Мулоқоти вакилони Маҷлиси намояндагон бо интихобкунандагон оғоз гардид

15 Март 2021, Душанбе

Шурӯъ аз имрӯз мувофиқи дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари кории  вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вилоятҳои Хатлону Бадахшону Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ барои мулоқот бо интихобкунандагон оғоз гардид, ки то 25 март идома меёбад.
Дар зарфи 10 рӯз вакилони Маҷлиси намояндагон бо интихобкунандагон мулоқот намуда, роҷеъ ба Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрию ҳуқуқие, ки мақоми олии қонунбарори мамлакат қабул кардааст, сиёсати дохилию хориҷии кишвар, ҳифзи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, ҳимояи истиқлоли давлатӣ ва дастовардҳои халқи Тоҷикистон, рушду ободии Ватани азизамон, беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии мардум, фароҳам овардани шароит барои рӯзгори босаодати халқ, ҳалли мушкилоти глобалии замони муосир, таъмини амнияти минтақа ва ҷаҳон, инчунин баланд бардоштани обрӯю эътибори Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ маълумоти  мукаммал манзур менамоянд.

Илова кунед