Файзулло Баротзода ва Сумангул Тағойзода бо сокинони Шаҳринав оид ба рушди иқтисодӣ ва такмили давлатдорӣ суҳбат намуданд

17 Март 2021, Чоршанбе

17.03.2021. Дар  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав мулоқоти  вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзулло Баротзода  ва Сумангул Тағойзода бо устодон, омӯзгорон, кормандони ташкилоту муассисаҳо ва фаъолон доир гардид.
Вакилони мардумӣ муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ»-ро ба ҳозирин шарҳ доданд.
Сумангул Тағойзода иброз дошт, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ обод гардидани Ватан, рушди иқтисодӣ, такмили давлатдорӣ, ҷорӣ шудани волоияти қонун, пешрафти соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, иҷтимоӣ ва ҷавонон аз сиёсати оқилонаю бунёдкоронаи Сарвари давлат шаҳодат медиҳад.  Таъкид гардид, ки соли сипаригардида, новобаста аз пандемияи коронавирус нишондиҳандаҳои иқтисоди миллӣ  мусбат арзёбӣ гардиданд.
Файзулло Баротзода иброз дошт, ки   Пешвои миллат дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ ба фаъолияти назаррас ва ибратбахши бонувону духтарон ва ҷавонон эътибори ҷиддӣ дода, ба онҳо ҳамчун нафарони  бомасъулият, меҳрубон, устувор ва ояндадор баҳо доданд. Инчунин  барои боз ҳам баланд бардоштани маърифати ҷавонону наврасон, донишандӯзӣ, иштироки фаъолона дар чорабиниҳои ҷамъиятӣ, эҷодкорӣ, масъулиятнокӣ, иштироки хонандагон дар озмунҳои дарёфти ҷоизаву муваффақият сухан гуфта, озмунҳои амалкунандаи «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Тоҷикистон-Ватани азизи ман»-ро таҳлил намуда, бо дарназардошти рушди илмҳои дақиқ ва риёзӣ, дарёфти истеъдодҳо, оид ба баргузор намудани озмуни нави «Илм — фурӯғи маърифат» маслиҳатҳои муфид доданд.

 

Илова кунед