Вакилони Маҷлиси намояндагон дар кори комиссияҳои Ассамблеяи Байнипарлумонӣ фаъолона иштирок намуданд

15 Апрел 2021, Панҷшанбе

Вакилони Маҷлиси намояндагон-Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Рустам Шоҳмурод, Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода, Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Файзулло Машраб дар кори ҷаласаҳои нақшавии комиссияҳои доимии Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба масъалаҳои мудофиа ва амният, иқтисод ва молия, сиёсат ва ҳамкориҳои байналмилалӣ,  сиёсати хориҷӣ дар реҷаи фосилавӣ (онлайн) фаъолона ширкат варзида, фикру андешаҳои хешро нисбат ба мавзуъҳои дар ин чорабиниҳо баррасишуда иброз намуданд.

Вакилони Маҷлиси намояндагон дар баробари дигар вакилони парламентҳои давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бештар масъалаҳоеро муҳокима намуданд, ки аксари кулли онҳо ба масъалаҳои ҷустуҷӯи роҳҳои вусъат бахшидан ба равандҳои ҳамгироии иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ дар байни давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бахшида шуда буданд.
Аз ҷумла дар рӯзнома- қонунҳои намунавӣ "Дар бораи амнияти миллӣ", "Дар бораи системаи ягонаи даъват ба хадамоти ҳолатҳои фавқулодда", "Дар бораи хариди давлатӣ", "Дар бораи дороиҳои молиявии рақамӣ", "Дар бораи тағирёбии рақамии соҳаҳои давлатҳои аъзои ИДМ", Тавсияҳо оид ба рушди ҳамкории давлатҳои узви ИДМ дар соҳаи амнияти иқтисодӣ, Кодекси намунавии андоз барои давлатҳои аъзои ИДМ. мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Иштирокчиёни кори ҷаласаҳои нақшавии комиссияҳои доимии Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳамчунин таъкид намуданд, ки ҳамкориҳои байнипарлумонии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаклҳои гуногуни ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба амалӣ карда мешаванд. Аз рӯзи таъсисёбӣ Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои узви ИДМ-Ассамблеяи байнипарлумонӣ мақоми худро ҳамчун як платформаи оптималӣ барои кори якҷояи парлумонҳо, муҳокимаи масъалаҳои мубрами рӯз ва наздикшавии мавқеи давлатҳои ИДМ собит менамояд. Пойгоҳи таҳияшудаи қонунгузории намунавӣ ва таҷрибаи муқарраргардидаи ташкили ҳамкориҳои байнипарлумонӣ ба парлумонҳо имкон медиҳад, ки дар равандҳои ҳамгироӣ дар шаклҳо ва параметрҳои барои онҳо қобили қабул ширкат варзанд.
Дар кори ҷаласаҳои нақшавии комиссияҳои доимии Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил намояндаи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қароргоҳи Ассамблеяи Байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Санкт — Петербург Бахтовар Сафарзода иштирок намуд.

Илова кунед