Наврӯзи хусравонии тоҷикон ва пояҳои фарҳангсолории он

17 Март 2021, Чоршанбе

  1. II. Наврӯз дар даврони ислом
Сипас дар замони хилофати Умавиён ҳаракати футӯҳоти исломӣ барои арабҳо арзишҳо ва анъанаҳои миллии кишварҳои дигарро низ ошкор кард, ки аксари онҳо тавассути тарҷума ба фарҳанги мусулмонӣ таъсиргузор шуданд. Баргардони осори тоисломии порсизабонон низ ривоят­­ҳои зиёдеро дар бораи Наврӯз ба забони арабӣ пешниҳод намуд, ки муҳтавои онҳоро тақрибан чунин баён кардан мумкин аст: офаридани Одам гӯё дар ҳамин рӯз будааст; дар баҳор бояд бисёр ёди растохез кард, зеро ҳамон тавре ки табиат зинда мешавад, инсонхо низ рӯзи маҳшар зиндаву маҳшур мешаванд; худро бояд дар маърази бодҳои баҳорӣ қарор дод, то табиат бадани шуморо низ ҷавон кунад; ва баръакс аз бодҳои хазони тирамоҳ дурӣ бояд ҷуст, то бадани шуморо низ пир накунад. Тавзеҳоти фақеҳон ҳам доир ба ин масъала нахуст хайрхоҳона буд: ҳеҷ ҷашни миллӣ аз назари ислом мардуд нест, агар он бо омӯзаҳои эътиқодӣ ва динӣ ихтилофи ҷиддие надошта бошад ва ҳамон гуна рафтор писандида аст, ки бо арзишҳои дини ислом созгор бошад. 
Сарнавишт чунин қазоват кард, ки Наврӯз ҳатто дар ҳамон даврони дури қурунивустоӣ ҳамчун ҷашни шукӯҳманди бостонӣ, ки гувоҳи гӯёи гузаштаи тобнок ва дурахши фарҳанги барҷастаи мост, пазируфта шавад. Ва имрӯз ҳам ҳеҷ як ҷашне дар сатҳи ҷаҳонӣ наметавонад бо Наврӯзи тоҷикон ҳамсангӣ кунад, зеро он як чорабинии фармоишию қарордодӣ ва таҳмилию сиёсӣ нест, балки он ҷашни ҷавонии ҷаҳон ва рӯзи хуррамию шодмонии Модар-Замин аст. Аслан Наврӯз ифодаи пайванди ногусас­тании инсон бо табиат аст. Абӯрайҳони Берунӣ дар посухи «чӣ будани Наврӯз» чунин овардааст: «Нахустин рӯз аст аз фарвардинмоҳ ва аз ин ҷиҳат «рӯзи нав» ном карданд, зеро ки пешонии соли нав аст. Ва он чи аз паси ӯст аз ин панҷ рӯз, ҳама ҷашнҳост ва шашуми фарвардинмоҳ Наврӯзро бузург доранд, зеро ки хусравон бад-он панҷ рӯз ҳақҳои ҳишам ва гурӯҳҳо бигузоридандӣ ва ҳоҷатҳо раво кардандӣ, он гоҳ бад-ин рӯзи шашум хилват кардандӣ хоссагонро. Ва эътиқоди порсиён андар Наврӯз нахустин он аст, ки аввал рӯзе аст аз за­мо­на ва бад-ӯ фалак оғозид гаштан». Дар «Наврӯзнома» омадааст, ки сабаби ниҳодани Наврӯз он будааст, ки чун донистанд, ки Офтобро ду давр буда – якеи он сесаду шасту панҷ рӯз ва рубъе аз он ба аввал дақи­қаи Ҳамал бозояд. Ба ҳамон вақт ҳар рӯз, ки рафта буд, бад-ин дақиқа натавонад омадан, чи ҳар сол аз муддат ҳаме кам шавад. Чун Ҷамшед ин дуро дарёфт, Наврӯз ном ниҳод ва ҷашн ойин овард. Пас аз он подшоҳо­ни дигар мардумон бад-ӯ иқтидор карданд». Абӯрайҳони Берунӣ дар «Осору-л-боқия» менависад: «Бархе аз уламои Эрон мегӯянд: сабаби ин ки ин рӯзро Наврӯз меноманд, ин аст, ки дар айёми Таҳмурас соиба (андӯҳ) ош­кор шуданд. Ва чун Ҷамшед ба подшоҳӣ расид, дини худро таҷдид кард ва ин кор хеле бузург ба назар омад ва он рӯзро Ҷамшед ид гирифт».
Аммо дар бораи огоҳии мусулмонон доир ба ин ҷашн ривоят мекунанд, ки ба расул (с) ҷоме симин ҳадя оварданд, ки пур аз ҳалво буд. Он ҳазрат пурсид, ки ин чист? Гуфтанд: «Имрӯз Наврӯз аст». Гуфт, ки Наврӯз чист? Гуфтанд: «Иди бузурги эрониён». Гуфт: «Оре, дар ин рӯз буд, ки Худо аскараро зинда кард». Гуфтанд: «Аскара (сипоҳиён) чист?» Гуфт: «Аска­ра ҳазорон мардуме буданд, ки аз тарси марг тарки диёр карда сар ба биёбон ниҳода буданд. Ва Худо ба онҳо гуфт: «Бимиред, онҳо бимурданд. Сипас онҳоро зинда кард ва абрҳоро бифармуд, ки ба онҳо биборанд, аз ин рӯй аст, ки пошидани об дар ин рӯз расм шуда. Сипас аз он ҳалво тановул кард ва ҷомро миёни асҳоби худ тақсим карду гуфт: «Кош ҳар рӯз бар мо Наврӯз будӣ». Ҳамчунин дар ҳадисе аз Анас дар бораи вуҷуд доштани ду рӯзи ид дар замони ҷоҳилият хабар додаанд. Ҳангоми дар Мадина будани пайғамбар (с) одамон изҳор кардаанд, ки ин рӯзҳоро мардум бо шодию нишот ва барпо доштани бозиҳои гуногун сипарӣ мекардаанд. Ҷавоби пайғамбар (с) чунин будааст: «Ба дурустӣ, Худо барои шумо ин ҳар дуро бо идҳое беҳтар аз онҳо – иди Азҳо ва иди Фитр иваз дод». Вале дар баёни вариантҳои гуногуни ин ҳадис дар ҳеҷ ҷое мазаммати анъанаҳои гузашта аз ҷониби пайғамбар (с) зикр нашудааст. Дар баёни имоми ҳадис Аҳмад Абӯбакри Байҳақӣ ҳамин ду иди тоисломӣ Наврӯз ва Меҳргон зикр мешавад, ки то ҳудуди Ясриб густариш пайдо кардааст. Афзун бар ин, ҳангоми бемории охирин мардум ба саволи худ дар бораи ба мусулмонон чӣ чизе ба мерос гузоштани пайғамбар (с) чунин посух мегиранд: «Китоби ман ва суннати ман». Боз пурсида мешавад, ки агар маънои матлаберо пайдо накунем, чӣ чора бояд кард?! Дар ин ҳолат таъкид мешавад, ки ба девони шоирони тоисломӣ (даврони ҷоҳилият) муроҷиат кунед. Ин чунин маъно дорад, ки дар аҳодиси набавӣ ҳеҷ гоҳ бадбинию кинатӯзӣ ва кароҳият ба гузаштаи ақвоми гуногуни мусулмо­нон ҷойгоҳе надоштааст. Баръакс, гузашта ҳамчун пуштувонае устувор барои бунёди фарҳанги мусулмонӣ истифода мешудааст.
Футӯҳоти Билоду-л-фурс (сарзамини порсизабонон) фуқаҳо ва сипоҳиёни исломиро бо фарҳангу анъана ва ҷашну маросими суннатии онҳо аз наздик ошно кард. Агар ба ривоёти гуногуни ахбори таърихно­ма­ҳои Табарӣ, Масъудӣ ва Ибни Асир доир ба густариши ислом дар сарзамини порситаборон (ба хусус қисмати ғарбии он) таваҷҷуҳ намоем, аён мегардад, ки дар оғоз аслан ғозиёни исломовар ба анъанаҳои устувори қавмҳои ғайриараб муносибати муътадил доштаанд. Ҳатто дар пояи анъанаҳои ҳадябахшии Сосониён волиёну амирони иқлимҳои гуногуни исломоварда дар охири ҳукмронии Умавиён ва оғози хилофати Аббосиён ба ҳамдигар ҳадяҳо тақдим мекардаанд. Аввалин касе, ки ба халифагон ҳадяи наврӯзӣ овардааст, сипоҳсолори арабӣ Ҳаҷҷоҷ ибни Юсуфи Сақафӣ будааст. Ва сарчашмаҳо таъкид кардаанд, ки нависанда Аҳмад ибни Юсуф ба халифа Маъмун сабаде аз тиллоро тақдим кардааст, ки арзиши онро даҳ миллион дирҳам муайян кардаанд. Илова бар ин, як идда шоирон, ба мисли ал-Буҳтурӣ, Шариф Разӣ, Мутаннабӣ, Ибни Румӣ, Абӯтамом, Ибни Муътазз ва дигарон дар ашъори худ доир ба мавзӯи иди Наврӯз қасидаҳо сурудаанд. Чунин шакл гирифтани муносибатҳо амри табиист, зеро бунёди давлати Аббосиён аслан дар зери таъсири шадиди аносири давлатдории Сосониён таъсис ёфт ва пойтахт аз Димишқ ба Бағдод интиқол шуд. Беҳуда нест, ки ховар­шиносони ғарбӣ зуҳури хилофати Аббосиёнро дар фарҳанги мусулмонӣ аслан ҳамчун империяи нави Сосониён (New Sasanid Empire) ба забони арабӣ муаррифӣ кардаанд. Ҳузури унсури эронӣ дар низоми давлатдо­рии хула­фои аббосӣ ниҳоят таъсиргузор буд. Барои меросбарони давлати Сосо­ниён бо ҳар роҳу васила нигоҳ доштани ҳангомаҳои империявӣ ҳатто дар матни фарҳанги мусулмонӣ ҳам авлотар аз ҳама чизи дигар буд. Пас, бархӯрду ихтилофот дар атрофи платформаи миллию фарҳангии Наврӯз дар кадом масъалаи муҳиме реша дорад?
Тавре медонем, оташи бузурги наврӯзӣ ҳамроҳи Яздигурд ибни Шаҳриёр ба шаҳри Марв интиқол ёфту ниҳоят бо марги охирин подшо­ҳи сосонӣ нопадид шуд. Вале бархӯрду ихтилофоти арабу аҷам ба масъалаи оғози солшумории ҳиҷрӣ рабт дорад. Тибқи маълумотҳо то замони солшумории ҳиҷриро ҷорӣ намудани халифа Умар ибни Хаттоб гоҳшуморӣ ва боҷситонии наврӯзӣ дар олами ислом маъмул будааст. Агар ҳисобҳои нуҷумии наврӯзӣ дар асоси гардиши Замин дар атрофи Офтоб табақабандӣ карда мешуд, пас солшумории ҳиҷрӣ дар асоси гардиши Моҳ дар атрофи Офтоб барои дарёфти санаи дурусти оғози идҳои мусулмонӣ муайян мегардид. Тасаллути комили арзишҳои мусулмонӣ дуҳокимиятиро дар масъалаи солшуморӣ ба ҳеҷ ваҷҳ таҳаммул намекард. Аз ҷониби дигар, ба расмият даромадани солшумории ҳиҷрӣ боиси рушди илми нуҷум гардид. Бунёди расадхонаҳо ва интихоби мавзеъҳои баланди кӯҳӣ бо ин мақсад барои ошкор намудани асрори нуҳуфтаи фарҳангҳои миллӣ дар иқлимҳои ғайриарабии дору-л-ислом мусоидат кард. Аён гардид, ки тоҷикон дар қаламрави ҷуғрофиёии Мовароуннаҳр таҷрибаи андӯхтаи бештаре доир ба шинохти таъсиргузории «сабъа самовотин ва-л-арз» (ҳафт осмону замин) бо табиати фусункор доштаанд ва шинохти паҳлӯҳои худвежаи фарҳанги наврӯзии тоҷикон ҳангоми футӯҳоти исломӣ дар шаҳрҳои Варорӯд иттифоқ афтодааст. Дар ин бобат маълумоти арзишмандеро сарчашмаи муҳими хаттӣ бо номи «Таърихи Бухоро» то ба рӯзгори мо расонидааст. Ин асар аслан бозгӯкунандаи воқеияти бархӯрд, шинохт, мутобиқшавӣ ва омезиши хамирмояи тавҳиди исломӣ ва қудсияти Наврӯз дар сарзамини ниёгони мо будааст. Ҳамин ду унсур барои сиришти фарҳанги тамоман нави миллӣ дар қабои сабзи наврӯзию исломӣ саҳми мондагор гузошта, абадулобод забони тоҷикиро ба абзори муҳими фарҳангсолор дар тамаддуни исломӣ мубаддал сохтааст.
 
Файзулло Баротзода – раиси Комиссия оид ба
одоби вакилони Маҷлиси Намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
узви фраксияи ҲХДТ

Илова кунед