Наврӯзи хусравонии тоҷикон ва пояҳои фарҳангсолории он

19 Март 2021, Ҷумъа

IV. Эҳёи наврӯз дар аҳди сомониён

Наршахӣ ҳангоми муаррифии Варахша – яке аз деҳаҳои бузурги Бухоро маълумоти ҷолибе дар бораи кохи ободоне, ки 1000 сол пеш аз ин бино ёфтааст, ёдовар мешавад. Дар замони Исмоили Сомонӣ ин кох вайрону муаттал будааст. Амир мардумони ин деҳаро хонда, чунин пешниҳод мекунад: «Ман бист ҳазор дирам ва чӯб бидиҳам ва сохтагии он бикунам ва баъзе иморат бар ҷой аст, шумо ин кохро масҷиди ҷомеъ созед». Он мардумакони деҳа нахостанд ва гуфтанд, ки «масҷиди ҷомеъ дар деҳаи мо рост наояд ва раво набошад» («Таърихи Бухоро», с. 45). Сабаби чунин посух додани мардумро муаллиф чунин шарҳ додааст: «Ва ин деҳаро ҳар понздаҳ рӯзе бозор аст. Ва чун бозори охирини сол бошад, бист рӯз бозор кунанд ва бисту якум рӯз Наврӯз кунанд ва онро «Наврӯзи кишо­вар­зон» гӯянд. Ва кишоварзони Бухоро аз он ҳисобро нигаҳ доранд ва бар он эътибор кунанд. Ва «Наврӯзи муғон» баъд аз он ба панҷ рӯз бошад.
Дар фасли «Зикри бозори Мох» бошад муаллиф зикр мекунад, ки дар «Бозори Мохрӯз» ҳар сол ду бор ва ҳар боре якрӯзӣ бозори калон барпо мешудааст. Дар ин бозор миқдори зиёди бозичаи бачагон ва бут ба маблағи зиёда аз панҷоҳ ҳазор дирам ҳар рӯз фурӯхта мешудааст. Ин бозорро дар даврони қадим подшоҳи Бухоро бо номи Мох сохтааст ва рӯзҳои бозор худаш дар тахт нишаста аз ҷониби мардум харидорӣ шудани бутҳоро назорат мекард. Ин оташхона то ба вақти ислом барҷой будааст ва мусулмонон онро ба масҷид табдил доданд. Имрӯз ин мавзеъ қасри Ситораи Мохи Хоса ном дорад.
Дар хабари манзилҳои подшоҳони Бухоро аз қадим будани оташи азим афрӯхтан дар шаби сурӣ сухан меравад. Ин ҳамон чоршанбеи сурӣ аст, ки дар чоршанбеи охири моҳи Исфанд ҳар сол ҷашн гирифта мешуд. Мардуми тоҷик гулханҳо афрӯхта, аз болои он парида чунин мегуфтанд: «Зардии ман аз они ту сурхии ту аз они ман», ки имрӯз низ роиҷ аст.
Тибқи маълумот ҳеҷ осоре аз ҷашни чаҳоршанбесурӣ дар аморати чиҳил сутун доир ба баргузо­рии ойинҳои Наврӯз дар замони Умавиён дар даст нест. Вале дар давраи Аббосиён чунин ба назар мерасад, ки хулафо гоҳо барои пазируфтани ҳадяҳои мардум аз Наврӯз истиқбол мекарданд. Баробари рӯйи кор омадани давлати Сомониён ва оли Бувайҳ ҷашни Наврӯз бо густурдагии бештаре баргузор мешуд.
Дар ислом овардани Бухоро Қутайба ибни Муслим ширкати фаъол доштааст. Вале бояд донист, ки бо сабаби сахт устувор будани анъана­ҳои миллии наврӯзӣ ин шаҳр чаҳор маротиба фатҳ шуда, боз дигарбора озод гаштааст. Чизи муҳими дигар он аст, ки арабҳо иморатҳои ободи оташхона ва коху мавзеъҳои хуррамро асосан ба масҷид табдил додаанд. Чунин рафтор дар оташкадаҳои Ҳулбук, Пули Сангини Хутал ва қалъаи Шумони Ҳисор низ таҳаққуқ пазируфтааст. Аз ин ҷиҳат, вайрон шудани бутҳои хонаи Каъба ва Байту-л-Ҳаром номгузорӣ шудани он дар нимҷа­зи­раи Арабистон бо масҷиди ҷомеъ ном гирифтани масҷиду оташка­даҳои тоҷикон як умумияте доранд. Дар бунёди фарҳанги мусул­мо­нӣ арабҳо аз арзишҳои тоисломӣ, ба хусус маълумоти девони шоирони қасидасаро даст накашиданд. Пас табиист, ки таъсири рафтору гуфтор ва анъанаву одатҳои дар муҳити фарҳангии ҳамин маъбаду оташкадаҳо шаклгирифта аз хотираи тоҷикони мусулмоншуда низ зудуда нагарди­данд. Густариши ҳукумати амирони сомонӣ дар тамоми қаламрави тоҷик­нишин арзишҳои миллии наврӯзиро дар муҳити созгори фарҳанги нав аз пештара пурҷилотар кард. Дар платформаи фарҳангии Сомониён муқаддасоти исломӣ бо арзишҳои миллии тоҷикон ҳеҷ зиддияту ихтилофе ба бор наовардааст. Дар як қитъаи тоза пайдошудаи шеъри устод Рӯдакӣ, ки ахиран дар матни дастнависи як тафсири Қуръон дар Ганҷинаи дастнависҳои шарқии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикис­тон бо эҳтимоми матншиноси шинохта С. Шаҳобуддинов ба даст омад, шаҳомати таҷлили Наврӯз дар дарбори Сомониён бисёр барҷаста тасвир шудааст:
                Сухан овардаму шамшеру қалам наврӯзӣ,
                То ба дастат бувадо мояи ҳар пирӯзӣ.
                Ба сухан май ба забон бошу ба шамшер бирез
Хуни аъдо, ба тавқеи қалам деҳ рӯзӣ.
Ҳамин муқаррарот ва пойдевори устувори фарҳангӣ, ки Сомониён ба мерос гузоштаанд, то ибтидои асри ХХ ҳамчун ҳофизаи миллӣ на танҳо барои тоҷикон, балки барои худшиносии дигар миллатҳои Осиёи Марказӣ низ хидматҳои шоёни таҳсин анҷом додаанд. Аз омӯзиши фар­ҳан­ги миллии наврӯзиҷавҳари тоҷикон ба осонӣ дарёфтан мумкин аст, ки арабҳо як идда суннатҳои мондагори ин ҷашни ниёгони моро, аз қабили дидору боздиди якдигар, яъне ба аёдати ҳам расидан, ба хотири ёди рӯҳи гузаштагон ҳозир шудан бар сари қабри мурдагон, мисли Наврӯз дар муддати 12 рӯз анҷом ёфтани маносики ҳаҷ, силаи раҳм, додани савғоту туҳфаҳои идӣ барин падидаҳои башардӯстонаи ин ҷашни покиро дар идроку ахлоқи динию фарҳангии худ бипазируфтаанд. Ин нишона­ҳои инсонпарварона аз асолати фарҳангсолории Наврӯзи хуҷас­та­пай муждаи ҷовидона медиҳад.
 
 
Файзулло Баротзода – раиси Комиссия оид ба
одоби вакилони Маҷлиси Намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
узви фраксияи ҲХДТ

Илова кунед