Иҷлосияи пленарии 52-ӯми Ассамблеяи Байнипарлумонии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид

16 Апрел 2021, Ҷумъа

Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода дар кори иҷлосияи пленарии 52-уми Ассамблеяи Байнипарлумонии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба таври реҷаи фосилавӣ (онлайн) иштирок намуд.
Мавзӯи асосии рӯзномаи кори ҷаласа « Танзими қонунгузории равандҳои муҳоҷират дар давраи пандемия: нақши парлумонҳои кишварҳои узви ИДМ»  « Дар бораи намунаи Кодекси муҳоҷират барои кишварҳои узви ИДМ» , Қонуни намунавӣ "Дар бораи таъмини ҳуқуқи кӯдакон ба ҳифзи саломатӣ дар давлатҳои аъзои ИДМ", Қонуни намунавӣ  "Дар бораи ёрии психиатрӣ ва кафолати ҳуқуқҳои шаҳрвандон ҳангоми пешниҳоди он", Қонуни намунавӣ "Дар бораи дастурҳои клиникии расонидани ёрии тиббӣ дар давлатҳои аъзои ИДМ", Тавсияҳо "Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандон", Қонуни намунавӣ « Дар бораи лоиҳаҳои сармоягузории минтақавӣ". ба шумор мерафт, ки дар муҳокимаи он намояндагони сохторҳои дахлдори Федератсияи Русия,  ва дигар кишварҳои аъзои ИДМ баромад намуданд.
Дар интиҳои  кори иҷлосияи умумии 52-уми Ассамблеяи Байнипарлумонии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таъкид карда шуд, ки таваҷҷӯҳи асосии Ассамблеяи Байнипарлумонӣ ба наздик кардани қонунгузории давлатҳои аъзои ИДМ, таъмини рушди ҳамгироӣ дар соҳаҳои ҳамкориҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, гуманитарӣ ва дигар самтҳо равона карда шудааст. Татбиқи ин вазифа, ки дар доираи он, дар тӯли 28 соли кор, Ассамблеяи Байнипарлумонии ИДМ беш аз 550 санади меъёрии ҳуқуқӣ, тавсияҳо ва дигар санадҳоро қабул кард, ба ҳамгироии ҳуқуқии минтақавӣ мусоидат менамояд ва қонунгузории миллиро ба меъёрҳои ҳуқуқии аз ҷониби умум эътирофшуда равона мекунад.
Иштироки Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ва дигар вакилони Маҷлиси намояндагон дар нишасту ҳамоишҳои Ассамблеяи Байнипарлумонии кишварҳои аъзои ИДМ барои боз ҳам баланд гардидани нуфузи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миёни парлумонҳои кишварҳои аъзои ИДМ ва Ассамблеяи Байнипарлумонӣ мусоидат намуда, омили асосии густариш ёфтани муносиботи байнипарлумонии ҷумҳуриҳои аъзои ин Ассамблея ба шумор меравад.
Худи ҳамин рӯз кори иҷлосияи умумии 52-уми Ассамблеяи Байнипарлумонии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба анҷом расид.

Илова кунед