Вакили Маҷлиси намояндагон Ғиёсиддин Шарифзода бо сокинони ноҳияи Айнӣ мулоқот намуд

17 Март 2021, Чоршанбе

Тибқи ҷадвали вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихобкунандагон вакили Маҷлиси намояндагон Ғиёсиддин Шарифзода бо сокинони Ҷамоати деҳоти Фондарё ва Ҷамоати шаҳраки Зарафшони ноҳияи Айнӣ мулоқот намуд.
Ғиёсиддин Шарифзода зимни мулоқот нуктаҳои муҳимтарини Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро тавзеҳ дода, вобаста ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, тадбирандешиҳо дар самти расидан ба ҳадафҳои стратегӣ, аз ҷумла раҳоӣ аз бунбасти комуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, истиқлоли энергетикӣ ва саноатикунонии босуръати мамлакат маълумот дод.
Зикр шуд, ки Ҳукумати мамлакат бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум барномаву стратегияҳои давлатиро қабул ва мавриди амал қарор дода, баҳри рушду нумӯи бемайлони ҷомеа ва некӯаҳолии мардуми кишвар аз тамоми имконият истифода мебарад.
Ёдовар мешавем, ки вохӯриҳои вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дигар ҷамоат, шаҳраку деҳоти ноҳия низ доир мешавад.

Илова кунед