Душанбе дар масири созандагиҳо

16 Апрел 2021, Ҷумъа


(ба ифтихори рӯзи пойтахти азизамон, шаҳри Душанбе)
Таърих гувоҳ аст, ки фарҳангу маърифати волои ҳар як қавму миллат аз сатҳу сифати шаҳрдориву пойтахти он баҳогузорӣ карда мешавад. Бозёфтҳои археологӣ ва маъхазҳои таърихӣ гувоҳанд, ки нахустин шаҳраки бостонӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистони имрӯза ҳанӯз дар асрҳои 3 ва ё 4 то милод, замони аҳди Кӯшониён, арзи ҳастӣ кардааст. Пойтахти кунунии Тоҷикистон мутобиқи маълумоти таърихӣ аз як деҳаи хурде шурӯъ мешавад. Дар ин макон ҳар рӯзи душанбе аз гирду атроф савдогарону тоҷирон ҷамъ омада, бозору нуқтаҳои маҳсулоти ниёзи мардумро ташкил мекарданд. Тавре аз баъзе маъхазҳо бармеояд, бори нахуст номи рустои Душанбе соли 1676 зикр шудааст. Ҳамин тариқ, бо такя ба асноду далелҳои мавҷуда, шаҳри Душанбе соли 1924 ҳамчун пойтахти Ҷумҳурии мухтори Шӯравии сотсиалистии Тоҷикистон эълон гардид.
Тавзеҳи сухани муқаддимотӣ ин аст, ки мардуми шарифи Тоҷикистон дар ибтидои соҳибистиқлолии кишвар имтиҳони сангини таърихӣ, яъне ҷанги нангину хунини шаҳрвандиро, пушти сар карда, хушбахтона, бо заҳматҳои содиқона сарзамини аҷдодии худро хеле ободу пешрафта гардониданд. Ҳарчанд афзалиятҳои иқтисодии кишвар дар даҳаи аввали соҳибистиқлолӣ хеле камтару маҳдудтар буд, раванди корҳои азнавсозию бунёдӣ тадриҷан шаклу равиши тоза гирифта, ин ҷараён ба эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ, садоқат ба Ватан ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ табдил ёфт. Маҳз ҳамин масъулияту ифтихор ва нангу номуси миллии мардум буд, ки шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – оинаи миллатнамои кишвар, умедгоҳи тоҷикону тоҷикистониён, пойтахти ҷаҳонии об ва шаҳри дӯстию бародаршаҳрии 18 шаҳри ҷаҳон шинохта шуд...
Душанбе - гаҳвораи тамаддуни миллат
“Агар шахс аз падару модар, бузургони гузаштаи худ ифтихор дошта бошад, онгоҳ ҳар сокини Тоҷикистон ҳуқуқи маънавии комил дорад, ки бо номи Ватан ва пойтахти он – шаҳри Душанбе ифтихор кунад. Зеро Душанбе гаҳвораи эҳёи миллати тоҷик, ягонагии ормонҳои тоҷикон ва ҳамаи тоҷикистониён мебошад”.
Ин дурдонагуфтори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намунаи олии баҳогузории шинохти арзишҳои баланди таърихи деринаи миллат буда, ҳар яки моро ба раванди афзун бахшидани тадбирҳои нав ба нави созандагиҳо ба шинохти умедсаройи тоҷикониҷаҳон – шаҳри Душанбе ҳидоят месозад.
Боиси ифтихори бузург аст, ки шаҳри Душанбе дар як муҳлати кӯтоҳи таърихӣ симояшро комилан дигаргун намуда, ба сифати яке аз шаҳрҳои рӯ ба инкишоф мавқеъ ва нуфузашро на танҳо дар сатҳи минтақа, балки дар ҷомеаи ҷаҳонӣ рӯз аз рӯз устувортару намоёнтар гардонида истодааст.
Дар ин маврид якчанд санаҳои арзишмандеро ёдовар шудан бамаврид аст, ки давоми солҳои 2017 - 2021 пойтахти кишварамон мизбони якчанд ҳамоишҳои байналмилалӣ, конфронси сатҳи баланди созмонҳои бонуфуз буд.
 Неруи тавоно ва фитрати устувори ҷавонӣ
12-уми январи соли 2017 дар таърихи пойтахти азизамон-шаҳри Душанбе рӯйдоди муҳиму хотирмон ба вуқӯъ пайваст, ки аз самараи он пойтахти кишвар ба дигаргуниҳои навину созандагиҳо рӯ ба рӯ гардид. Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Рустами Эмомалӣ ҳамчун роҳбари ҷавонтарин бори нахуст дар саҳифаҳои таърихи давлатдории тоҷикон ба сифати иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Душанбе таъйин гардида, давоми фаъолияти худ ҳамчун шаҳрдори ҷавон ва Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе тавассути фаъолияти босамару заҳматҳои аҳлонаи сокинони сарбаландаш ба дастовардҳои беназир ноил гардид.
Воқеан ҳам, масири паймудаи ҳар як марҳилаи тайкарда, бо таваҷҷуҳ ба татбиқи босамари ҳадафҳои стратегӣ, муаррифии Ватан ҳамчун кишвари пешоҳангу ташаббускор ва расидан ба марҳилаҳои сифатноки ҷомеа мактаберо мемонад, ки иқдомҳои ҷавонпарварона ва омӯзандаи Пешвояш чун Эмомалӣ Раҳмон боиси дастгирии аҳли сайёра гардидааст.
Дастгириҳои ҷавонпарварона ва пайвастаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон аст, ки имрӯз ҷавонони бо нангу номус ва қавиирода баҳри ободии кишвараи азизамон саҳми арзандаи хешро дар ҳама соҳаҳои хоҷагии халқ гузошта истодаанд.
Талошҳои шабонарӯзии шаҳрдори ҷавон бори дигар бовариву эътимоду эътиқоди Пешвои миллатро ба ҷавонон дучанд гардонид ва ҳамин заҳматҳо ва корҳои ободониву созандагиҳо буд, ки соли сипаригардида дар таърихи давлатамон боз як таҳавуллоти бузурги таърихӣ ба вуқуъ пайваст. Ин интихоби шаҳрдори ҷавон ба ҳайси Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Дар ин самт низ, давоми як соли сипаригардида Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, муҳтарам Рустами Эмомалӣ корҳои зиёдеро ба сомон расонида, баҳри рушду нумуъи иқтисодиёти мамлакат ва ба зиндагии шоиста расидани мардуми шарифи Тоҷикистон як қатор Қарору Қонунҳо, санадҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ ва шартномаҳои байналмилалиро маврити таҳлилу баррасӣ қарор дода, қабул намудаистодаанд.
Ҳамин тариқ, ӯ ҳамчун ҷавони донишманду соҳибкасб ва бомаърифату инсондӯст дар давраи амали худ барои фаъолият шурӯъ намудани даҳҳо иншооти иҷтимоию маишӣ, аз қабили мактабу кӯдакистон, муассисаҳои гуногуни тиббию тандурустӣ, толору майдончаҳои варзишӣ ва гузоштани санги асос ба бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ саҳми арзандаи хешро гузошта, ҷавҳари асосӣ, кафолату нишони возеҳи рушд ва торафт беҳтар шудани шароити зиндагии сокинони пойтахти азизамон гардида, дар умқи дили сокинони кишварамон мақоми хосе пайдо кардааст.
Дар ҳақиқат, аз иродаву матонат ва малакаву фитрати устувори шаҳрдори ҷавон метавон хулоса баровард, ки роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии кишвар баҳри бозҳам баланд бардоштани нуфузу мартабаи пойтахти азизамон тавассути иқдомҳои созандааш тадбирҳои зарурӣ андешида, шароити мусоиди қиёснопазири зистро дар ояндаи начандон зиёди вақт барои шаҳрвандонаш фароҳам хоҳад овард...
Тарҳу навгониҳои аввал ва иҷрои ташаббусҳои созанда
Аввалин рӯйдоди хотирмоне, ки дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии пойтахт дар соли 2017 ба амал омад, ин дар раддабандии (рейтинги) шаҳрҳои аз нигоҳи туризми ояндадор ҷойи аввалро соҳиб шудани шаҳри Душанбе буд. Ин назарсанҷиро маҷаллаи сайёҳии «34travel» бар асоси таҳқиқоти ширкати машҳури амрикоии «Mastercard» таҳия кардааст. Дар ин раддабандӣ шаҳри Душанбе - пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми аввалро соҳиб гардид.
Болотар аз ҳама, падидаи дигари фараҳбахше, ки соли 2017 боиси хушҳолии на танҳо сокинони шаҳри Душанбе, балки тамоми мардуми шарифи Тоҷикистони азиз гардид, ин пайвастани хонаҳои истиқоматӣ ва биноҳои маъмуриву маишӣ ба шабакаҳои гармидиҳии пойтахт мебошад. Чунин иқдоми ҷавонмардона боиси сарфа гардидани неруи барқ шуда, омили муҳими аз миён бардоштани маҳдудияти неруи барқ дар саросари кишвар гардид.
Инчунин, ба фаъолият шурӯъ намудани мактаби байналмилалии Академияи умумиҷаҳонии Кембриҷ дар пойтахти мамлакат қадами нахустин дар самти сифати таҳсилоти зинаи миёнаи умумии таълим буда, нуфузу мартабаи ҷаҳонии маорифи миллиро рангинтару устувортар намуд. Илова бар ин, маркази нави муҳташами истироҳатии «Обшорон» - аквапарк ё худ парки обӣ, ки 19-уми июни соли 2017 бо иштироки Раиси шаҳри Душанбе мавриди истифода қарор дода шуд, аз калонтарин парки обии муосир дар ҳудуди ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад.
Мушкилии нақлиёти ҷамъиятӣ ва хизматрасонӣба сокинон, ки яке аз дардҳои куҳнаи соҳа ба ҳисоб мерафт, дар пайи иҷрои як қатор тадбирҳои иловагӣ ҳалли худро пайдо кард. Аз ҷумла, ворид намудани автобусҳои хуштарҳу замонавии навъи “АКИА” ва ифтитоҳи корхонаи автобуссозиро дап пойтахти кишвар метавон намунаи возеҳи таваҷҷуҳи роҳбарияти олии шаҳр нисбат ба ин соҳа номид.
Дар ин замина, 21-уми июли соли 2017 бо иштироки Раиси шаҳри Душанбе  муҳтарам Рустами Эмомалӣ маросими рӯнамоии лоиҳаи намунавии «Корти шаҳрӣ»-и пардохт ва назорати электронии роҳкиро дар нақлиёти мусофирбар доир гардид. Лоиҳаи низоми автоматии пардохт ва назорати роҳкиро дар нақлиёти мусофирбари шаҳрро мутахассисони ширкати «IBA-Group»-и Ҷумҳурии Беларус тарҳрезӣ намуда, корҳои насбу танзими таҷҳизот ва таҳияи кортҳои электронӣ дар ҳамоҳангии шарикии давлат ва бахши хусусӣ аз ҷониби ширкатҳои ватанӣ анҷом дода шуданд.
Гузаштан ба шакли электронии пардохт, пеш аз ҳама, барои мусофирон аз лиҳози сарфакорӣ муфид буда, ба баланд бардоштани сатҳ ва фарҳанги хизматрасонии мусофирон, ҷорӣ намудани хизматрасониҳои иловагӣ ва ҳамгироӣ бо дигар намуди воситаҳои нақлиёт, васеъ кардани сатҳи пардохт тавассути маблағҳои ғайринақдӣ, афзоиши шумораи воситаҳои нақлиёт дар асоси омӯзиши эҳтиёҷоти мусофирон ва кам кардани шумораи мусофирони бероҳкиро дар воситаҳои нақлиёт мусоидат мекунад.
Дар ин росто, 25-уми августисоли 2017 бо иштироки Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ нахустин истгоҳи намунавӣ барои нақлиёти ҷамъиятии шаҳрӣ рӯнамоӣ гардид, ки он аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии «Ободонӣ»-и шаҳри Душанбе дар асоси лоиҳаи Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сохта шудааст.
Намунаи аввали истгоҳи нақлиёти ҷамъиятӣ бо назардошти сабку услуби меъмории миллӣ бунёд гардида, тибқи лоиҳа аз ҷойи нишаст, нуқтаи фурӯши маҷаллаву рӯзномаҳо ва кортҳои электронии пардохти роҳкиро, таблоҳои электронӣ барои пешниҳод намудани маълумоти хатсайрҳо ва дорои ҷойгоҳи махсуси таблиғотӣ иборат мебошанд.
Соли 2018 пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе ба қатори 10 шаҳри дар айёми баҳор барои сайёҳӣ муносиби Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил шомил гардид, ки ин муждаи фараҳбахшро 19-уми апрели соли 2018 Агентии таҳлилии «ТурСтат»-и Россия дар асоси натиҷаҳои ҳамапурсӣ интишор кард.
Ҳамзамон, 6-уми сентябри соли 2018 бори нахуст бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Боғи фарҳангию фароғатии “Кӯли ҷавонон” навъи душвор ва экстремалии варзиш - Флайборд баргузор гардид, ки ин қадами нахустин буд.
Боиси зикр аст, ки дар Саммити Федератсияи ҷаҳонии туристӣ (WTCF), ки аз 7-ум то 9-уми сентябри соли 2018 дар шаҳри Чиндаои Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид, шаҳри Душанбе ба узвияти Федератсияи ҷаҳонии шаҳрҳои туристӣ (WTCF) пазируфта шуд. Табиист, ки чунин дастовардҳои арзишманд дар татбиқи босамари эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ нақши намоён гузошта, азамату эътибори фарҳанги шаҳрдории моро низ аз ин ҳам болотару зиёдтар нишон хоҳад дод.
Меъморию шаҳрсозӣ - шинохти санъати асил
“Итминони комил дорам, ки ҳамаи мо, пеш аз ҳама, сокинони пойтахт дар ҳамбастагӣ қарзи фарзандиву шаҳрвандии худро бо дарки масъулияти баланд ба хотири ояндаи неки Ватан, таҳкими давлатдории миллӣ ва ҳимояи манфиатҳои олии халқу давлатамон иҷро хоҳем кард”. Амалисозии ин нуктаи арзишманди Пешвои муаззами миллат ва масъулияти фарзандиву шаҳрвандии сокинони сарбаланди пойтахт, алалхусус Раиси шаҳри Душанбе муҳтарамРустами Эмомалӣ аст, ки пойтахти Тоҷикистон имрӯзҳо ба як шаҳри зебову дилоро табдил ёфтааст. Мутобиқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе васеъшавии асосии маъмурию ҳудудии пойтахт ба ҷануб, қисман ба шимол, шарқ ва ғарб амалӣ шуда, зиёд гардидани ҳудуди сохтмонии шаҳр аз 12,7 ҳазор гектари мавҷуда то 18 ҳазор гектар дар соли 2025, то 25 ҳазор гектар дар соли 2040 ва то 30 ҳазор гектар баъди соли 2040 пешбинӣ гардидааст.
Давоми солҳои 2019 – 2021, ки ба истиқболи таҷлили Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост меояд, дар шаҳри Душанбе зиёда аз 3500 иншооти таъйиноти гуногун, амсоли биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, маъмурӣ, таълимӣ ва марказҳои муосири савдою хизматрасонӣ бунёд мегарданд.
Аз ҷумла, ба нақша гирифта шудааст, ки дар кӯчаи Айнӣ давоми ду соли оянда, беш аз 50 бинои баландошёнаи истиқоматӣ бо фарогирии марказҳои савдою хизматрасонӣ барои зиёда аз 25 ҳазор нафар аҳолӣ ба истифода дода мешавад. Бояд гуфт, ки ин биноҳои муосири замонавӣ аз 12 ошёна боло буда, дар назди онҳо майдончаҳои варзишӣ, мактабу боғчаҳои бачагона, дармонгоҳҳо, таваққуфгоҳ ва шабакаи обу корез ба нақша гирифта шудааст. Дар маҳаллаи «Ҳаёти нав” бошад, биноҳои аз ҳама баландтарини пойтахт бунёд хоҳанд гашт. Иншооти зикршуда дар раванди татбиқи марҳилаи аввал (то соли 2025) ва оғози марҳилаи дуюми Нақшаи генералии шаҳри Душанбе (то соли 2040) сохта мешаванд.
Ёдовар бояд шуд, ки дар асоси Фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гузаронидани озмуни кушода байни шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ватанию хориҷӣ ҷиҳати интихоби беҳтарин лоиҳаи ангоравии Боғи “Истиқлолият” бо майдони Маҷмааи меъмории рамзи “Истиқлолият ва Озодӣ” дар шаҳри Душанбе ба имзо расида буд. Лоиҳа бо рамзи “Тоҷ”, ки аз ҷониби гурӯҳи эҷодии Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии Раиси шаҳри Душанбе Рустамӣ Эмомалӣ таҳия шуда буд, бо бартариҳои афзалиятдор - ифодакунандаи тамоми талаботи озмун ва рамзи давлатдорию таърих ва тамаддуни оламшумули миллати тоҷикон сазовори ҷойи якум гашт.
Баландии умумии муҷассама 121 метр буда, қисми поёнии он 30 метр ва қисми болоии он 91 метрро ташкил медиҳад. Масоҳати умумии боғи “Истиқлолият” бо майдони Маҷмааи меъмории рамзи “Истиқлолият ва Озодӣ” дар шаҳри Душанбе 30 гектарро фаро гирифта, дар ҳудуди хиёбони Рӯдакӣ, кӯчаҳои Саид Носир, Ҳабиб Аҳрорӣ ва Ойгули пойтахт сохта шуда истодааст.
Айни замон,дар марҳилаи якуми корҳои сохутмонии«Майдони истиқлол» корҳои бартарафкунии 283 адад иншоотҳопурра ба анҷом расида, дар марҳилаи 2 корҳо тибқи лоиҳа бо маром идома дошта тибқи нақшаҳои тасдиқгардида то Ҷашни 30–солагии Истиқлоли давлатиамон сохтумонаш ба итмом хоҳад расид.
Ҳамзамон, таҷдиду таъмири пули роҳи оҳан ва автомобилгард дар хиёбони Б. Ғафуров ва кӯчаи А. Ғуломов ба анҷом расида, ба истифода дода шудааст.
Бояд тазаккур дод, ки бо мақсади боз ҳам сазовор таҷлил намудани ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи дастуру роҳнамоиҳои Раиси шаҳр ва дар асоси Нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида оид ба амалӣ намудани корҳои ободонию созандагӣ барои солҳои 2019-2021 аз ҷониби шахсони эҳсонкор ва ташкилоту муассисаҳо 4145 чорабиниҳои гуногун бахусус дар самти бунёди иншоотҳои иҷтимоию саноатӣ ва савдою хизматрасонӣ бо таъсиси беш аз 23,0 ҳазор ҷойҳои нави корӣ ба нақша гирифташуда, қисми зиёди онҳо алакай мавриди истифода қарор гирифтааст.
Баҳри иҷрои Нақшаи чорабиниҳои мазкур ба ҳолати 1 январи соли 2021 дар шаҳри Душанбе беш аз 3516 чорабинӣ амалӣ карда шудааст, ки ин 85,0 фоизи иҷроиши нақшаи умумии тасдиқгардидаро ташкил медиҳад.
Бо ин мақсад соли сипаригардида аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе барои бунёди 7 адад меҳмонхонаҳои замонавӣ дар ҳудуди ноҳияҳои пойтахт санги асос гузошта шуд, ки айни ҳол дар онҳо корҳои сохтмонӣ бо маром идома доранд.
Ҷиҳати ба меъёрҳои шаҳрдорӣ мутобиқ намудани инфрасохтори пойтахти мамлакат ва суръат бахшидан ба таҷдиду азнавсозии роҳҳои дохилии хиёбону маҳаллаҳо, сохтмони пулҳо ва гузаргоҳҳои зеризаминӣ чораҳои зарурӣ андешида шуда истодааст.
Ҳамчуниндар соли сипаригардида, дар 8 иншооти роҳсозӣ бо дарозии 19,0 километр, дар 2 иншооти ирригатсионӣ бо дарозии 3,1 километр, дар 1 адад иншооти соҳилмустаҳкамкунӣ бо дарозии 3,3 километр роҳҳо сохта ба истифода дода шуда, дар кӯчаю хиёбонҳои шаҳри Душанбе дар заминаи истгоҳҳои мавҷуда сохтмони 47 адад истгоҳҳои нави замонавӣ бунёд гардидааст.
Қобили зикр аст, ки корҳои сохтмонии роҳи автомобилгард аз муҷассамаи Абӯалӣ ибни Сино то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе (эстакадаи Қарияи боло) бо дарозии 4,2 километр ба анҷом расида, мавриди истифодабарӣ қарор дода шуда, сохтмони роҳи автомобилгарди назди бозори «Корвон» бо дарозии 1,85 км амалӣ гардида истодааст.
Бояд қайд кард, ки бо ташаббусҳои Раиси шаҳри Душанбе дар доираи ҳамкориҳои судманд миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон аз ҳисоби маблағҳои грантии давлати Ҳиндустон лоиҳаи «Сохтмони роҳи автомобилгард аз Дарвозаи Ғарбӣ то маҳаллаи «Чортут»-и пойтахт, ки тарҳи муштараки Тоҷикистону Ҳиндустон маҳсуб меёбад, бо дарозии 9,2 километр ва паҳноии аз 50 то 70 метр ба нақша гирифта шуда, корҳо дар ин самт оғоз гардидааст.
Аз дастовардҳои мондагор то ояндабинии устувор
Бо таваҷҷуҳ аз истиқболи арзандаи Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи бомароми нақшаҳои мавҷуда ва бунёди муассисаҳои иҷтимоӣ, таъмиру азнавсозии роҳҳо ва инфрасохтори муосири хизматрасонӣ боиси рушди суръатноки маҳсулоти сифатнок ва шинохти мақоми волои пойтахти азизамон гардида, рӯз аз рӯз ин маҷро раванди тозаро касб менамояд. Дар ин замина, қайд кардан бамаврид аст, ки дар пойтахт ба истиқболи ин санаи арзишманди таърихӣ, дар майдони қариб 9 гектар корхонаҳои нави истеҳсолии Минтақаи саноатии шаҳри Душанбе сохта шуда, қисме аз онҳо алакай мавриди истифода қарор гирифтаанд.
Мутобиқи маълумоти мавҷуда, дар ин ҳудуд ширкатҳои бузурги ватанӣ ва соҳибкорони инфиродӣ асосан корхонаҳои коркарди маҳсулоти пахтагин, дӯхти либосҳо ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, корхонаи маҳсулоти нонӣ, меваи хушку афшура, истеҳсоли профилҳо ва конструксияҳои металлӣ, коркарди сангҳои рангаю худҷило, истеҳсоли маснуоти ҳифзкунанда, васлкунандаҳои барқӣ, таҷҳизоти барқӣ, истеҳсоли чароғпояҳои светодиодӣ ва лампаҳоро бунёд менамоянд.
Бо таваҷҷуҳ ба нуктаву далелҳои мавҷуда ва татбиқи босамари нақшаҳои пешбинишуда, илова намудан бамаврид аст, ки имрӯзҳо дар партави дастуру супоришҳои созандаи Пешвои муаззами миллатамон ва назари тозаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ маркази тамаддуни тоҷикон симояшро комилан дигаргун намуда, тамошогоҳ ва макони сайру саёҳати шумораи зиёди хориҷиён гардидааст.
Дар умум, маҷмӯи зиёди иншооту биноҳои бо риояи санъати баланди меъмории милливу муосир бунёдгардида, боғу гулгашт ва таҷдиду азнавсозии хиёбону кӯчаҳои шаҳри Душанбе маҳсули тозакориҳои бо самари шаҳрдори ҷавон Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Рустами Эмомалӣ мебошад.
 
Зоир Раҳмонзода,
Вакили МнМО ҶТ, узви фраксияи ҲХДТ

Илова кунед