Мулоқоти Маҳмадтоир Зокирзода бо Маҳдум Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ

31 Март 2021, Чоршанбе

31.03.2021. Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон Маҳдум Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ,  ки бо мақсади иштирок дар 9-умин Конфронси “Қалби Осиё-Раванди Истамбул” дар Тоҷикистон қарор дорад, мулоқот намуд.
Раиси Маҷлиси намояндагон тавсеаи рӯзафзуни равобит бо Ҷумҳурии Исломии Покистонро иродаи давлати Тоҷикистон хонд ва иброз намуд, ки “- Мо аз ҳолати тамосҳои сиёсии Тоҷикистону Покистон, аз ҷумла дар сатҳи олӣ ва вазъи кунунии эътимоди комили байни ду давлат изҳори қаноатмандӣ карда, тавсеаи бештари ҳамкориҳои амалию мутақобилан судманд, самарабахш ва ҳадафмандонаи дуҷонибаро муҳим арзёбӣ менамоем.
Ҷумҳурии Исломии Покистон яке аз кишварҳои муҳим дар минтақа ба шумор меравад. Мехоҳам таъкид намоям, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба густариши минбаъдаи муносибатҳояш бо ин кишвари дӯст таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд.
Қобили зикр аст, ки ҳамкориҳои мутақобилан судманд байни кишварҳои дӯсти мо мунтазам инкишоф меёбанд. Мо омодаем тамоми самтҳоро ҷиҳати таҳким ва рушди ин ҳамкориҳо истифода барем.
Ҳамкориҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон бо кӯшишу талошҳои ҳарду тараф бемайлона рушд меёбанд. Тайи 29 соли муносибатҳо сафарҳои мутақобилаи расмӣ ва давлатии роҳбарони олии ду кишар  (сафарҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Покистон 1994, 1996, 1997, 2004, 2011, 2015 ва 2017) сурат гирифтааст.
Дар ин робита, миёни ду кишвар як қатор санадҳо дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, ташвиқ ва ҳимояи мутақобилаи сармоягузориҳо, ҳамкориҳо дар соҳаҳои иттилоот, фарҳангу маориф, тандурустӣ, алоқаи ҳавоӣ, мудофиа ҳамкориҳои амниятӣ ва ғайраҳо ба имзо расидааст. Ин санадҳо барои пешбурду ривоҷи ҳамкориҳои гуногунҷанба байни Тоҷикистон ва Покистон заминаи мусоиди ҳуқуқиро фароҳам овардаанд. Пешниҳод менамоем, то баҳри амалисозии ин пояи қарордодӣ иқдомоти ҷиддӣ сурат гирад.
Маҳмадтоир Зокирзода ҳамчунин иброз намуд, ки робитаҳои байнипарлумонии мо таърихи пурмуҳтаво дошта, то кунун дар сатҳи хуби дӯстона қарор гирифтаанд. Робитаҳои байнипарлумонии ҳарду кишвар дар тули 20 соли ахир фаъол гардида, боиси сафарҳои мунтазами гурӯҳҳои парлумонии Тоҷикистону Покистон гардиданд. Ҳамин тавр, 25 июни соли 2006 бори нахуст гурӯҳи парлумонии Покистон бо сардории Раиси Сенат ҷаноби Муҳаммад Мия Сумру бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард.
Бо мақсади густариши робитаҳои дуҷониба 15-18 марти соли 2016 бо даъвати Раиси Ассамблеяи миллии Ҷумҳурии Исломии Покистон ҷаноби Сардор Аёз Содиқ сафари расмии ҳайати парламентии Тоҷикистон бо роҳбарии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Покистон доир гардид. Ҳамзамон дар ҳошияи ин сафар ҷаласаи аввали гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Покистон сурат гирифт.
Мо аз робитаҳои байнипарлумонии ду кишвар қаноатманд буда, мунтазам баҳри нафаси тоза бахшидани онҳо саъй мекунем. Мавриди зикр аст, ки соли 2017 сафари Раиси Кумита оид ба сохторҳои давлатии Сенати Покистон ва роҳбари Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Покистон Муҳаммад Маҳмуд Талҳа ба шаҳри Душанбе доир гардид. Умедворем, ки дар оянда низ механизми мазкур кори худро боз ҳам фаъолтар хоҳад кард.  
Раванди Истанбул “Қалби Осиё”,-гуфт Маҳмадтоир Зокирзода,-  яке аз механизмҳои ҳамкориҳои минтақавӣ буда, ҷиҳати ҳалли қазияи Афғонистон  ва тавсеаи ҳамкориҳои ин кишвар бо ҳамсоягон ва шарикони рушд созмон гардидааст. Тоҷикистон ва Покистон, ки бо Афғонистон марзҳои дарозтарин доранд дар ин раванд яке аз бозигарони калидӣ маҳсуб ёфта, баҳри истиқрори сулҳу субот дар минтақа манфиатдор мебошанд.
Ҳукумати Тоҷикистон аз роҳандозии ҳамагуна тарҳҳо, ки барои эҳёи ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ ва таъмини амнияти Афғонистон зарур аст, истиқбол мекунад.
Имрӯз дар Маҷлиси намояндагон Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ассамблеяи миллии Ҷумҳурии Исломии Покистон фаъолият дорад.
Бо истифода аз ин фурсат мехоҳам бори дигар рағбати содиқонаи инҷонибро барои фаъолияти муштарак ҷиҳати таҳкиму таќвияти равобити ду кишвар ва инкишофу шукуфоии онҳо, ки асли ормонҳои мост, ба Шумо ташаккури бепоёни худро иброз менамоям.
Мо мутмаинем, ки робитаҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон дар оянда тавсеаи бештар ёфта, ба манфиати ду мардуми дӯст хизмат хоҳанд кард, -гуфт дар анҷоми мулоқот Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода.
Гуфтугӯи судманд, ҳамчунин доир ба авзои кунунии минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла бозсозии иқтисодиёту иҷтимоиёти Афғонистон ва саҳмгузории муштарак дар ин амри муҳим, сурат гирифт.

Илова кунед