Вакилони Маҷлиси намояндагон дар кори ҷаласаи вакилони парлумони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар реҷаи фосилавӣ (онлайн) иштирок намуданд.

18 Март 2021, Панҷшанбе

Имрӯз  ҷаласаи вакилони парлумони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар реҷаи фосилавӣ (онлайн) баргузор гардид, ки дар кори он Раиси комиссияи экологии  Маҷлиси намояндагон Маҳмадраҳим Юсуфӣ ва Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Рустам Латифзода иштирок намуданд.  
Дар кори ҷаласа  ҳамчунин намояндагони вазорати корҳои хориҷӣ,  парлумонҳо, вазорату идораҳои муҳити зисти кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки масъули иҷрои Созишномаи Париж дар кишварҳо мебошанд, кормандони шӯъбаҳои байналмилалӣ, инчунин сафоратхонаҳо ва созмонҳои байналмилалӣ аз ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон ширкат варзиданд.
Иштирокчиёни конференсияи байналмилалӣ дар рӯзномаи ҷаласа масъала « Дар бораи тағирёбии иқлим»-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.  
Вакилони парлумон зимни баромади хеш иброз намуданд, ки дар аввали соли 2017, Тоҷикистон яке аз аввалинҳо шуда Созишномаи Парижро ба тасвиб расонд ва мунтазам барои такмили қонунгузорӣ барои мусоидат ба татбиқи тадбирҳои тағирёбии иқлим чораҳо андешид.
Тақрибан дар як вақт бо тасвиби созишномаи Париж стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 қабул карда шуд, ки дар он яке аз вазифаҳои асосии ноил шудан ба рушди устувор механизми баҳодиҳии стратегии экологӣ дар банақшагирӣ ва татбиқи лоиҳаҳоҷойи намоёнро ишғол менамояд.
Дар ҷаласаи мазкур ҳамчунин таъкид карда шуд, ки  муколама байни парлумонҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ барои баррасии масъалаҳои мубрами идоракунии муҳити зист дар минтақа, мубодилаи дониш, таҷрибаи пешқадам бо ташаббуси Маркази минтақавии экологии Осиёи Марказӣ (CAREC)  ва бо дастгирии  Иттиҳоди Аврупо сурат мегирад. Дар навбати худ, шарикони миллӣ ва байналмилалии рушд ҳавасмандии худро барои муколамаи мунтазам ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ва таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ иброз доштанд.
Тағирёбии иқлим ва таҳкими ҳамкориҳои байнисоҳавӣ дар рӯзномаи ин платформаи муколама бори аввал соли 2019 садо дод. Дар доираи Барномаи мутобиқшавӣ ба тағирёбии иқлим ва коҳиш додани оқибатҳои он дар ҳавзаи баҳри Арал пешниҳоди намояндагони парлумонҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ   дар бораи баргузории чунин чорабиниҳо дар як сол ду маротиба дастгирӣ гардид. Ҳамин тариқ, ду вохӯриҳои намояндагони ВКХ ва парлумонҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ  ташкил карда шуданд.
Ҷаласаи навбатӣ, сеюми намояндагони Вазорати корҳои хориҷӣ ва парлумонҳои Осиёи Марказӣ имрӯз  бо мақсади муҳокима ва мубодилаи афкор оид ба масъалаҳои мубрами татбиқи Созишномаи Париж дар робита ба қонунгузорӣ ва банақшагирии стратегӣ баргузор мешавад.
Маълум аст, ки аксари унсурҳои Созишномаи Париж  аллакай мавриди амал қарор доранд, аз ин рӯ татбиқи сиёсати иқлимӣ ва тадбирҳо дар сатҳи миллӣ бештар аз амалҳои фаъолонаи ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор вобаста аст.
Иштирокчиёни ҷаласа аз рӯи масъалаи баррасӣ гардида қарори дахлдор қабул намуданд.

Илова кунед