Ҷаласаи Шӯрои коршиносони иқтисодӣ Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои узви ИДМ баргузор гардид

20 Апрел 2021, Сешанбе

Имрӯз раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Машраб Файзулло тибқи нақшаи кории Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар кори ҷаласаи Шӯрои экспертӣ оид ба иқтисод дар реҷаи фосилавӣ  иштирок намуд.
Дар ҷаласа  қарорҳое, ки Шӯрои коршиносон аз 27 октябри соли 2020 қабул кардааст- муҳокимаи татбиқи банақшагирӣ ва пешгӯии дарозмуддат, сармоягузории асосӣ, дастгирӣ ва рушди соҳаҳои технологияи баланд, сиёсати пулӣ ва фаъолияти савдои хориҷии давлатҳои аъзои ИДМ, инчунин равишҳои асосии таҳиягарон ба таҳияи лоиҳаҳои Консепсияи рушди қувваҳои  истеҳсолкунандаи ИДМ,  тавсияҳои Ассамблеяи байнипарлумонӣ  ИДМ  оид ба рушди ҳамкории давлатҳои узви ИДМ дар соҳаи амнияти иқтисодӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамчунин вакилони Маҷлиси намояндагон Рустам Раҳматзода ва Гулбаҳор Ашурзода дар кори Шӯрои экспертӣ-иқтисодӣ ва комиссияҳои доимии Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои узви ИДМ  иштирок ва суханронӣ намуданд.



Илова кунед