Наврӯзи хусравонии тоҷикон ва пояҳои фарҳангсолории он

18 Март 2021, Панҷшанбе

III. Арзишҳои наврӯз дар достону асотир

Аммо ҷамъбасти маълумоти достону устураҳои тоисломиро дар бораи ин ҷашн мухтасар чунин баён кардан мумкин аст: замони баргузо­рии Наврӯз оғози фасли баҳор аст ва асрори мантиқии он ҳам ба ҳамин мавсим сахт бастагӣ дорад. Ченаки  фарора­сии Наврӯз аз лаҳзаи эътидо­ли баҳорӣ оғоз мешавад. Тибқи донишҳои ситорашиносӣ эътидо­ли баҳорӣ дар нимкураи шимоли замин ҳамон лаҳзаеро ифода мекунад, ки Офтоб аз сафҳаи истивои замин мегузарад ва ба сӯйи шимоли осмон меравад. Ин фурсат лаҳзаи аввали бурҷи Ҳамал номида мешавад ва дар тақвими ҳиҷрии хуршедӣ бо нахустин рӯзи (ҳурмуз ё урмуздрӯз) аз моҳи фарвардин баробар аст. Аз ин нигоҳ вожаи Наврӯз дар ду маъно ба кор меравад: Наврӯзи умумӣ – рӯзи оғози эътидоли баҳорӣ ва оғози соли нав; Наврӯзи махсус рӯзи шашуми фарвардин бо номи «рӯзи хурдод». Суғдиёну хоразм­шоҳиён аз Наврӯз ба унвони Навсорид (نوسارد), яъне Соли нав ном мебурданд. Маншаъ ва замони пайдоиши ҷашни Наврӯз дақиқан маълум набошад ҳам, вале бархе аз матнҳои куҳан, аз ҷумла «Таърихи Табарӣ» ва «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ Ҷамшед ва сарчашмаҳои дигар Каюмарсро поягузори Наврӯз муаррифӣ карда­анд. Масалан, падид омадани Наврӯз дар «Шоҳнома» чунин ривоят шудааст, ки Ҷамшед дар ҳоли гузаштан аз Озарбойҷон дастур дод, то дар он ҷо барояш тахте гузоранд ва худаш бо тахте заррин бар болои он тахт бинишаст. Ва баробари расидани нури Хуршед ба тоҷи заррини ӯ ҷаҳон нуронӣ шуд ва мардум шодмонӣ карданду он рӯзро рӯзи нав номиданд. Дар асоси ҳамин қабил ривоятҳо пайдоиши Наврӯзро мансуб ба замони Пешдодиён ва Ҷамшедро бунёдгузори он донистаанд. «Нав­рӯз­нома»-и Хайём ҳам пайдоиши Наврӯзро ба замони Ҷамшед ҳамчун инсони нахустин дар асотири Маздиясно маънидод кардааст. Ривоятҳои дигари таърихӣ оғози Наврӯзро ба Бобулис­тон ва фарҳанги кишоварзии байни дарёҳои Арванд (Диҷла) ва Фурот нисбат медиҳанд. Бар тибқи ин ривоятҳо ривоҷи Наврӯз дар Эроншаҳр ба 538 сол пеш аз мелод, яъне замони ҳамлаи Куруши Бузург ба Бобул бозмегардад. Ҳамчунин дар бархе аз сарчашмаҳо Зардушт ба ҳайси бунёдгузори Наврӯз ном бурда мешавад. Вале дар Авасто (ба хусус дар Готҳо) аз Наврӯз номе бурда нашудааст. Нигораҳои зиёде, ки дар тахти Ҷамшед ба ёдгор мондааст, маросими пешкаш кардани ҳадяҳоро ба подшоҳон таҷассум намудааст, ки онро ба Наврӯз марбут медонанд. Куруши дуюм, ки асосгузори давлати Ҳахоманишиниён дониста мешавад, соли 538 пеш аз мелод Наврӯзро ҷашни миллӣ эълон кард ва дар ин рӯз баланд бардоштани рутбаи сарбозон, поксозии ҷойҳои зисти ҳамагонӣ ва хонаҳои мардум ва бахшидани гуноҳи маҳкумонро иҷро менамуд. Ин ойинҳо дар замони подшоҳони дигар низ риоя мешудааст. Ва аз замони подшоҳии Дорои якум баргузории ҷашни Наврӯз дар тахти Ҷамшед оғоз гардидааст. Хулосаи муҳақкиқон дар заминаи омӯзиши нигораҳо ва сангҳои навиштадор дар тахти Ҷамшед бар он далолат мекунанд, ки мардум дар даврони Ҳахоманишиниён бо Наврӯз ошнои комил доштанд ва онҳо ин ҷашнро бо шукӯҳу бузургии вежа пешвоз мегирифтаанд. Собит шудааст, ки Дорои якуми ҳахоманишӣ соли 416 пеш аз мелод тангаҳои тиллоие сикка задааст, ки дар як тарафи он акси сарбозе дар ҳоли тирандозӣ нишон дода шудааст. Ҷашни Наврӯз дар ин давра рӯзҳои 21 исфанд то 19 урдубиҳишт барпо мешудааст. Нигораи маросими пешкаш кардани ҳадяҳо ба подшоҳони ҳахоманишӣ дар тахти Ҷамшед ҳам далели шайъии бузург аст. Таҳлили муқоисавии ҷашнҳои мардумии ориёӣ ва қибтӣ шаҳодат медиҳад, ки ин ду ҷашн ба ҳам таъсиргузор будаанд. Наврӯз дар аҳди қадим тавассути Дориюши бузург дар кишвари Қибт ҳам густариш ёфтааст. Дар таҷрибаи гоҳшуморӣ ва шинохту ченаки вақт порсиён аз қибтиён баъзе чизҳоро омӯхтаанд ва дар ойинҳои наврӯзӣ ҳам таъсири унсурҳое аз қибтиён ворид шудааст.  
Ба иттилои муҳаққиқон дар замони ҳахоманишиҳо подшоҳон Наврӯзро дар тахти Ҷамшед барпо медоштаанд. Ба ақидаи бостонши­носи фаронсавӣ Гершман дар тахти Ҷамшед ҳама чизи зарурӣ барои бузургдошти Наврӯз бино шудааст. Ӯ нигораи машҳури тахти Ҷамшедро чунин шарҳ додааст: «Пеш аз анҷоми ташрифоти ҷашни Наврӯз бузургони шоҳаншоҳӣ ва намояндагони кишварҳо ба тахти Ҷамшед меомаданд ва дар дашти васеи Марвдашт, ки рӯди Палвор аз миёни он мегузараду дар қисмати ғарбии тахти Ҷамшед қарор дорад, ҳазорон хайма мезаданд. Дар намои нигораҳои сангии тахти Ҷамшед ашхосе, ки дар ташрифоти Наврӯз ширкат доранд, нишон дода шудаанд. Дар ин сангҳои барҷаста намояндагони 23 миллати тобеи шоҳаншоҳӣ ва дарбо­риёни порсӣ ва модӣ ҳамроҳ бо аспҳо ва гардунаҳои подшоҳӣ ва сарбо­зони шӯшӣ (шустарӣ) дида мешаванд.  
Гиромидошти Наврӯз дар замони ҳукмронии Ашкониён ва Сосо­ниён низ дар сатҳи зарурӣ таҷлил мешудааст. Дар ин муддат ҷашнҳои зиёде дар тӯли сол барпо мегардид, ки дар байни онҳо Наврӯз ва Меҳргон ҷойгоҳи сазовор ва барҷастае доштааст. Ҷашнгирии Наврӯз дар аҳди Сосониён на камтар аз 6 рӯз идома мепазируфт. Сосониён Наврӯзро ба ду давра тақсим мекардаанд: Наврӯзи кӯчак ва Наврӯзи бузург. Наврӯзи кӯчак ё Наврӯзи омма панҷ рӯз тӯл мекашид ва аз 1 то 5 фарвардин гиромӣ дошта мешуд. Ва рӯзи шашуми фарвардин – Хурдод­рӯз ҷашни Наврӯзи бузург ё Наврӯзи хосса барпо мешуд. Дар ҳар яке аз рӯзҳои Наврӯзи омма табақае аз табақоти мардум – деҳқонон, рӯҳониён, сипоҳиён, пешаварон ва ашроф ба дидори шоҳ меомаданд. Ва шоҳ ба суханони онҳо гӯш медод ва барои ҳалли мушкилоти онҳо дастур содир мекард. Дар рӯзи шашум шоҳ аз ҳаққи адои мушкилоти табақаҳои гуногун фориғ мешуд ва дар ин рӯз танҳо наздикони шоҳ ба ҳузури вай меомаданд.
Ба шаҳодати сарчашмаҳо дар даврони Сосониён солҳои кабиса риоя намешудааст. Бинобар ин Наврӯз ҳар чаҳор сол аз мавъиди аслии худ – оғози бурҷи Ҳамал ақиб мемонд. Ва дар натиҷа замони баргузории Наврӯз ҳамвора собит нагардида, дар фаслҳои гуногуни сол ҷорӣ будааст. Ардашери Бобакон бунёдгузори силсилаи Сосониён дар соли 230 мелодӣ аз давлати Рум, ки дар натиҷаи ҳуҷуми вай шикаст хӯрда буд, дархост намуд, ки Наврӯзро дар ин кишвар ба расмият бишиносанд. Ин дархост мавриди пазируфтории румиён қарор гирифт ва Наврӯз дар қаламрави Рум бо номи Lupercal маъруф гардид. Ҳамчу­нин дар аҳди Сосониён 25 рӯз пеш аз оғози баҳор дар дувоздаҳ сутун, ки аз хишти хом барпо мекарданд, намунаҳои маҳсулоти ғалладонагӣ – биринҷ, гандум, ҷав, нахӯд, арзан ва лӯбиёро мекоштанд ва то рӯзи 16 фарвардин сабзиши онҳоро назорат мекарданд. Ҳар кадом аз ин гиёҳон, ки бештар нашъунамо мекард, дар он сол ҳатман ҳосили нағз медод. Аз ҳамин вақт ба ҳамдигар об пошидани мардум бомдоди рӯзи Наврӯз ҳукми анъана гирифт. Ва аз замони Ҳурмузи аввал дар шаби Наврӯз оташ равшан кардан ба расмият даромад. Аз замони Ҳурмузи дуюм бошад расми додани тангаи сикка ҳамчун идона роиҷ гардид. Вале аз таҳлилу баррасии сарчашмаҳо пайхас бурдан мумкин аст, ки солҳои футӯҳот бархӯрди сипоҳиёни ислом бо вежагиҳои устувори наврӯзӣ дар қисмати Варорӯд бештар ба мушоҳида расидааст.   
      
Файзулло Баротзода – раиси Комиссия оид ба
одоби вакилони Маҷлиси Намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
узви фраксияи ҲХДТ

Илова кунед