Фаъолияти роҳдорӣ танзим мегардад

12 Апрел 2021, Душанбе

„-Лоиҳаи ҚонуниҶумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ», ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст, асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ ва иқтисодии фаъолияти роҳдорӣ, рушди шабакаи роҳҳои автомобилгард ва истифодаи онро муайян намуда, барои танзим ва идоракунии фаъолияти роҳдорӣ, қонеъ гардонидани талаботи аҳолӣ, давлат, субъектҳои фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард, равона гардидааст”.
Ин матлабро  Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Амонулло Хайрулло зимни баррасии “Лоиҳаи ҚонуниҶумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ», дар ҷаласаи Шурои Маҷлиси намояндагон, ки имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода баргузор гардид, баён  намуд.
Амонулло Хайрулло ҳамчунин иброз намуд, ки Қонуни мазкур дар доираи Созишномаҳои дуҷониба, Конвенсияҳо ва Созишномаҳои байналмилалии эътироф намудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳамоҳангсозӣ, танзим ва ташкили идоракунии давлатӣ дар фаъолияти роҳдорӣ ва дар асоси иқдоми пешгирифтаи Ҳукумати ҶумҳурииТоҷикистон ҷиҳати аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардан ва ба кишвари транзитӣ табдил додани мамлакатамон бо роҳи амалисозии лоиҳаҳои сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири роҳҳои автомобилгард таҳия гардидааст.
Қонуни мазкур аз 7 боб ва 60 модда иборат буда, фаъолияти роҳдориро танзим намуда, ҳангоми лоиҳакашӣ, сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири роҳҳои автомобилгард, кӯчаҳо, иншоотҳои сунъӣ, таъмини ҳаракати воситаҳои нақлиёт, ободонӣ, сохтмони нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ ва дигари ншоотҳои хизматрасонӣ, ки дар канори роҳҳо ҷойгир карда мешаванд, мутобиқати онҳоро ба талаботу қоидаҳо, меъёрҳо ва стандартҳои бехатарии роҳҳо таъмин менамояд.
Дар ҷаласаи Шӯро ҳамчунин  лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш» мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Таъкид карда шуд, ки Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва таъмини фаъолиятро дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, Кумитаи паралимпии Тоҷикистон ва Кумитаи сурдлимпии Тоҷикистон якҷо бо ташкилотҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзишӣ ва федератсияҳои варзишии маъюбон рушди варзиши маъюбон ва шахсони имконияташон маҳдудро таъмин карда, чорабиниҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиширо бо иштироки варзишгарони маъюб ва шахсони имконияташон маҳдуд ташкил намуда, барои таъсиси ташкилотҳои тайёрии варзишӣ барои тавонбахшӣ ва ҳифзи иҷтимоии варзишгарони маъюб ва шахсони имконияташон маҳдуд мусоидат карда, барои тайёрӣ ва иштироки дастаҳои мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон байни маъюбон дар мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ, аз ҷумла дар бозиҳои паралимпӣ, сурдлимпӣ ва олимпиадаи махсуси умумиҷаҳонӣ шароити заруриро таъмин менамоянд.

Илова кунед