Вакилони Парлумон ба маорифчиёни шаҳри Ҳисор нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллатро тавзеҳ доданд

17 Март 2021, Чоршанбе

Вакилони Маҷлиси намояндагон Раънохон  Бобоҷониён ва  Сурайё Дӯстмуродзода  бо кормандони шуъбаи маориф  ва роҳбарони муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор вохӯрда, нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, аз ҷумла соҳаи маорифи кишвар таҳлилу баррасӣ  намуданд.
Зикр шуд, ки новобаста ба буҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ, ки бар асари бемории COVID-19 кишварҳои ҷаҳонро фаро гирифта, дар равобити иқтисодии байни кишварҳо монеаҳо эҷод намуд, дар натиҷаи андешидани тадбирҳои зарурӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди иқтисоди кишвар устувор нигоҳ дошта шуд. Вакилон оид ба буҷети давлатӣ, низоми бонкӣ, сармоягузории мустақим, саноат, роҳу нақлиёт, кишоварзӣ ва соҳаҳои илму маориф ва тандурустӣ маълумоти муфассал дода, соҳаи маорифро чун самти муҳим ва калидии сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маънидод намуданд.

Вакилон аз барномаҳои давлатӣ, ки дар самти маориф қабул гардидаанд, афзалиятнокии онҳо, инчунин озмунҳое, ки бо мақсади беҳтар кардани сифати таълим ва бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб кардани наврасону ҷавонон, олимону муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон гузаронида мешаванд, ба мисли озмунҳои «Тоҷикистон- Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм-фурӯғи маърифат» ёдовар шуда, саҳми омӯзгоронро дар мавриди амал қарор гирифтани ин тадбирҳо муҳиму муассир арзёбӣ намуданд.
Ҳамчунин тарбияи фарҳангиву ахлоқӣ ва ҳарбӣ – ватандӯстии наврасонро, ки аз мактаб сарчашма мегирад, махсус таъкид карда, оид ба пешгирии ҷавонон аз пайвастан ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ва ифротию тахрибкор ибрози назар намуданд.

Илова кунед