Наврӯз-пайки шодиву сурур...

17 Март 2021, Чоршанбе

“Наврӯз яке аз қадимтарин ва азизтарин ҷашнҳои миллии мардуми ориёнажод буда, бо мурури замон ба иди дар ҳақиқат халқӣ мубадал шудааст. Халқи мо беҳтарин орзуву умеди худро қабл аз ҳама бо Наврӯз, яъне Соли нави анъанавии аҷдодии хеш пайванд медиҳад. Наврӯз пайки шодиву сурур, шукуфоиву зебоӣ, оғози кишту кори баҳорӣ, паёми эҳёи табиат мебошад ва гардише дар рӯҳи ҷони одамон падид меорад”.
                                                                                                                Эмомалӣ Раҳмон
 
Наврӯз ин соли нав – рӯзи нахустини омадани баҳор, айёми шукуфтану дамидани гулу сабза ва шодиву сурур, аз хоб бедор шудани табиати муъҷизакор, оғози кишту кори баҳорӣ ва яке аз қадимтарин ва бошукӯҳтарин иди миллии халқҳои машриқзамин, аз он ҷумла миллати тоҷик мебошад. Устоди ширинбаён, шодравон Лоиқ Шералӣ фармудааст:
 
Эй ҷамоли баҳру бар, шод омадӣ,
Эй баҳори сабзу тар, шод омадӣ.
 
Наврӯз ҳанӯз дар замонҳои хеле қадим, дар даврони Каюмарс ва ё Ҷамшед ҳангоми баробар шудани шабу рӯз дар нахустин рӯзи баҳор ва солшумории хуршедӣ якуми фарвардин мувофиқ ба 21 марти солшумории мелодӣ ҳамчун иди халқӣ, иди баҳор, ҷашни гул, иди зироат ва меҳнат ба вуҷуд омада, то ба замони мо омада расидааст.
Наврӯзро ҳар сол пиру ҷавони кишвари азизамон бо дили шоду чеҳраи хандон ҷашн мегиранд. Наврӯз ба ҳар як хонадони мардуми тоҷик ва ҳамзабонони хориҷиамон шодиву сурур бахшида, муждаи омадани баҳор, сар шудани мавсими кишту кор ва зинда гардидани табиатро мерасонад. Ҳанӯз ҳазор сол қабл Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ аз зебоиҳои баҳору Наврӯз навишта буд:
 
Омад баҳори хуррам бо рангу бӯи тийиб,
Бо сад ҳазор накҳату ороиши аҷиб.
Шояд, ки марди пир бад-ин гаҳ шавад ҷавон,
Гетӣ ба дил ёфт шабоб аз пайи машиб.
 
Бо ибтикор ва ташабусҳои созандаи Асосгузаори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи 64-ми Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид дар чорчӯбаи тамаддуни ҷаҳонӣ аз 23-уми феврали соли 2010 Наврӯз мақоми байналмилалиро гирифт. Наврӯз дар тӯли таърих на фақат нобуд нагашта то ба замони мо омада расид, балки минбаъд миёни халқу кишварҳои ҳамсоя нуфузу густариш пайдо кард. Ҷаҳонӣ шудани Наврӯз аз тамаддуни бою ғании қавмҳои ориёӣ ба ҳисоб рафта, дар тамоми ҷаҳон бо номи зебои тоҷикӣ Наврӯз ҷашн гирифта мешавад, ки албатта, боиси ифтихори мардуми ориёӣ мебошад.
Олимону шоирон, тазкиранависон ва муаррихони асрҳои гузашта, аз он ҷумла Мӯсо ибни Исо ал-Кисравӣ дар асри 1Х, таърихшиноси тоҷик Абӯбакр Муҳаммади Нархашӣ дар асри Х, олими машҳур Абӯрайҳони Берунӣ, инчунин дар асри Х1 шоир ва файласуф Умари Хайём дар “Наврӯзнома” ном асари худ дар бораи ҷашни мардумӣ ва ба кишоварзию зироаткорӣ вобаста будани ин ид ишораҳои зиёде кардаанд.  
Шоирони гузаштаи тоҷику форс Наврӯзро ҳамчун рӯзи нахустини муждаи баҳор, айёми шукуфтану дамидани гулу сабза ва шодиву сурур, мавсими аз хоб бедор шудани табиати мӯъҷизакор тасвир намуда, инчунин дар васфи вазиши боди форами наврӯзӣ, ки ба ҷисму ҷони одам ҳаловати тоза мебахшад, даҳҳо ашъори дилчаспу рӯҳафзо эҷод намудаанд. Масалан, шоири мумтоз ва файласуфи баландпарвоз Умари Хайём чунин мегӯяд:
 
Бар чеҳраи гул насими Наврӯз хуш аст,
Дар саҳни чаман рӯи дилафурӯз хуш аст.
Аз дай, ки гузашт, ҳар чӣ гӯӣ, хуш нест,
Хуш бошу зи дӣ магӯ, ки имрӯз хуш аст.
 
 
Ба фараҳ чаҳ-чаҳ задани булбулонро устоди ғазал Камоли Хуҷандӣ чунин васф менамояд:
 
Бод гулрез шуду бар сари гул жола чакид,
Об дар ҷӯю зи пероҳани ҷӯ сабза дамид....
Бод сӯи чаман омад, ки диҳад мужда, ки боз
Гул ба бӯстону ба гул меваи мақсуд расид...
 
Ҳамчунин Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ шоир ва мутафаккири равшанзамир мегӯяд:
 
Биё, ки шоҳиди бӯстон зи рух ниқоб андохт,
Насим дар сари зулфи бунафша тоб андохт.
Сабо шамими гулу бӯи ёри гулрух дод,
Марову мурғи чаманро дар изтироб андохт...
 
Ҳамин тавр бисёр бузургони адабиёти гузаштаи тоҷику форс дар васфи иди Наврӯз қасидаву ғазалсароӣ карданд, қитъаю рубоиҳои ҳаяҷонбахш гуфтаанд.
Дар арафаи ҷашни Наврӯз халқи тоҷик як таомули омӯзанда дорад, ки хонаю кошонаи худро тозаю озода намуда, дастархони идонаи ҳафт сину ҳафт шин ороста мекунанд. Маводҳои ғизоӣ, хӯрокҳои миллӣ мегузоранд ва Наврӯзро бо хурсандии бузург пешвоз мегиранд. Мардуми тоҷик дар рӯзи Наврӯз хушу хурсандона либосҳои тоза пӯшида, ба сайру тамошо мебароянд ва ба якдигар дар соли нав бахту иқболи нав орзу мекунанд. Бачаҳо дар майдонҳо оташ афрӯхта, аз болои он ин тарафу он тараф меҷаҳиданд.
Тоҷикон анъанаҳои хуби дигарро аз замонҳои қадим нигоҳ дошта меоянд, ки онҳо барои солиму бардам ва чусту чолок тарбия ёфтани одам аҳамияти калон дорад. Дар идҳои халқӣ гуштингирӣ, бузкашӣ, чавгонбозӣ, шоҳмотбозӣ доир мекунанд, ки ин ҳама намудҳои қадимаи варзишӣ мебошанд ва ҳангоми ҷашн гирифтани иди Наврӯз ин бозиҳо бо шавқу завқи тамоман дигар барпо карда  мешаванд.
Ғайр аз ин дар байни шоирон мушоираҳо, дар байни ҳофизони халқӣ озмунҳои сурудхонӣ, дар байни навозандагон озмунҳои мусиқавӣ, дар байни олимон баҳсу мунозира ва муҳокимаҳои илмӣ барпо мегардид, ки инҳо ҳам анъанаҳои халқӣ ҳисоб мешуданд ва бо ин восита соҳаҳои гуногуни илм, санъат ва адабиёт тараққӣ ва такомул меёфтанд. Ин анъанаҳо ҳоло ҳам бардавоманд, вале акнун шакл ва мазмунҳои навро ба худ гирифтаанд. Умари Хайём дар бораи ҳикмати ҷашни Наврӯз бисёр хуб мефармояд: “Ҳар ки рӯзи Наврӯзро ҷашн кунад ва бо хуррамӣ пайвандад, то Наврӯзи дигар умр дар шодӣ ва хуррамӣ гузорад”. Поягузори адабиёти навини тоҷик, устод Садриддин Айнӣ дар як таронаи зебои баҳорӣ чунин овардааст:
 
Аёми баҳору бомдодӣ,
Вақти фараҳ асту гоҳи шодӣ.
Дар ҷониби марғзор бинӣ,
Ҳар сӯ гулу лолазор бинӣ.
Ҳаст оби равон равон ба ҳар сӯй,
Сабз аст зи сабзаҳо лаби ҷӯй.
Аз бӯи гулу гиёҳи навхез,
Боди саҳарист анбаромез.
Навхоста сабза, гул шукуфта,
Наргис, вале ҳанӯз хуфта.
Гул хурраму барги ток хуррам,
Аз сабза тамоми хок хуррам.
 
Иди саиди баҳор, ҷашни гулу себаргаҳои сабзу хуррами навхез ва шодиву сурури пиру барно, инчунин меҳнату заҳмати марди деҳқон, ки боиси файзу баракати дастархони пурнозу неъмати мост, аз пою қадами мубораки туст, эй Наврӯзи хуҷастапай!
 
Турахонзода Дилшод,
Сармутахассиси шуъбаи матбуоти
Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии ҶумҳурииТоҷикистон

Илова кунед