Наврӯзи хусравонии тоҷикон ва пояҳои фарҳангсолории он

16 Март 2021, Сешанбе

 I. Заминаҳои беҳдоштии пайдоиш
Пӯшида нест, ки ҳар як қавму миллат дар тӯлу арзи ташаккули фарҳангии худ барои ба ваҷҳи некӯ ва созгор мӯҳрабандӣ намудани сарриштаи кору рафтор бо табиат солшу­мо­рии муайянеро ихтиёр кардааст, ки ба гардиши офтобу моҳтоб ва ё муҳимтарин рӯйдодҳои таърихӣ вобаста будааст.
Аслан ҷашни куҳан будани Наврӯз ба замонҳои пеш аз Ҳахомани­шинҳо ва Модҳо рафта мерасад, яъне давроне, ки ориёиҳо сарзамина­шонро ба ду қисмат ҷудо мекарданд: фасли сармо, ки даҳ моҳ тӯл мекашид ва фасли гармо, ки ҳамагӣ аз ду моҳ иборат буд. Ин матлаб дар Авасто низ ёд мешавад. Пас аз ин тағйиротҳои иқлимӣ ба вуҷуд омаданд ва дар асоси далолати Вандидод тобистон ба 7 моҳ ва зимистон ба 5 моҳ баробар гардид. Ҳар яке аз ин фаслҳо дорои ҷашнҳое буданд, ки дар навбати худ оғози соли нав шуморида мешуд. Поягузории ҷашнҳои Наврӯз ва Меҳргон дар оғози фаслҳои дугонаи ориёӣ далолат бар он дорад, ки заминаи пайдоиши ҳар ду ҷашн ба бузургдошти як марҳилаи нав, яъне поёни як фасл ва саршавии фасли дигар пайванди қавӣ доштааст. Бо мурури замон фаҳмиши ҷашни Наврӯз аз шакли содаи нуҷумӣ ва ченакшиносӣ берун омада, тадриҷан баъзе тобишҳои динию сиёсӣ ва маросимӣ ба бар кардааст. Дар ниҳояти кор ин пешаи фарҳангсолории аз гузаштагони дур ба ёдгормондаи мо дар оғози бурҷи Ҳамал ҷойи собите ёфт. Ва он ягона ҷашни ҷаҳониест, ки платформаи устувори иҷтимоию иқтисодӣ ва муносибати муваффақона бо табиатро дар худ ғунҷоиш додааст. 
Сазовори гуфтан аст, ки тибқи маълумоти сарчашмаҳо мардуми Бобули бостон низ дар давраҳои бисёр қадим рӯзи нахустини солро гӯё  дар эътидоли баҳор, дар рӯзи мутобиқ ба 21 март ҷашн мегирифтаанд. Ин замон ҳамчун фарорасии баҳор, оғози соли нав ва аз хоби зимистон бедор шудани табиат пазируфта мешудааст. Дар асоси омӯзиши лавҳаву нигораҳо ва осори боқимонда олими эроншинос Артур Кристенсен чунин хулоса кардааст, ки ин ҷашн тақрибан 2340 сол пеш аз мелод соҳиби шиносномаи худ будааст ва тибқи нигораҳои дар Бесутун будаи даврони Дориюши бузург ҷашни оғози соли нави порснажодон Меҳргон ном дошта, он ба саршавии фасли тирамоҳ рост меомадааст. Бояд гуфта шавад, ки дар Авасто ва адабиёти авастоӣ ҳеҷ ном аз ҷашнҳои Наврӯз ва Меҳргон бурда нашудааст. Аз ҷониби дигар дар охири ҳукумати Дорои Бузург сарзамини Эроншаҳр зери таъсири фарҳангҳои Осиёи Сағир (Анозул) ва ҳавзаи баҳри Миёназамин (ҳеллинизм) қарор гирифта буд. Аз ин рӯ, мардуми эронитабор тақвими қибтиро, ки дар асоси он сол ба 12 моҳи сирӯза тақсим мешуд, бипазируфтанд. Ин тақвим 5 рӯзи изофиро низ дар назар дошт, ки онро «панҷаи дуздида» ё «хамсаи мустариқа» мегуфтанд ва дар эътидоли баҳорӣ оғоз мешуд. Дере нагузашт, ки ин тартиби солшуморӣ бар асоси тақвими авастоӣ ва зардуштӣ қарор гирифт. Ва рӯзи аввали сол дар эътидоли баҳорӣ аввали фарвардин муқаррар гардид, ки онро ҷашни Наврӯз мегуфтанд. Як гурӯҳи олимон бо назарияи вомгирии Наврӯз аз Байнанаҳрайн ва кишвари қибтҳо розӣ нестанд. Ба ақидаи онҳо, ҳанӯз се ҳазор сол пеш аз мелод дар Осиёи ғарбӣ ду ид бардавому барқарор будааст: Иди офариниш дар оғози тирамоҳ ва Иди растохезӣ дар саршавии баҳор. Сипас ин ду ид бо ҳам даромехта, ба як ид табдил меёбанд ва он дар оғози баҳор ҷашн гирифта мешудааст. Меҳрдоди Баҳор тахмин мекунад, ки Наврӯз пеш аз Ҳахоманишиниён шояд вуҷуд дошта будааст, ки дар Авасто аз он ёд намешавад, зеро ин як ҷашни сирф миллӣ асту Авасто китоби динӣ. Вале бо гузашти айём дини зардуштӣ ҳам Наврӯз ва ҳам Меҳргонро андаруни қабои динию эътиқодӣ бармеандозад. Дар ҳамин асос зимни таҷлили Наврӯз ҷашни зардуштии фаравардагон пайдо мешавад. Ин ҷашн дар за­ми­наи боварҳои дерини ориёиҳо ба пояҳои аслии Наврӯз таъсир гузош­­та­аст. Ҷашни фаравардагон асосан ҷашни фрава­ҳар­ҳо буд ва дар он ҳангом даҳ рӯзу даҳ шаб баргузор мешуд. Фарава­ҳар­ҳо ҳамон арвоҳи мурдагонанд. Ва моҳи фарвардин, ки ба оғози сол рост меояд, аз ҳамин ном реша мегирад. Дар фарвардин-яшт омадааст, ки дар муддати ҷашни фаравардагон фараваҳарҳои мӯъминон аз иқомат­гоҳ­ҳои худ берун меоянд ва муддати даҳ шаб дар канори мардум боқӣ мемо­нанд. Ин ҷашн марбут ба бозгашти арвоҳи мурдагон будааст. Замони баргузо­рии ин ҷашн ба ҳисоби гоҳшумории имрӯзӣ панҷ рӯзи охири исфанд ва панҷ рӯзи аввали фарвардинро дарбар мегирифт. Аз гоҳе, ки оғози сол дар эътидоли баҳорӣ таъйин гардид, Наврӯз ба шашумин рӯзи ин ҷашн рост омад, яъне як рӯз ба фарвардагон афзуда шуд. Бад-ин минвол андешаи шукӯҳу бузургии рӯзи шашумини ҷашн ҳамчун муҳимтарин солрӯзи нав дар зеҳни ниёгони мо аз даврони куҳан вуҷуд доштааст, ки дар замони Сосониён ҳам бозтоби некӯ пайдо карду ҳам ба ваҷҳи писандида ҷобаҷогузорӣ гардид.
Бад-ин минвол аз даврони қадим гузаштагони пурифтихори мо оғози солро бо шодию хурсандӣ пешвоз мегирифтанд ва ин ҷашнкори ниёгонӣ ҳамчун суннати миллӣ комилан берун аз омӯзаҳои динӣ ташаккул ёфт. Ҳамин буд, ки пайдоиши ислом дар марзи густариши Наврӯз масъалаи муноси­бати ойини навро доир ба ин ҷашни пуршукӯҳи порситаборон ба миён гузошт. Зеро дар оғози ислом ва давраи ҳукмро­нии хулафои рошидин арабҳо ҳанӯз мисли Наврӯз иди бонизоме бо ҷумлаи аҷзои табақабандияш надоштанд ва ҳамчунин қудрати казоиеро барои манъ кардани ҷашнҳои мусулмонони ғайриараб молик набуданд. Матлаб иборат аз ин буд, ки оё баргузории ҷашни Наврӯз бо арзишҳои исломӣ чӣ бархӯрде дошта метавонад. Агар он ҳеҷ ихтилофе бо фармудаҳои динӣ надошта бошад, пас он аз назари ислом ҳам пазируф­танист.
 
Файзулло Баротзода – раиси Комиссия оид ба
одоби вакилони Маҷлиси Намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви фраксияи ҲХДТ

Илова кунед