шудани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон боз як далели пешсафии давлати мо ва Пешвои миллат дар ҳаллу фасли масоили ҷаҳонии об ва дар таҳкими эътибори байналмилалии Тоҷикистон аст.
Дар идомаи ташаббускорӣ дар ҳалли масоили мубрами байналмилалии вобаста ба об моҳи августи соли 2016 дар пойтахти мамлакат- шаҳри Душанбе бо дастгирӣ ва ҳидоятҳои бевоситаи Сарвари давлат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Симпозиуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Ҳадафи шашуми рушди устувор таҳти унвони “Таъмини дастрасии умум ба об ва беҳдошт” баргузор гардид, ки дар кори он зиёда аз 700 нафар намояндаи воломақом аз 90 кишвари олам, 47 ташкилоти байналмилалӣ ва минтақавӣ, ба монанди СММ ва 17 сохтору ниҳоди зертобеи он, Созмони ҳамкории Шанхай, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Бонки ҷаҳонӣ, Салиби Сурх ва дигарон иштирок намуданд. Моҳи ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кори Саммити оби Будапешт дар Венгрия иштирок ва бо нутқи пурмуҳтаво суханронӣ карда, таваҷҷуҳи ҷомеи ҷаҳониро бори дигар ба масоили доғи рӯз, яъне ҳалли саривақтии мушкилоти марбут ба об дар сайёра ҷалб сохтанд.
21 декабри соли 2016  Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо Қатъномаи худ Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор”, 2018-2028-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, қабул намуд. Дар робита ба ин собиқ Дабири кулли СММ Пан Ги Мун ва Раиси Маҷмаи Умумии ин созмони ҷаҳонӣ Питер Томсон бо ирсоли номаи табрикӣ ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти сатҳи олии Тоҷикистон ва мардуми шарафманди тоҷикро бо қабули муваффақонаи қатъномаи «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028 самимона шодбош гуфтанд.
Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 21 декабри соли 2018 қатъномаи «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор 2018-2028»-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, қабул намуд. Дар робита ба ин Раиси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Питер Томсон ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон номаи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст:
«Ҷаноби Олӣ, Бо камоли ифтихор мехостам Шумо ва мардуми Шуморо бо қабули муваффақонаи қатъномаи «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028», ки рӯзи 21 декабри соли 2016 дар Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид сурат гирифт, табрик намоям.
Боварии комил дорам, Даҳсолаи нав, ки ба масъалаҳои рушди устувор ва истифодаи ҳамгироёнаи захираҳои обӣ, аз ҷумла пешбарии ҳамкориҳо ва шарокат дар ҳама самтҳо таваҷҷуҳ дорад, метавонад ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои байналмилалии тасдиқшудаи марбут ба об, бахусус он ҳадафҳое, ки дар Рӯзномаи Рушди Устувори 2030 инъикос шудаанд, мусоидат намояд.
Ҷаноби Олӣ, ин фурсатро ҷиҳати таҷдиди ғояти эҳтиром ғанимат мешуморам».
Санаи 23-юми декабри соли 2016 ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз номи Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид номаи табрикӣ ирсол гардид, ки дар он аз ҷумла омадааст:
“Бо камоли эҳтиром шарафёбам Шуморо ба муносибати ба иттифоқи оро қабул шудани қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид  “Даҳсолаи байналмилалии амал  “Об барои рушди устувор, 2018-2028”, ки аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, самимона табрик намоям. Бовар дорам, ки даҳсолаи нав дар роҳи таҳким ва мусоидат ба татбиқи ҳадафҳои рушди устувори марбут ба захираҳои об саҳми арзишманд хоҳад гузошт. Даҳсолаи мазкур инчунин дар таҳким ва вусъатбахшии дастовардҳои Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои ҳает, 2005-2015" мусоидат менамояд.
Итминон дорам, ки даҳсолаи нав дар амалӣ намудани иқдомҳои дигари марбут ба захираҳои об, аз ҷумла фаъолияти Панели сатҳи баланд оид ба захираҳои об мусоидат карда, дар ҳалли мушкилоти имрӯза ва оянда, ки зимни татбиқи Рӯзномаи рушди устувор то соли 2030 ба миён омада метавонад, нақши назаррас мебозад”. 
Ҳамин тавр, даҳсолаи нави марбут ба масъалаҳои рушди устувор ва истифодаи ҳамгироёнаи захираҳои обӣ, пешбарии ҳамкориҳо ва шарокат дар ҳама самтҳо метавонад ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои байналмилалии тасдиқшудаи марбут ба об, бахусус он ҳадафҳое, ки дар Рӯзномаи Рушди Устувори 2030 инъикос шудаанд, мусоидат менамояд.  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз моҳи апрели соли 2015 дар Форуми ҳафтуми ҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои об дар шаҳри Дэгуи Ҷумҳурии Корея бо назардошти идомаи татбиқи амалии тадбирҳои нақшавӣ дар чаҳорчӯбаи Даҳсолаи байналмилалии «Об барои ҳаёт» ва барои расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор пешниҳод намуданд, ки Даҳсолаи дуюми байналмилалӣ таҳти шиори «Об ба хотири рушди устувор» эълон карда шавад.
Даҳсолаи дуюми байналмилалии амали «Об ба хотири рушди устувор», 2018-2028 ташаббуси чоруми ҷаҳонии ҷониби Тоҷикистон мебошад, ки бо қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ва ҷонибдории давлатҳои аъзои ин созмони муътабар қабул карда мешавад.
Аҳамияти ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон оид ба масоили об.
Таҳлили фаъолияти ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ҷодаи ҳалли масъалаҳои марбут ба об собит месозанд, ки Тоҷикистон ба туфайли ибтикорҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар пешбурди амалҳои фаъолона оид ба истифодаи самаранок ва идораи муштараки захираҳои обӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ воқеан мақоми пешсафиро ишғол менамояд. Аз ҷониби дигар дар иртибот ба хислати муассири масоили марбут ба об, хусусан дар доираи истифодаи захираҳои оби дарёҳои фаромиллӣ, метавон бо боварӣ гуфт, ки ибтикорҳои Сарвари Тоҷикистон ҷиҳати ҳалли масъалаи оби тоза ва мушкилоти марбут ба он, ҳамчун ҷузъи ҷудонопазири дипломатияи превентивӣ баромад мекунанд. Ин ҳолат ба таҳия ва бастани созишномаҳои оқилонаю одилона ва таҳкиму тақвияти ҳамкориҳои дуҷонибаю бисёрҷониба дар минтақаҳои мухталифи ҷаҳон мусоидат хоҳад намуд.
Дар ин қарина Сарвари Тоҷикистон тавонистанд тавассути мавқеи фаъолонаи худ таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба ин масъалаи мубрами рӯз ҷалб намуда, барои дастрасӣ ба пешравии назаррас ҷиҳати дарки ҳамаҷонибаи мушкилоти марбут ба об, инчунин зарурати муттаҳид намудани сайъу кӯшишҳо барои рафъи мусолиматомези онҳо мусоидат намояд.
Ин падидаи бузург дар навбати худ мақому манзалати Ҷумҳурии Тоҷикситонро дар арсаи байналхалқӣ боз ҳам баланд мебардорад.

Азиззода Ғайрат
вакили Маҷлиси намояндагон
Маҷлиси Олии Ҷумӽурии Тоҷикистон

Илова кунед