« Об -барои рушди устувор»

16 Март 2021, Сешанбе

Бахшида ба ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати  миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 22-март «Рӯзи байналмилалии захираҳои об» дар радифи қатъномаи амал «Об барои рушди устувор, барои солҳои 2018-2028» қабул гардидааст Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки коршиносони масоили экологии соҳаҳои гуногуни хоҷаги халқи ҷумҳуриамон мизи мудаввар дар мавзӯи «Рӯзи 22-март-рӯзи байналмилалии захираҳои об» доир намуд.

Дар кори ҷаласаи мазкур намояндагони Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии илмии“Маркази омӯзиши пиряхҳо”-и Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.
Дар назди ҳозирин Раиси комиссияи экологии Маҷлиси намояндагон Муҳамадраҳим Юсуфӣ баромад намуда, роҷеъ ба фаъолияти комиссияи мазкур маълумоти мукамал дод.

Сипас, вакили Маҷлиси намояндагон Ҳаёт Одинаев   баромад намуда, иброз намуд, ки “-Инсоният дар тули асри 20 ва оғози асри ҷорӣ, аз як ҷониб, ба ту-файли истифодабарии васеи дастовардҳои илмию технологӣ шароитҳои арзандаи зиндагӣ фароҳам оварда бошад ҳам, пас, аз ҷониби дигар, дар ин муддат дучори мушкилиҳое гардид, ки характери минтақавӣ ва гло-балӣ пайдо карда, ба раванди мавҷудияти ҳаёти инсон, дигар мавҷудот ва экосистемаҳои сайёра таҳдид мекунанд. Аз ҷумла, рушди бемайлони технологияҳо дар саноат ва кишоварзӣ ва дигар соҳаҳо, афзоиши аҳолӣ, истифодабарии ноустувору ғайриоқилонаи захираҳои табиӣ ва харобшавии бебозгашти бархе аз экосистемаҳои сайёра бар асари фаъолияти техногении инсон боиси пайдоиш ва мураккабшавии мушкилоти ҷиддии глобалӣ дар соҳаи экология гардиданд”.



Дар байни мушкилоти глобалӣ норасоии об, пеш аз ҳама, оби то-заи нӯшокӣ ва харобшавии экосистемаҳои обӣ торафт бештар аҳамияти ҷиддӣ пайдо карда истодаанд. Афзоиши талабот ба об ва тағйрёбии иқ-лим шиддатнокии ин мушкилотро торафт бештар ва номуайян гардони-да истодаанд.
Муҳимияти об барои ҳаёт ва умуман барои сайёраи Замин имрӯз ба аксиомае табдил ёфтааст, ки ба исбот кардан зарурате надорад. Сабаби тезутунд шудани масоили об аз лихози таъминии рушди устувор ба ҳолатҳои зерин марбут аст:
- об қисми таркибӣ ва хеле арзишманди сармояи табиӣ буда, он дар аксари кулли равандҳои табиӣ ва иқтисодӣ бевосита ширкат меварзад;
- нобаробар тақсим шудани об дар сатҳи ҷуғрофии олам норасоии онро дар минтақаҳои гунугун пурзур менамояд;
- қариб 1,5 млрд. нафар дар кишварҳои Осиё, Африқо ва Америкаи Лотинӣ аз норасоии оби нӯшокӣ азият мекашанд;
- истеъмоли оби тоза дар 50 соли оҳир 3 маротиба зиёд шуда, норасооии оби нӯшокии тоза  дар аксари мамолики рушдёбанда то ҳол ба таври нобаробар боқӣ мондааст (тибқи маълумоти СММ);
- то соли 2030 дар сурати андешида нашудани чораҳои зарурӣ тахмин 5 млрд. нафар аҳолӣ (қариб 67 % аҳолии сайёра) аз дастрасӣ ба оби тоза маҳрум хоҳанд шуд;
- мушкилоти об ба яке аз омилҳои муҳим ва хеле таъсирбахш ба рушди иқтисод, иҷтимоиёт, амнияти глобалӣ, минтақавӣ ва миллӣ  табдил ёфтааст;
- рушди иқтисод ва афзоиши шумораи аҳолӣ - омилҳои асосии афзоиш ва шидатнокии норасоии оби нӯшокӣ дар ҷаҳон мебошанд.

Ҳанӯз дар Декларатсия оид ба рушди устувор, ки соли 2002 дар Ҳа-моиши умумиҷаҳонӣ оид ба рушди устувор (ш. Йоханнесбург, Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ) қабул шуда буд, таъкид шуда буд, ки об қисмати ҷудо-нашавандаи рушди устувор буда, хоҳу нохоҳ бо 5 мушкилоти асосии ҷа-ҳонӣ зич алоқаманд аст 6 об ва шароитҳои беҳдошт (санитария), энергия, тандурустӣ, кишоварзӣ ва гуногунии биологӣ. Дар айни ҳол таъкид шуда буд, ки рушди устувор бе  ҳалли мушкилот дар бахши об ғайриимкон аст. Аз ҷумла, зикр гардид, ки қашшоқиро бе ҳалли мушкилоти истифода-барии захираҳои об бартараф кардан номумкин аст.

Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз дар маъ-рӯзаи худ аз минбари СММ дар соли 2015 таъкид карда буд, ки «Дар ин шароитҳо, ба ақидаи мо, зарур аст, ки ба таври ҷиддӣ усулҳои ҳозираи идоракунии захираҳои об ва истифодабарии онҳо аз нав бознигарӣ карда шаванд, то ин ки мутобиқшавии мувофиқ бо назардошти на танҳо омили иқлимӣ, балки инчунин афзоиши минбаъдаи аҳолӣ ва иқтисодиёт дар ҷаҳон, инчунин норасоии захираҳои оби нӯшокӣ таъмин карда шавад.».
Дар назар бояд дошт, ки бештар аз 70 фоизи сатҳи курраиЗаминро об ташкил медиҳад. Танҳо тақрибан 2 фоизи ҳачми имконпазири ҷаҳо-нии захираҳои об ба гурӯҳи обҳои тоза (нӯшокӣ) дохил мешаванд. Тибқи баъзе сарчашмаҳо, дар 50 соли охир ҳачми истеъмоли об дар ҷаҳон беш-тар аз 2 маротиба афзудааст. Зиёда аз ин тақрибан 60 фоизи экосистема-ҳои табиии ҷаҳонӣ, ки ба ин ё он тарз бо захираҳоо об алоқаманданд, бар асари таъсироти антропогенӣ харобгардида ҳисоб мешаванд. Ин ҳолат ба ҳаҷм, ҳолат ва сатҳи самаранокии истифодабарии захираҳои оби истифодашаванда (истеъмолшаванда), пеш аз ҳама, обҳои нӯшокӣ таъсири хеле ҳам ногувор мерасонад.

Аз рӯи масъалаи рӯзнома дар назди иштирокчиёни мизи мудаввар ҳамчунин Солиев Шамсиддин муовини сардори Раёсати робитаҳои байналмилалӣ, илм ва татбиқи дастовардҳои илми Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҒафурзодаТағоймурод сардори Раёсати захираҳои оби Вазорати энергетика ва захираҳои оби  Ҷумҳурии Тоҷикистон, Амирзода Ориф Ҳамид директори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Пулатов Ярашмудири шуъбаи технологияҳои инноватсионӣ ва татқиқотҳои илмию таълимии Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Асоев Ҳасан сармутахассис оид ба татбиқи дастовардҳои илмии Раёсати Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон,  Қаюмов Абдулҳамид директори Муассисаи давлатии
илмии“Маркази омӯзиши пиряхҳо”-и Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маърӯза баромад намуданд.
Худи ҳамин рӯз ҷаласаи кории “миззи мудаввар” ба анҷом расид.



Илова кунед