Вакили Маҷлиси намояндагон Зоир Раҳмонзода бо сокинони ноҳияи Фархор мулоқот намуд

19 Март 2021, Ҷумъа

Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  ноҳияи Фархор вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатаи Фархор, №34 Зоир Раҳмонзода бо сармутахассисони бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими шаҳраку деҳоти ноҳия ва имомхатибони масҷидҳои панҷвақтаи ҷамоатҳо баргузор гардид.
Зоир Раҳмонзода нахуст миннатдории самимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷиҳати фаъолона ширкат доштани сокинони ноҳия дар ду маъракаи сиёсии соли 2020 – Интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тамоми сокинони ноҳияи Фархор расонид.
Сипас вакили мардумӣ атрофи нуктаҳои муҳими Паёми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, оқибатҳои пандемияи коронавируси КОВИД-19 дар минтақа ва ҷаҳон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», рушди иқтисодиёти миллӣ, илм ва маориф, фарҳанг ва дигар масъалаҳои дар Паём зикргардида ибрози андеша кард.
Чунин мулоқоту суҳбатҳои вакил Зоир Раҳмонзода дар шуъбаи маорифи ноҳия бо омӯзгорон ва дар Беморхонаи марказӣ бо кормандони соҳаи тандурустӣ низ сурат гирифт.

Илова кунед