Ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон иловаҳо ворид мегардад

29 Март 2021, Душанбе

“-Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
Лоиҳаи Қонуни мазкур ҷиҳати ба танзим даровардани меъёрҳои ҳуқуқӣ зимни баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва таъмини ҷазои маъмурӣ дар қисмҳои мустақил, дидбонгоҳҳои алоҳида, дидбонгоҳҳои тобеи ҳарбикунонидашудаи хадамоти давлатии оташнишонӣ ва нозироти назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтор дар вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ таҳия гардидааст”.

Ин матлабро  Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Эмомалӣ Насриддинзода зимни баррасии “Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»  дар ҷаласаи Шурои Маҷлиси намояндагон, ки имрӯз таҳти раёсати муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода баргузор гардид, баён  намуд.
Дар ҷаласаи Шуро ҳамчунин таъкид карда шуд, ки сархати сеюми қисми 2 моддаи 98 Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав ифода карда мешавад, ки тибқи он барои баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва таъини ҷазои маъмурӣ аз номи мақомоти корҳои дохилӣ сардори сарраёсат ва муовинони ӯ, сардорони шуъбаҳои назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтор, сардорони раёсатҳо ва муовинони онҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, сардорони Хадамоти давлатии оташнишонӣ, сардорони қисмҳои мустақил, қисмҳои тобеъ, дидбонгоҳҳои алоҳида ва нозироти Хадамоти давлатии оташнишонӣ дар шаҳру ноҳияҳо оид баҳуқуқвайронкунии маъмурие, ки дар моддаҳои 287 ва 473 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, ҳуқуқ доранд.
Дар ҷаласаи Шӯро зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Эмомалӣ Насриддинзода таъкид намуд, ки лоиҳаи Қонуни мазкур бо мақсади пешгирӣ намудани муомилоти  ғайриқонунии намудҳои нави воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ ё ҳаммонанди (аналоги) онҳо, ҳамчун  маводи нашъовари муомилоташ манъшуда мебошад, ки дар конвесияҳои байналмилалии дахлдор ҳамчун воситаи нашъадор ё моддаҳои психотропӣ шинохта нашудааст. Моддаҳои психотропӣ ё ҳаммонанди (аналоги) онҳо, ба прекурсорҳо гурўҳбандӣ нашуда, инчунин ба рўйхати миллии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо дохил нагардидааст ва сохтори химиявию хусусиятҳояш ба сохтори химиявӣ ва хусусияти  маводи нашъаовар, ки таъсири психоактивӣ дорад, монанд мебошад. Дар асоси масъалаи ҷойдошта, тибқи лоиҳа ба ном ва диспозитсияи қисми 1 моддаҳои 200 (муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан), 201 (муносибати ғайриқонунӣ бо воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ), 202 (тасарруфи воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ), 203 (моил кардан ба истеъмоли воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ) ва 205 (ташкил ё нигаҳдошти фасодхона барои истеъмоли воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ) пас калимаҳои «моддаҳои психотропӣ» калимаҳои «ё ҳаммонанди (аналоги) онҳо» илова карда мешаванд.
Илова бар ин, ба диспозитсияи қисми 3 моддаи 289 (қочоқ)  пас аз калимаҳои «прекурсорҳои онҳо,» калимаҳои «ҳаммонанди (аналоги) маводи нашъаовар» илова карда мешаванд.
Ҳамчунин, ба эзоҳи моддаи 200, банди 4) илова карда мешавад, ки мувофиқи он миқдори кам, начандон калон, калон ва махсусан калони ҳаммонанди (аналоги) маводи нашъаовар ва моддаҳои психотропӣ ба миқдори кам, начандон калон, калон ва махсусан калони воситаҳои нашъадор ва моддҳои психотропӣ, ки маводи ҳаммонанди (аналоги) онҳо мебошанд, мувофиқанд.
Лоиҳаи Қонуни мазкур ба моддаҳои 10, 14, 20 ва 42 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.

Илова кунед