Мулоқоти Маҳмадтоир Зокирзода бо Муҳаммад Зоҳир Ағбар

19 Апрел 2021, Душанбе

«-Тоҷикистону Афғонистонро муштаракоти зиёди тамаддунӣ ва робитаҳои зичи ҳусни ҳамҷаворӣ ба ҳам мепайванданд.
Мардуми шарифи ин кишвари бародар бо мо ҳамзабону ҳамфарҳанг буда, решаҳои муштараки таърихии мо ба умқи ҳазорсолаҳо мерасанд.
Аз ин рӯ, табиист, ки мо ба сарнавишти бародарони афғони худ бетафовут нестем».
Ин матлабро имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода зимни мулоқоташ бо сафири фавқуллода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Зоҳир Ағбар баён намуд.
«-Мо- гуфт,- Раиси парлумони касбии мамлакат,- мисли ҳамеша сидқан ҷонибдори истиқрори сулҳи комилу пойдор ва ваҳдати ҷомеа дар кишвари дӯсту бародар ва ҳамзабону ҳамфарҳанг мебошем.
Муътақидем, ки таъмини амнияту оромии Осиёи Марказӣ, пеш аз ҳама, ба истиқрори сулҳу субот дар Афғонистон ва эҷоди шароити мусоид барои рушди осоиштаи он вобастагӣ дорад. Аз ин рӯ, ҳамкорӣ бо Афғонистон дар феҳристи авлавиятҳои сиёсати хориҷии кишвари мо қарор дорад.
Маҳмадтоир Зокирзода ҳамчунин таъкид намуд, ки Тоҷикистон ҳамчун ҳамсояи дӯсти Афғонистон талош меварзад, то ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодии ду кишварро, аз ҷумла дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ, ба сатҳи боз ҳам баландтар барорад.
Дар ин раванд афзоиши муомилоти тиҷорати ҷонибҳо аз аҳамияти хосса бархӯрдор аст.
Мо кӯшиш хоҳем кард, ки дар ояндаи наздик, сарфи назар аз таъсири манфии омилҳои беруна, аз ҷумла оқибатҳои пандемияи COVID-19, нишондиҳандаҳои тиҷорати дуҷонибаро дучанд зиёд кунем.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон густариш бахшидани ҳамкориҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Афғонистноро барои таҳкими равобити дигар соҳаҳо муҳим хонда, ҳамзамон изҳор дошт, ки равобити ҳарду кишвари дӯст ва ҳамзабонро метавон дар асоси ҳамкориҳои байнипарлумонӣ тақвият бахшид, аз ин рӯ, мо бояд бештар барои фароҳам овардани чунин шароит ба муносиботи дуҷонибаи байнипарлумонӣ такя кунем.
Маҳмадтоир Зокирзода роҷеъ ба вазъи илму маориф ибрози андеша намуда афзуд, ки мо омодаем, ки ҳамкорӣ дар соҳаҳои илм, маориф, фарҳанг, ҳунар, итилоот ва фаъолияти иҷтимоиро ба сатҳи нав барорем.
Имрӯзҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон беш аз 500 донишҷӯи афғон таҳсил мекунанд.
Дар тамоми давраи соҳибистиқлолии давлати мо зиёда аз як ҳазор шаҳрванди Афғонистон риштаҳои гуногуни донишгоҳҳои Тоҷикистонро хатм карда, соҳиби ихтисос гардидаанд.
Илова бар ин, тайи даҳ соли охир дар ҳудуди якуним ҳазор нафар шаҳрвандони Афғонистон, аз он ҷумла зиёда аз сад нафар бонувони Афғонистон дар муассисаҳо ва марказҳои тахассусии Тоҷикистон дар давраҳои касбомӯзӣ ва такмили ихтисос таҳсил карданд.
Бо дарназардошти якчанд омилҳои мусоидаткунанда, аз ҷумла ҳамзабонии ду кишвар, мо имкон дорем, ки раванди таҳсил ва илмомӯзии шаҳрвандони Афғонистонро дар муассисаҳои мухталифи таълимии кишварамон ба таври самарабахш идома диҳем.
Ҷониби Тоҷикистон метавонад барои Афғонистони бародар мутахассисони соҳаи барқ, тандурустӣ, обёрӣ, кишоварзӣ, роҳи оҳан, роҳсозӣ, сохтмон, меъморӣ, технологияҳои гуногун ва садҳо кадрҳои илмиро омода намояд.
Дар мулоқот, ҳамчунин дар бораи ҳамкориҳои гуногунсоҳа, аз ҷумла равобити иқтисодӣ, иҷтимоӣ, энергетика, роҳу коммуникатсия, фарҳанг ва муносиботи зичи минтақаҳои наздисарҳадӣ изҳори назар карда шуд.

Илова кунед