Муҳимиятии ташаббусҳои обии тоҷикистон

07 Апрел 2021, Чоршанбе

Об дар баробари хок, бод ва оташ яке аз чор унсури азал, муъҷизаи бузургтарин ва сар­вати бебаҳотарини кураи замин буда, мавҷудияти ҳаёт дар би­осфера маҳз аз вуҷуд дошта­ни об вобастагӣ дорад. Дар ин маврид, дар арсаи ҷаҳонӣ маҳз саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббусу ибтикороташон оид ба ҳифзу нигоҳдорӣ ва сама­раноку оқилона истифодабарии захираҳои оби нӯшокӣ дар ҷаҳон маъруф гардидааст.
Ду масъалаи ҳалталаб ва мубрами имрӯза, ки тамоми аҳли сайёраро ба ташвиш овардааст, тағйирёбии гло­балии иқлим ва истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ мебошад. Ҳар ду ин масъала дар маркази таваҷҷуҳи Пе­швои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, оид ба ҳалли ин масоил аз ҷониби Сарвари дав­лати тоҷикон дар сатҳи байналми­лалӣ иқдомҳои наҷиб ироа гаштааст, ки аз ҷониби мамолики дигари ҷаҳон дастгирӣ ёфтанд.
Чунончӣ, бо пешниҳоди Прези­денти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иҷлосияи 54-уми Маҷмаи Умумии СММ (1-уми октябри 1999) дар саросари ҷахон соли 2003 - Соли оби тоза эълон карда шуд. Сипас, бо ташаббуси дигари Пешвои му­аззами миллат санаи 23-юми де­кабри соли 2003 Маҷмааи Уму­мии СММ дар асоси Эъломияи Душанбе Қатъномаи дахлдорро қабул карда, солҳои 2005-2015- ро Даҳсолаи байналмиладии амал «Об барои ҳаёт» эълон кард. Аз­баски дар тамоми курраи арз беш аз 240 дарёи сарҳадгузар мавҷуд асту аз онҳо зиёда аз 170 кишвари мухталифи дунё истифода менамо­янд, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарки муҳимияти ин масъала, 21 июни соли 2012 дар шаҳри Рио- де-Жанейро дар чорабинии якҷояи ЮНЕСКО ва сохтори идораи СММ оид ба масоили самаранок истифо­дабарии об суханронии пурмуҳтаво намуданд.
Маҳз ин ташаббус ва пешниҳодоти Пешвои муазза­ми миллати тоҷиконро ба инобат гирифта, Маҷмаи Умумии СММ 20-уми декабри 2010 соли 2013-ро Соли байналмилалии ҳамкориҳо дар соҳаи об эълон кард, ки он аз ҷониби 190 кишвари олам пуштибонӣ ёфт. Аз рўи иқдоми чаҳоруми Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон 21-уми декабри соли 2016 зимни ҷаласаи плена­рии Маҷмааи Умумии СММ бо ҳаммуаллифии 177 кишвари аъзои ин созмон таҳти унвони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» қабул гардид. Яке аз ҳадафҳои меҳварии он аст, ки Даҳсолаи байналмила­лии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» барои таъмини амния­ти экологии сайёра нақши бағоят амиқ дорад.
Ин икдомҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти об ҷолиби диққату қобили таваҷҷуҳи халқу мамлакатҳои дунё гардидааст.
Оре, об манбаи ҳастии ҳамаи мавҷудоти олам аст. Об захираи бузургест, ки воқеияти он ҷаҳону зиндагониро таровату зебоӣ ва сарсабзиву озодагӣ мебахшад. Ҳастии гулу гиёҳ, ҳайвоноту наботот, растаниву инсоният, хосса зиндагии осоиштаву ободӣ ва озодагиву пурбаракатӣ ҳама бо об вобастагӣ дорад.
Обро инсон барои истеъмол, шустушӯю тамизгардонӣ, сохтани манзил, тозагии кӯчахо, обёрии заминҳо истифода мебарад. Инчунин одам бо роҳҳои обӣ заврақу киштӣ ронда, ҳар гуна бор ва мусофиронро мекашонад.
Оби шаршарадор турбинаҳоро ба ҳаракат дароварда, ҷараёни электрикӣ ҳосил мекунад. Бо қувваи оби зиёд чархи санги осёб, дастакҳои обҷувоз ҳаракат мекунанд. Кори ягон соҳаи саноат бе об пеш намеравад. Дар фабрикаву заводҳо обро барои тайёр кардани маҳлули рангҳо, оҳар додани матоъ, коркарди пӯст, тайёр кардани қоғаз, собун, нонпазӣ, нӯшокиҳои гуногун истифода мебаранд.
Инсон бе об зиндагӣ карда наметавонад. Ҳатто қисмати зиёди вазни бадани инсоният аз об иборат аст. Инсон дар тамоми лаҳзаҳои ҳаёташ аз об истифода мебарад. Об одамро аз ифлосию нопокӣ, аз бемориву дардҳо эмин мегардонад. Об барои рушду нумуъ ёфтани сабзавоту наботот ва ҳайвонотро, ки ниёзҳои инсониро бароварда мегардонанд, манбаи асосист. Ҳатто намии замин аз об аст, ки бе он ягон растанӣ ва гулу гиёҳ намерӯяд. Ба қавли бузургон «Об асоси ҳастии ҳаёт аст ва ҳаёт бидуни об вуҷуд надорад!»
  
 
Фазлиддин Икромов,
вакили Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
аъзои Кумитаи тартиботи ҳуқуқӣ,
мудофиа ва амният, муовини раиси
Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагон

Илова кунед