Семинари омӯзиши баргузор гардид

08 Апрел 2021, Панҷшанбе

Имрӯз бо ташаббуси Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон семинар машварат дар мавзӯи «Шарҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» баргузор гардид.

Муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон Ғайраатшоҳ Тағойзода бо сухани ифтитоҳи дар назди ҳозирин баромад намуда роҷеъ ба мавзӯи мазкур  ахбороти муфассал дод.
Аз рӯи масъалаи мазкур дар назди ҳозирин корманди масъули Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон Соима Бобобекова баромад намуда, иброз намуд, ки бо соҳибистиқлол гардидани Чумҳурии Тоҷикистон то ба имрўз санадҳои меъёрии ҳуқуқии зиёде қабул карда шуданд. Ҷараёни таҳия қабул, интишор ва мурратабсозии санади меъёрии ҳуқуқӣ барои низоми ҳуқуқии ҳамагуна давлат аҳамияти муҳим дорад. Ҳангоми ҳуқуқэҷодкунӣ он қоидаҳои рафторе ифода карда мешаванд, ки аз рўи он ҷамъият, зиндагӣ ва ҳаёти шаҳрвандон, шахсони ҳуқуқи ва давлат ба танзим дароварда мешавад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти мамлакат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намуданд, ки  ташаккули давлати демокративу ҳуқуқбунёд, қабл аз ҳама ба сифати баланди қонунҳои давлат, фаъолияти пурсамари парламент, маҳорати касбӣ, сатҳи масъулиятшиносӣ ва фарҳанги ҳуқуқии вакилони Маҷлиси намояндагон ва аъзоёни Маҷлиси миллӣ вобаста мебошад. Аз ин лиҳоз мақоми олии қонунгузории кишвар бояд ба сатҳу сифати қонунҳо эътибори ҷиддӣ диҳад. Зеро то кадом андоза ҳуқуқбунёд будани давлат аз сатҳу сифати қонунҳои қабул намудаи он сахт вобастаги дорад.
Бояд қайд намуд, ки бори аввал Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ» дар ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон соли 1998 қабул гардид ва он аз 8- боб,  54 моддаиборат буд.
Марҳалаи дуюм бошад Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 декабри соли 2003  «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» дар  таҳрири нав қабул гардид, ки он 11- боб ва81 моддаро дар бар мегирифт.
Марҳилаи сеюм бошад соли 2009-ро фаро гирифта бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» дар тахрири нав қабул шуд ва аз 11 –боб ва 78 модда иборат буд.
Бо таѓйир гардидани муносибатҳо дар самти қонунэҷодкунӣ ва пешравии техникаи иттилооти қонун дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» аз30 майи соли 2017 аз эътибор соқит дониста шуд ва бо мазмуни пурра аз нав қабул гардид, ки то имруз мавриди амал қарор дорад.
Конуни мазкур  аз 12 боб ва 96 модда иборат мебошад. Бояд зикр намуд, ки Қонун доираи му­но­­си­бат­ҳоеро муайян менамояд, ки предмети батан­зимдарории Қонуни мазкур мебошад. Ба онҳо танзими муносибатҳои ҷамъияти дар самти фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ, принсипҳои асосӣ, мафҳум, намуд, низом, таносуби байни санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, эътибори ҳуқуқӣ, тартиби умумии таҳия, экспертиза, қабул, интишор, баҳисобгирӣ, бақайдгирии давлатӣ, амал, тафсир, мураттабсозии онҳо ва роҳҳои ҳалли ихтилофоти ҳуқуқиро муайян мекунад. Дар қисми 2 модда Хусусиятҳои таҳия, тасдиқ, қабул, бақайдгирӣ, мавриди амал қарор додан, интишор, таѓйир додан, ворид намудани илова, қатъ кардан ё боздоштани амали намудҳои алоҳидаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ҳамчунин бо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки фаъолияти мақомоти давлатӣ (шахсони мансабдори онҳо)- ро дар соҳаи фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ танзим мекунанд, муайян карда мешаванд.
Дар моддаи 2 қонун мазмун ва мафҳуми истилоҳоти асосӣ ва мафҳумҳо кушода дода шудаанд. Чунин муносибати қонунгузор на танҳо оқило­на, балки зарур буда, имконият медиҳад, ки аниқӣ ва фаҳ­могии истилоҳоти истифодашударо дар қо­нуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таъмин карда шавад. Дар сархати якуми моддаи тафсиршаванда мафҳуми санади меъёрии ҳуқуқӣ оварда шудааст. санади меъёрии ҳуқуқӣ – ҳуҷҷати расмии шакли муқарраршудаест, ки бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ ё аз ҷониби мақомоти давлатӣ ё худидоракунии шаҳрак ва деҳот ё шахси мансабдори ваколатдори давлатӣ қабул гардида, хусусияти умумиҳатмӣ дорад ва меъёрҳои ҳуқуқиро муқаррар менамояд, таѓйир медиҳад ва ё бекор мекунад
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, судҳои вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, инчунин Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои онҳо дар маҳалҳо уҳдадоранд мураттабсозии санадҳои меъёрии ҳуқуқиро тибқи Таснифи ягонаи умумиҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монанд. Мақомоти мазкур нусхаҳои назоратии санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар қисми 2 моддаи 9 Қонуни мазкур пешбинишударо пеш мебаранд ва саривақт ворид намудани таѓйиру иловаҳоро ба онҳо таъмин менамоянд.
Ҳамин тариқ, Маҷлиси намояндагон қонунро бо тарафдории аксарияти шумораи умумии вакилони Маҷлиси намояндагон қабул мекунанд. Қонунҳои аз ҷониби Маҷлиси намояндагон қабулгардида барои ҷонибдорӣ ба Маҷлиси миллӣ пешниҳод карда мешаванд, ба истиснои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи буҷети давлатӣ ва авф, ки қонунҳои мазкур танҳо аз ҷониби Маҷлиси намояндагон қабул карда мешаванд.
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ қонуни аз ҷониби Маҷлиси намояндагон қабулгардидаро бо тарафдории аксарияти шумораи умумии аъзои Маҷлиси миллӣ ҷонибдорӣ мекунанд. Дар мавриди дастгирӣ наёфтани қонун аз ҷониби Маҷлиси миллӣ он ба Маҷлиси намояндагон баргардонида мешавад. Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунро такроран баррасӣ менамояд ва он бо тарафдории аз се ду ҳиссаи шумораи умумии вакилони Маҷлиси намояндагон қабул карда мешавад.
Қонунҳои қабулнамудаи Маҷлиси намояндагон ва аз ҷониби Маҷлиси миллӣ ҷонибдориёфта дар давоми як ҳафта барои имзо ва интишор ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда мешаванд. Агар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қонун ё қисми аз он розӣ набошад, қонунро дар давоми понздаҳ рўз бо далелу эродҳо ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармегардонад.
Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қонуни мазкурро такроран баррасӣ менамоянд. Дар мавриди баррасии такрорӣ, агар қонун дар матни пештар қабулшудааш бо аксарияти овозҳо (аз се ду ҳиссаи шумораи умумии аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон) дастгирӣ ёбад, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати даҳ рўз ба қонун имзо мегузорад ва он интишор карда мешавад.
Шарти муҳими эътибори ҳуқуқӣ пайдо кардани санади меъёрии ҳуқуқии қабулгардида ва ё баимзорасида, аз ҷумла қонун интишори расмии он мебошад, - гуфт дар анҷоми баромадаш корманди масъули Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон Соима Бобобекова.

Илова кунед