Вакилони Маҷлиси намояндагон аз намоишномаи «Зол ва Рӯдоба» дидан намуданд

02 Апрел 2021, Ҷумъа

Имрӯз вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи чорабиниҳои маърифатию фарҳангӣ аз намоишномаи «Зол ва Рӯдоба»-и балети Шуҳрат Ашуров аз рӯи асари «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ дидан намуданд. 

Дар анҷоми намоишномаи мазкур, « -дар қасри Нимрӯз базми арӯсии Рӯдоба ва Зол баргузор мегардад. Ҳама аз пайванди ҷавонон шоданд. Сом, тоҷро ба Зол бахшида, давлатдориро ба ӯ месупорад ва худ назди ҳамсари хушбахташ меравад. Зол дасти Рӯдобаро мегирад, нигоҳи онҳо ба ояндаи дурахшон аст…»
Занон,  дар «Шоҳнома» аз беҳтарин қахрамонони асар ҳисоб меёбанд, ки дар душвортарин лаҳзаҳои ҳаёт ҷасорат ва мардонагӣ зоҳир менамоянд.
Абулқосим Фирдавсӣ номвартарин шоир ва яке аз ситорагони дурахшандаи адабиёти тоҷику форс буда, аксари муҳаққиқон «Шоҳнома»-и уро беҳтарин хамосаи адабиёти ҷахонӣ номидаанд. Симой қахрамонони хамосаи миллӣ дар адабиёти ҷаҳон ва марҳилаи инкишофи таьрихии адабиёти миллӣ яке аз проблемахои хеле ҷиддии илми адабиётшиносӣ мебошад.
Симои зан-модар, махсусан мақоми он дар «Шоҳнома»-и Фирдавсй хусусиятҳои ба худ хос дорад. Яке аз сабабҳои интихоб намудани ин мавзуъ он аст, ки дар ҷомеаи имрӯза масьалаи зан яке аз проблемаҳои асосй ба шумор рафта, он на танҳо диққати донишмандонро ба худ ҷалб кардааст, балки ҳамчун як проблемаи бузурги тендери дониста шуда, таваҷҷухи муассисаҳои бонуфузи давлатию- ғайридавлатиро низ ба худ ҷалб намудааст. Мавзуи мазкур марҳилаҳои пайдоиш ва инкишофи хамосаи миллиро аз лиҳози нақши қахрамонй дар робита бо образи занон-модарон дар бар мегирад.

Ҳамин аст, ки дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ мафҳуми зан-модар хеле густурдаву доманадор аст. Зан-модар асоси ҷомиа, тавлидкунандаи хаёли инсоният, сутуни ҳар хонадон ва чароғи кошонаи тамоми мардуми рӯи олам мебошад. Зан-модар чун қаҳрамони саҳнаи пайкору набардҳо ба осори адабии мардуми Машрикзамин ворид шуда, на танхо дар сарнавишти ақвоми ориёӣ, ҳамчунин дар адабиёти мардумони бурунмарзӣ таьсири бузург расонидааст. Аз ин рӯ, қисми зиёди шоирону нависандагони русу олмон, итолиёиву фаронсавӣ ва қавму миллатҳои дигар персонажҳои адабиёти форсу тоҷикро чун намунаи беҳтарину барҷаста пазируфтаанд.

Абулқосим Фирдавсӣ на танхо қахрамониҳои қаҳрамононро моҳирона тасвир мекунад балки инчунин психологияи занонро бо маҳорати баланди бадеӣ нишон додааст. Аз ин ҷиҳат низ уро бо драматургони бузурги ҷаҳон дар як қатор гузоштан мумкин аст.




Илова кунед