Маҷлиси намояндагон қарордод байни Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва Ширкати рушди захираҳои обӣ ва энержии Эронро дар бораи идомаи бунёди нақби “Истиқлол” тасдиқ кард.

08 Апрел 2020, Чоршанбе

Зимни суханронӣ доир ба ин масъала вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Худоёр Худоёрзода изҳор дошт, ки дар қарордоди 3-юми январи соли равон имзошуда аз ҷониби ҳукумати Эрон ҷудо гардидани кумаки бебозгашт дар ҳаҷми 5,5 млн. доллар пешбинӣ шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, маблағгузории иловагӣ барои идома ва анҷоми бунёди нақби “Истиқлол” ба сурати умум дар ҳаҷми 11 млн. доллар пешбинӣ шудааст. Тибқи санаде, ки бо Эрон ба имзо мерасад, маблағи боқимондаро дар ҳаҷми 5,5 млн. доллар ҳукумати Тоҷикистон ҷудо мекунад.

Ба гуфтаи вазир, мувофиқи лоиҳа, ин маблағҳо ба амалисозии марҳилаи дуюми сохтмони нақб равона мешаванд. Зимнан анҷоми корҳои лоиҳакашӣ, харидорӣ ва насби низомҳои рӯшноидиҳӣ, ҳавокашӣ, бехатарӣ аз сӯхтор, ҳамчунин назорати бехатарӣ ва идоракунии иншоот пешбинӣ шудааст.

Ба иҷрои ин корҳо ширкати эронии “Фароб” машғул хоҳад шуд, ки бо дигар ширкати эронии “Собир” дар бунёди иншооти мазкур иштирок карда буд.

Вазир гуфт, ки то имрӯз ширкати “Фароб” корҳои лоиҳакаширо пурра ба анҷом расонида, мунтазири аз ташхиси давлатӣ гузаштан аст.

Худоёрзода нақби “Истиқлол”-ро иншооти муҳими стратегӣ унвон кард, ки фаъолияти мукаммали он ба таъмини рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар мусоидат мекунад.

Соли 2003 Тоҷикистону Эрон дар бораи идомаи сохтмони нақби “Истиқлол” созишнома ба имзо расонида, ҳаҷми маблағгузорӣ 39 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод. Аз ин миқдор $10 млн. маблағгузории бурсии ҳукумати Эрон, $7,8 млн. – ҳиссаи ҳукумати Тоҷикистон ва $21,2 млн. – қарзи ҷониби Эрон буд.

Илова кунед