«Иҷрои Барномаи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020» баррасӣ гардид

08 Апрел 2021, Панҷшанбе

Имрӯз таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ бо  иштироки вакилони Маҷлиси намояндагон, роҳбарияти вазорати  молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокимаи парламентӣ  дар  мавзӯи «Иҷрои Барномаи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020» баргузор гардид.


Дар назди ҳозирин муовини Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Лутфия Абдухолиқзода баромад намуда иброз намуданд, ки 22 декабри соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатии худ пешниҳод намуданд, ки бо мақсади тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, инчунин, ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ соли 2018 дар кишвар «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон карда шавад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  таъкид намуданд, ки шароити мусоиди табиӣ ва иқлими Тоҷикистон барои ба роҳ мондани хизматрасонии муосири сайёҳӣ ва инкишофи намудҳои гуногуни он имконияти беҳтарин муҳайё кардааст.

“Танҳо зарур аст, ки инфрасохтори муосир бунёд ва сифати хизматрасонӣ дар сатҳи байналмилалӣ ба роҳ монда шавад” — таъкид намуданд Сарвари давлат, ва маҳз ҳамин ташаббуси Роҳбари давлат дар навбати худ барои таҳияи барномаи махсус барои рушди соҳаи сайёҳӣ асос гардид.
Дар самти тадбирҳо оид ба такмили қонунгузории соҳаи сайёҳӣ ва соҳаҳои ба он омехта ҷиҳати беҳдошти фаъолият дар доираи Барномаи мазкур “Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”, лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2019-2022 оид ба амалисозии “Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳунармандӣ” таҳия ва тасдиқ гардид.

Дар самти “Такмили ихтисоси кадрҳо ва таъминоти илмӣ-методии соҳаи сайёҳӣ” низ як қатор коҳои муфид ба анҷом расонида шуданд.
Имрӯзҳо дар 14 муассисаи олии касбии ҷумҳурӣ 2112 нафар ва 550 нафар дар колеҷҳо аз рӯи 16 ихтисоси соҳаи сайёҳӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Дар Паёми соли 2019 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади муҳайё намудани шароити муосири таълимӣ барои тарбияи кадрҳои соҳаи сайёҳӣ, дар заминаи Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат таъсис дода шуд.

Барои амалӣ намудани қисми “Таъмини бехатарии сайёҳон” як қатор корҳо ба анҷом рамонда шуданд, ки бо мақсади густариши ҳамкориҳои муфид ва барои ба танзим даровардани фаъолияти ширкатҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати паст намудани хавфи оқибатҳои нохуш равона карда шуданд.
Дар ин самт метовон ҳамкориҳои судманди Кумитаро бо мақомотҳои дахлдори давлатӣ, ки ба беҳбудиву бехатарии ҷомеаи шаҳрвандӣ ва сайёҳони хориҷӣ равна гардидаанд қайд намуд.
Бо мақсади андешдани тадбирҳои муфид ҷиҳати муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ, табиати назаррабои диёри зебоманзари кишварамон ва маконҳои таърихию фаҳангӣ, муаррифӣ ва ҳифзи ҳайвоноту набототи нодири Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон таъсиси хатсайри экологӣ бо мақсади ҷалби сайёҳони дохилию хориҷӣ равона гардидааст, ки дар ин самт низ аз ҷониби Кумита як қатор корҳои муфид ба анҷом расонида шудааст.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҷиҳати татбиқи Барномаи мазкур дар Ҷумҳурӣ корҳои назаррас бисёр ба анҷом расонида шудааст, ки дар натиҷа имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ гардида, таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба захираҳои соҳаи сайёҳии ҷумҳурӣ ба маротиб афзуд ва ҷуғрофияи ташрифоти шаҳрвандони хориҷӣ ба ҳайси сайёҳ ба мамлакат зиёд гардид.
Тибқи таҳлилҳои оморӣ соли 2018 нишондиҳандаҳо то ҳадди имкон натиҷагирӣ карда шуда, бори нахуст дар даврони соҳибистиқлолӣ шумораи сайёҳони хориҷӣ ба 1 млн. 155 ҳазор нафар расид, ки нисбат ба як соли пеш 2,6 маротиба зиёд мебошад. Дар соли 2019 аз шумораи умумии шаҳрвандони хориҷии ба ҷумҳурӣ ташриф оварда 1 млн. 257 ҳазору 300 нафар ба ҳайси сайёҳ арзёбӣ гардид.
Новобаста аз корҳои ба анҷом расида, дар самти рушди сайёҳии кишвар камбудиву норасогиҳои зиёд низ мавҷуд аст, ки бо тақозои замони муосир мебоист онҳоро ҳарчи зудтар бартараф намуд.
Сипас, аз рӯи масъалаи рӯзнома дар назди иштирокчиёни муҳокимаи парлумонӣ Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷуразода ва дигарон  баромад намуданд.
Тибқи нақшаи чорабини миёни вакилони Маҷлиси намояндагон ва роҳбарияти вазорату кумитаҳои дахлдори кишвар саволу ҷавоб ва музокираҳо сурат гирифт.
Дар анҷоми муҳокимаи парлумонӣ мутобиқи банди 277 боби 8 Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи масъалаи муҳокимаи парламентӣ «Иҷрои Барномаи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020» бо назардошти таклифу эродҳое, ки дар маърӯзаву баромадҳо қайд гардиданд,  қарор ва тавсияҳои муҳокимаи парлумони қабул карда шуд.

Илова кунед