Вакилони Маҷлиси намояндагон бо сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мулоқот намуданд

16 Март 2021, Сешанбе

Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд  мулоқоти вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сокинони ноҳия баргузор гардид.
Дар мулоқот муовини Раиси вилояти Суғд  Анвар Яъқубӣ нахуст меҳмононро муаррифӣ намуда, таъкид кард, ки вохӯрии  вакилон бо интихобкунандагон тибқи дастури Маҷлиси намояндагон сурат гирифта, барои дар сатҳи баланд доир намудани онҳо аз тарафи роҳбарияти вилоят ҷадвали вақти баргузории  ин ҷамъомадҳо тасдиқ шудааст.
Дар мулоқот  вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Маҳмадалӣ Ватанзода, Машраб Файзуллозода, Мавлудахон Мирзозода ва  Мирзоанвар Аҳмедов  нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро  ба Маҷлиси Олии мамлакат шарҳу тавзеҳ  дода,  ба ҳозирин ҷиҳати татбиқи дастуру супоришҳои дар ин ҳуҷҷати муҳим баёншуда тавсияҳои зарурӣ пешниҳод намуданд.
Дар мулоқот зикр гардид, ки  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбариву раҳнамоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати худро дар тамоми самтҳо муваффақона ба роҳ монда, сол аз сол ба афзун намудани нишондиҳандаҳо бо қабул ва мавриди амал қарор додани стратегияву барномаҳои миллӣ ва амсоли инҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда истодааст. Бахусус дар замони соҳибистиқлолии Ватан мавриди истифода қарор додани иншооти таъйиноти гуногун ва вусъати корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар тадбирҳои муҳим ҷиҳати рушди босуботи мамлакат шоистаи зикр мебошад.
Ёдовар мешавем, ки шурӯъ аз аз 15 март  мувофиқи дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари кории  вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вилоятҳои Хатлону Бадахшону Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ барои мулоқот бо интихобкунандагон оғоз гардид, ки то 25 март идома меёбад.

Илова кунед