Вакилони мардумӣ дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо коллективи устодону донишҷуён мулоқот намуданд

17 Март 2021, Чоршанбе

Тавре қаблан иттилоъ дода будем мувофиқи дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари кории  вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вилоятҳои Хатлону Бадахшону Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ барои мулоқот бо интихобкунандагон то 25 март идома меёбад.
Дар доираи чунин чорабиниҳо имрӯз муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Дилрабо Мансурӣ, вакилони Маҷлиси намояндагон Парвина Меликова  ва Саодатшо Матробиён дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо колективи омузгорон, донишҷӯён ва кормандони масъули Академияи мазкур мулоқот намуданд.

Баромадкунандагон зимни баромади хеш иброз намуданд, ки дар меҳвари фаъолияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳафтсоли оянда ин таъмини зиндагии шоиста ба мардум нақши калидӣ мебозад. Ин нукта дар Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи пешазинтихоботии Сарвари давлат равшан зоҳир ёфтааст.
Дар асоси таҳлилҳои илман асоснокшуда аҳолии мамлакат аз 9,5 миллион нафар дар соли 2020 то ба 10,5 миллион дар соли 2025 афзоиш меёбад. Ин далел тақозо менамояд, ки ба ҳалли масъалаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, аз ҷумла беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ва тақвияти иқтидори истеҳсолии мамлакат таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шавад. Имрӯз зарурате пеш омадааст, ки мо бо истифодаи фарҳанги заминдории худ, яъне самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб замин маводи ғизои аввалия – хосса маҳсулоти ғалладонагиро барои ду соли оянда захира намоем. Ин нукта борҳо зимни суханронии Пешвои муаззами миллат низ баён шудааст.

Барои ин, моро мебояд, ки аз ҳозир ба кишти баҳорона ҳам дар қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ва ҳам дар заминҳои хоҷагии деҳқонӣ омодагии бештар бинем. Додани нуриҳои минералӣ ба замин, яхоб мондан ба марзаҳо, интихоби дурусти тухмӣ ва дар асоси талаботҳои агротехнологӣ кишт кардан ба афзуншавии маҳсулот оварда мерасонад. Таҷрибаҳои солҳои охир нишон дода истодаанд, ки деҳқонон ба кишту парвариши маҳсулотҳое сару кор мегиранд, ки даромади бештар ба буҷаи оила меорад. Махсусан самаранок истифода бурдани заминҳои “Президентӣ” бар манфиати кор аст.  Интихоби навъҳои дурусти дарахтони мевадиҳанда аз қабили зардолу, себ, олу, шафтолу анор барои бозоргир шудани маҳсулот заминаи хуб мегузорад. Дигар аз сарчашмаҳои даромад, ки барои баланд бардоштани вазъи иҷтимоӣ кӯмак мерасонад, ин ташкили гармхонаҳо мебошад, ки ин таҷриба дар вилояти Суғд васеъ ба роҳ монда шудааст. Тавре аз ҳисоботҳои оморӣ бармеояд, айни ҳол дар вилоят наздики 60 гектар гармхонаҳо мавҷуд аст, ки барои таъмини мардум ба сабзавоти тару тоза дар мавсими тирамоҳу зимистон хизмат мекунад.
Маврид ба зикр аст, ки бо мақсади ҳарчи бештар фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ, тақвияти иқтидори истеҳсолӣ ва дар ин замина ғанӣ намудани буҷаи кишвар Саноатикунонии босуръати мамлакат ҳадафи чоруми миллӣ эълон карда шуд. Мушоҳидаҳо нишон доданд, ки маҳз оқилона истифода бурдани ашёи хоми саноатӣ ва маҳсулотҳои кишоварзӣ мо дар самти коркарди маҳсулотҳои гӯштиву ширӣ ва ордӣ ба дастовардҳои хубе ноил гардидем. Танҳо дар вилояти Суғд давоми 5 соли охир арзи ҳастӣ кардани беш аз 50 коргоҳҳо дар ин самт натанҳо бозори дохила, балки кишварҳои ҳамсояро бо маҳсулоти баландсифати ватанӣ таъмин намуд. Дар ин росто моро зарур аст, ки минбаъд коркарди маҳсулотҳои пахтаву пашм, меваву сабзавотҳоро бо таъсиси коргоҳҳои хурд ба роҳ монем.
Дар ин лаҳзаҳои пур аз шодиву сурур иҷозат фармоед,  бори дигар аз номи роҳбарият ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як ҷаҳон орзуҳои нек Шумоёнро бо фарорасии  Иди байналмилалии Наврӯз сидқан шодбош гӯям.   Ба ҳар узви ҷомеа, дар шахси онҳо ба аҳли оила ва хешону пайвандонашон тани сиҳату хотири ҷамъ, хонаободӣ, хуррамиву  осоиши рӯзгор, иқболи баланд орзу мекунем. Бигзор, Соли нав - соли бахосият, соли тинҷию амонӣ, соли ба файзу баракат ва дастовардҳои тоза гардад.
Вакилони мардумӣ  дар баробари андешаҳои таҳлилӣ ва баррасии фаъолияти вакилии худ, ҳамзамон ба саволу дархости интихобкунандагон посух гуфтанд.



Илова кунед