Мулоқоти Маҳмадтоир Зокирзода бо Мишел Тарран

15 Март 2021, Душанбе

«-Шуморо ба муносибати оғози расмии фаъолияти дипломатиатон  дар Тоҷикистон самимона табрик мегӯям, ба Шумо барору комёбӣ ва фаъолияти пурсамар дар самти рушди ҳамкориҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Фаронса орзу менамоям.
Итминон медиҳам, ки ҳама иқдомҳо ва ташаббусҳои созандаи Шумо аз ҷониби Парлумон дастгирӣ меёбанд».
Ин матлабро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода имрӯз зимни мулоқоташ бо Сафири фавқуллода ва мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мишел Тарран  баён намуд.
Маҳмадтоир Зокирзода ҳамчунин иброз намуд, ки хусусияти мутақобилан судманди муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ шарти муҳими ба вуҷуд овардани робитаҳои мустаҳками байнидавлатӣ мебошад.
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Фаронса барои иштирок дар кори Конфронси генералии ЮНЕСКО дар моҳи октябри соли 2005 ба рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи фарҳангӣ такони иловагӣ бахшид. Дар доираи сафар Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Фаронса бо иштироки васеи намояндагони аҳли санъату ҳунари тоҷик барпо гардид.  Ҳамзамон  саҳми диаспораи тоҷикон дар Фаронса дар таблиғи арзишҳои фарҳангу санъати қадимаи онҳо, анъана ва урфу одатҳо ва дар маҷмӯъ дар баланд бардоштани обрӯи тоҷикони бурунмарзӣ низ назаррас аст.
Раиси парлумони касбии мамлакат таъкид намуд, ки Тоҷикистон ва Фаронса бояд барои эҷод ва ташкили механизми самарабахши ҳамкорӣ дар шакли Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ саъйҳои иловагӣ ба харҷ диҳанд. Дар баробари ин, бояд форумҳои тиҷорӣ, мизи мудаввар, намоишгоҳҳо ва презентатсияҳо гузаронида шаванд. Ин метавонад ба фаъол гардидани самтҳои афзалиятнок ва умедбахши ҳамкориҳои байни кишварҳо мусоидат намояд.
Миёни Тоҷикистону Фаронса 22 санади ҳамкории дуҷониба имзо шудааст, ки заминаи шартномавӣ-ҳуқуқии муносибатҳои ду давлатро дар соҳаҳои робитаҳои хориҷӣ, иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, маориф, фарҳанг ва илму техника, сайёҳӣ, алоқаи ҳавоӣ, ва ғайра ташкил медиҳад.
Умедворем, ки бо иштироки фаъоли Шумо ин муносибатҳо ба нафъи халқҳои кишварҳоямон босуръат рушд хоҳанд кард. Боварӣ дорам, ки будубоши Шумо дар Тоҷикистон имкон медиҳад, ки бо кишвари мо ва таъриху  фарҳанги бойи он аз наздик шинос шавед,-гуфт дар анҷоми мулоқот Маҳмадтоир Зокирзода.  
Дар мулоқот ҳамчунин таъкид гардид, ки муносибатҳои Тоҷикистон ва Фаронса тамоюли рушди босуръатро доро буда, ба дурнамои дарозмуддат равона гардидааст.

Илова кунед