Ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот ворид мегардад
31 Март 2021, ЧоршанбеВакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум, ки имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода баргузор гардид лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021» лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия»-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Тибқи лоиҳаи Қонуни зикргардида воридоти маҳсулоти озуқа, сўзишвории дизелӣ ва бензин аз ҷониби Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда, аксиз ва боҷи гумрукӣ озод гардида, ворид намудани илова ба моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021» пешбинӣ мегардад.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро муовини якуми Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳикматуллозода Абдуғаффор ва вакили Маҷлиси намояндагон Усмонов Мансур ба вакилони мардумӣ пешниҳод намуда, иброз намуданд, ки лоиҳаи Қонуни мазкур бо мақсади пешгирӣ намудани муомилоти ғайриқонунии намудҳои нави воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ ё ҳаммонанди (аналоги) онҳо, ҳамчун маводи нашъовари муомилоташ манъшуда мебошад, ки дар конвесияҳои байналмилалии дахлдор ҳамчун воситаи нашъадор ё моддаҳои психотропӣ шинохта нашудааст.
Моддаҳои психотропӣ ё ҳаммонанди (аналоги) онҳо, ба прекурсорҳо гурўҳбандӣ нашуда, инчунин ба Рўйхати миллии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо дохил нагардидааст ва сохтори химиявию хусусиятҳояш ба сохтори химиявӣ ва хусусияти маводи нашъаовар, ки таъсири психоактивӣ дорад, монанд мебошад. Дар асоси масъалаи ҷойдошта, тибқи лоиҳа ба ном ва диспозитсияи қисми 1 моддаҳои 200 (муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан), 201 (муносибати ғайриқонунӣ бо воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ), 202 (тасарруфи воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ), 203 (моил кардан ба истеъмоли воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ) ва 205 (ташкил ё нигаҳдошти фасодхона барои истеъмоли воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ) пас калимаҳои «моддаҳои психотропӣ» калимаҳои «ё ҳаммонанди (аналоги) онҳо» илова карда мешаванд.
Ҳамчунин, ба эзоҳи моддаи 200, банди 4) илова карда мешавад, ки мувофиқи он миқдори кам, начандон калон, калон ва махсусан калони ҳаммонанди (аналоги) маводи нашъаовар ва моддаҳои психотропӣ ба миқдори кам, начандон калон, калон ва махсусан калони воситаҳои нашъадор ва моддҳои психотропӣ, ки маводи ҳаммонанди (аналоги) онҳо мебошанд, мувофиқанд.
Лоиҳаи мазкур бо мақсади татбиқи дастур ва нишондодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум аз 17 апрели соли 2020 ҷиҳати мусоидат намудан барои риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи Қонун ва бартараф намудани камбудиҳое, ки дар фаъолияти Маҷлисҳои маҳалии вакилони халқ ҷой доранд, таҳия ва пешниҳод шудааст.
