Ҷаласаи Комиссия оид ба одоби вакилон баргузор гардид

08 Апрел 2020, Чоршанбе

Комиссияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба одоби вакилон ҷаласаи навбатии худро доир намуд. Дар рӯзномаи ҷаласа асосан ду масъала баррасӣ гардид: тақсимоти вазифаҳои аъзои Комиссияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба одоби вакилон; дар бораи баъзе ҷанбаҳои фаъолияти Комиссияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба одоби вакилон.
Вобаста ба масъалаи якум раиси Комиссияи мазкур Фаӣзулло Баротзода суханронӣ намуда, ҳозиринро доир ба тақсимоти вазифаҳои оинномавии раис, муовини раис, котиб ва аъзои Комиссия шинос намуд. Дар асоси фикру мулоҳизаҳои аъзои Комиссия оид ба ин масъала қарори дахлдор қабул гардид.
Дар иртибот ба масъалаи дуюми рӯзномаи ҷаласа андешаҳои ҳамаи аъзои Комиссия шунида шуд. Иштирокчиёни ҷаласа ба чунин хулоса омаданд, ки мавқеи Комиссия оид ба одоби вакилонро тибқи  муқаррароти Қоидаҳои одоби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 27 феврали соли 2008 дар шакли пешниҳодҳои тавсиявӣ ёдовар шудан мувофиқи мақсад мебошад. 
Барои таъмини меъёрҳои баланди маънавӣ ва обрӯи бенуқсони вакилон ҷаласаи Комиссия оид ба одоби вакилон дар доираи риояи муқаррароти Қоидаҳои одоби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 27 феврали соли 2008 ёдовар шудани ҷанбаҳои зеринро дар фаъолияти парлумонӣ мувофиқи мақсад мешуморад. Дар ин замина таъкид гардид, ки ҳамаи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум новобаста ба вазъияти мавҷуда дар ҷаҳон ва минтақа ва паҳншавии коронавирус дар таҳияи қарору қонунҳои ҳаётан зарур барои пешрафти иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ содиқона бо дили поку нияти нек иштироки фаъолона меварзанд. Ҳаӣати кунунии парлумони кишвар аз байни шахсиятҳои баргузидаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ интихоб гардидаанд. Аз рӯзҳои нахустини фаъолият тавсия гардид, ки ба риояи одоби баланди муошират, тартибот, фазои солими корӣ, муҳокимаи созандаи масъалаҳои мавриди баррасӣ, иззату эҳтироми ҳамдигар ва меъёрҳои забони адабӣ ҳангоми гуфтугӯ эътибори ҷиддӣ зоҳир карда шавад. Ҳамчунин зикр гардид, ки барои қабули шаҳрвандон дар бинои парлумон  утоқҳои махсус ҷудо карда шудааст. Хуб мешуд, ки вакилон бо истифода аз ин имкониятҳо дар рӯзҳои корӣ ҳангоми муроҷиати шаҳрвандон аз ҳавзаҳои интихоботияшон онҳоро қабул намуда, ба арзу шикояташон посухи саривақтӣ медоданд. Илова бар ин, аз ҳамаи вакилон бо камоли эҳтиром даъват ба амал оварда шуд, то дар кору фаъолият ва рафтору муомилаашон ҷиҳати риояи суннатҳои мондагори фарҳанги миллӣ ба арзишу муқаддасоти навини давлати соҳибихтиёр ва миллати пурифтихорамон арҷгузорӣ намоянд.

Илова кунед