Ҳифзи муҳити зист ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон
22 Апрел 2021, ПанҷшанбеТавре аз маълумотҳои шабакаҳои телевизионии ҷаҳонӣ огоҳӣ дорем, аксар давлатҳои дорои саноати вазнин ба мушкилоти зиёди экологӣ дучор шудаанд. Маҳз он газу (дуд) партовҳое, ки аз корхонаҳо ба ҳавои атмосферӣ хориҷ мешаванд, ба муҳити зист ва солимии аҳолии он кишварҳо таъсири манфӣ мерасонад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаҳои амнияти экологии аҳолӣ, солим нигоҳ доштани муҳити зист ва истифодаи самараноки унсурҳои табиат таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад.
Тибқи моддаи 13- и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Замин, сарватҳои зеризаминӣ, об, фазои ҳавоӣ, олами набототу ҳайвонот ва дигар боигарии табиӣ моликияти истисноии давлат мебошанд ва давлат истифодаи самараноки онҳоро ба манфиати халқ кафолат медиҳад».
Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар як қатор қонунҳои экологӣ қабул гардида, тибқи онҳо чорабиниҳо амалӣ шуда истодаанд. Тавре мушоҳида мешавад, дар қаламрави мамлакати азизамон корҳои ободониву бунёдкорӣ, аз қабили маъракаҳои дарахтшинонӣ ба хотири коҳиш додани партови газҳои гулхонаӣ ва маъракаҳои гулшинониву кабудизоркунӣ ба хотири зебо гаштани кӯчаву гулгаштҳои шаҳру ноҳияҳо ҳамасола гузаронида мешавад, ки ин ҳама аз ташабуссҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеоянд.
Бояд ёдовар шуд, ки табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон релефи ба худ хос дошта, 93 фоизи онро кӯҳсор ташкил медиҳад. Дар ҳудуди Тоҷикистон пиряхҳои зиёде мавҷуданд, ки сарчашмаи ғизонокии дарёҳо ва кӯлҳои мамлакат мебошанд. Дар Тоҷикистон ҳамчунин чашмаҳо, дарёҳои зиёде мавҷуданд, ки сарчашмаи ғизонокии дарёҳо ва кӯлҳои мамлакат мебошанд. Дар Тоҷикистон ҳамчунин чашмаҳо, дарёҳои зиёде мавҷуданд, ки ҳамаи онҳо дар якҷоягӣ барои ташаккул ёфтани обҳои минтақаи Осиёи Марказӣ мусоидат менамоянд.
Таъмини аҳолӣ бо оби тозаи табиӣ, ташкил кардани системаи канализатсия ва партовгоҳҳои нав аз масъалаҳои ҳалталаби экологии ҷумҳуриамон ба шумор мераванд.
Ҳамчунин ба дарёҳои партофтани ҳар гуна партовҳои ба саломатӣ зараровар ба мушоҳида мерасад, ки ин аз маърифати пасти экологии он нафарҳо дарак медиҳад.
Аз ҳамин сабаб бархе аз нафарон ба хотири ҳифзи саломатиашон оби нӯшокиро на аз оби дарёҳо, балки аз обҳои дар зарфҳои ғунҷоишашон аз 1 л то 20 литраро харидорӣ карда, истеъмол мекунанд.
Ба таври маълум оби дарёи Душанбе аз дарёчаҳои Лучоб ва Варзоб сарчашма мегирад. Ифлоскунандагони асосии дарё маҳаллаҳои аҳолинишини ноҳияи Варзоб ва баъзе соҳибмулкони ҷойҳои истироҳатии он ба ҳисоб мераванд. Дарёе, ки аз тарафи ҷамоати деҳоти Ромити шаҳри Ваҳдат ҷорӣ мешавад, ифлоскунандагони оби ин дарё аҳолии деҳоти ҷамоати Ромит ва баъзе соҳибмулкони ҷойҳои истироҳатии он мебошанд.
Баъзе аз сокинони маҳалҳои дар боло қайдгардида, обҳои ғализи хусусияти канализатсионӣ доштаи худро тавассути қубурҳои обгузар ба тарафи дарё сар дода, бо ин амалашон ба обистеъмолкунандагон зарари ҷиддӣ мерасонанд.
Яке аз манбаъҳои ифлоскунандаи оби дарёҳо ва каналу ҷӯйборҳо нуқтаҳои шустушӯи нақлиёт мебошад, ки дар шаҳру навоҳӣи ҷумҳурӣ фаъолият доранд.
Ҳоло дар бисёр шаҳру навоҳӣ резишгоҳҳои каналу ҷуйборҳо дар куҷо буданаш маълум нест. Ҷуйборҳо дар маҳаллаҳои аҳолинишин резишгоҳ надоранд. Ҷуйбору каналҳоро навсозӣ кардан зарур аст. Қисме аз онҳо азнавсозӣ шудаанд, баъзеашон бисёр фарсуда гашта, ба талаботҳои имрӯза ҷавобгӯ нестанд.
Бояд зикр намуд, теъдоди бештари ҷуйбору каналҳо ва ба инҳо монанд ва системаи канализатсия аз собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба мо мерос мондааст. Фикр мекунам, барои дар ин кор муваффақ шудан, зарур аст, ки таҷрибаи пешқадами муосирро дар мамлакати худ татбиқ намоем.
Барои пешгирӣ аз ифлосшавӣ системаи канализатсия ва обтаъминкунӣ дар шаҳраку деҳотҷойҳо бояд ба тартибу низом дароварда шавад.
Дар аксар маҳаллаҳо одамон тавассути қубурҳои худсохт ва насос оби зеризаминиро барои истифодабарӣ ва истеъмол мекашанд, ки ин корҳояшон ба вазъи экологӣ ва саломатии инсон зарари калон дорад.
Истиқоматкунандагони баъзе маҳаллаҳои дурдасти Тоҷикистон оби табииро ҳатто харидорӣ мекунанд. Ба истиснои ҷойҳое, ки дар он ҷо обҳои табиӣ зиёд мебошанд. Аз сабаби косташавии системаи обтаъминкунӣ ва обёрӣ, заминҳо ба вайроншавӣ, беҳосилӣ ва таназзулшавии қабати болоии хок табдил меёбанд, ки барои барқарор кардани онҳо солҳои тулонӣ лозим аст.
Қатъномаи маҷмӯаи Умумии СММ “Даҳсолаи байналмилалии амал “Оббарои рушди устувор”солҳои 2018-2028”21-уми декабри соли 2016 Маҷмаи Умумии СММ Қатъномаи A/RES/71/222-розери унвони “Даҳсолаи байналмилалии амал“Об барои рушди устувор”солҳои 2018-2028” бо иттифоқи оро ва боҳаммуаллифии 177 кишвари узви СММ қабул намуд.
Эълони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» - пешгирӣ аз сар задани муноқишаҳо байни давлатҳост.
Дар замони соҳибистиқлолии кишвар дар соҳаи об «Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи оби нӯшокӣ ва таъмини он» қабул шудаанд.
Дар мамлакати мо ҷангал фоизи камтаринро ишғол менамояд. Бояд масоҳати ҷангал зиёд карда шавад, чун ҳолати имрӯзаи муҳити зист ба ин ниёз дорад. Дар ин хусус, андешидани тадбирҳои иловагӣ аз ҷониби муассисаҳои масъул ва аҳолӣ хеле муҳим мебошад.
Бояд қайд намуд, ки дар бисёр маҳаллаҳои Тоҷикистон аз сабаби бемасъулиятӣ ва сатҳи нокифояи маърифати экологӣ, сокинон барои фасли зимистон ва хурокпазӣ аз дарахтони маҳал истифода намуда, бо ин амали худ ба табиат зарар мерасонанд.
Дар бораи вазифаи конститутсионии ҳар як шаҳрванд барои ҳифзи табиат, ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ дармоддаи 44 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистончунин омадааст: „Ҳифзи табиат, ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ вазифаи ҳар як шахс аст.“
Агар муҳити зисти Тоҷикистон ба таъсири номатлуби гуногун, аз ҷумла инсонӣ (антропологӣ) дучор гардад, барои барқарор намудани он аз 50 то 100 сол лозим аст. Бинобар ин бо мақсади ҳифзи олами набототу ҳайвоноти нодир, ки дар рӯихати «Китоби сурхи Тоҷикистон» дохил карда шудааст, дар қаламрави кишвар якчанд мамнуъгоҳҳои давлатӣ – табиӣ аз қабили мамнӯъгоҳҳои «Ромит», «Даштиҷум», «Бешаи палангон» ва «Зоркӯл» таъсис дода шуда, олами ҳайвонот ва набототи нодир зери назорати давлатӣ қарор доранд.
Аз ҷумла, дар боғи устод «Абуабдуллои Рӯдакӣ», «Боғи Парчами миллӣ» «Боғи Ғалаба», Муассисаи давлатии «Боғи Ирам», «Боғи Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ» ва «Боғи Куруши Кабир» ва ғайра, ки дар пойтахти кишвари азизамон ҷойгир шудаанд, ба шаҳр ҳусн афзуда, бо дарахтони ҳамешасабз ва сояафканашон обу ҳавои пойтахтро тоза нигоҳ медоранд. Аз ҷумла:
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд қонунҳоеро қабул намудаанд, ки ба экология тааллуқ доранд:
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон „Дар бораи экспертизаи экологӣ(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2012,№4,мод.268)
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон „Дар бораи маърифати экологии аҳолӣ“(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2010, №12, қ-1, мод. 832)
-Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон „Дар бораи аудити экологӣ»(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2011,№12,мод.849)
-Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон „Дар бораи мониторинги экологӣ“(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2011, №3, мод. 174; соли 2014,№7қ.2,мод.417).
-Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини амнияти экологии нақлиёти автомобилӣ»(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2015, №7-9 , мод.702)
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон „Дар бораи экспертизаи экологӣ“ аз 28 модда ва 7 боб иборат мебошад, ки дар он тамоми чораҳои экспертизаи экологӣ муқаррар шудааст. Дар Қонуни мазкур ҳолатҳои гузаронидани экспертизаи давлатии экологӣ аз ҷониби экспертҳои алоҳида ва комиссияҳои экспертӣ муқаррар карда мешаванд.Ҳамзамон дар ин қонун тарзи гузаронидани экспертизаи экологӣ, мӯҳлати он, маблағгузорӣ кардан, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои субъектҳои экспертизаи давлатии экологӣ дарҷ гаштааст.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон „Дар бораи мониторинги экологӣ“ аз 22 модда ва 5 боб иборат мебошад. Тибқи сархати 11 моддаи 1 Қонуни мазкур „- мониторинги экологӣ- маҷмӯи тадбирҳо оид ба гузаронидани мушоҳида, арзёбӣ, пешгӯии ҳолати ҷузъҳои алоҳидаи муҳити зист, маҷмааҳои ҳудудҳои табиӣ, объектҳои табиӣ ва табиию антропогенӣ, омилҳои табиӣ ва антропогении таъсир ба онҳо ва манбаъҳои ташаккулёбии онҳо дар асоси ченкунии нишондодҳои миқдорӣ ва сифатии ифлосшавии онҳо мебошад.“. Дар қисми 1 моддаи 17 Қонуни мазкур „Мониторинги экологӣ дар ҳамаи зинаҳои муносибат бо партовҳои хатарнок (ғуншавӣ, интиқол, безараргардонӣ, истифода, гӯркунӣ ва ғайра) ба роҳ монда мешавад.“.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон „Дар бораи маърифати экологии аҳолӣ“аз 17 модда ва 4 боб иборат аст, ки аз соли 2010 дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ шуда истодааст. Мақсади асосии Қонуни баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ тавассути гузаронидани чорабиниҳои мухталиф мебошад. Барномаҳои маърифати экологӣ мутобиқи талаботи меъёрҳои давлатӣ таҳия мешаванд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон „Дар бораи аудити экологӣ“ қонуни аз ҳама ҷиҳат омӯхта шуда буда, иқтисодиёти экологиро ба танзим медарорад.
Мувофиқи сархати 3 қисми 1 моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон „Дар бораи аудити экологӣ“ „- аудити экологӣ - намуди фаъолият, ки таҳлили мувофиқати фаъолият ва ҳисоботи субъекти фаъолияти хоҷагидорӣ ба қонунгузорӣ, ҳуҷҷатҳои меъёрию методӣ, дастурӣ ва танзимкунандаи соҳаи ҳифзи муҳити зист ва захираҳои табииро дар бар мегирад;“.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини амнияти экологии нақлиёти автомобилӣ» оид ба дар ҷойҳои махсус супоридани партофҳои нақлиётӣ аз ҷониби ронандагони нақлиёт ва аз ҷиҳати экологӣ бехавф буданро ва дигар чораҳои экологиро танзим мекунад.
Бояд ҳар як шаҳрванди кишвар дарк намояд, ки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки муҳити зистро халалдор менамоянд ва ё фаъолияташон ба муҳити зист зиён мерасонад, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Ҳамарӯза аз шабакаҳои телевизионӣ дар бораи вазъи экологии Тоҷикистон наворҳо пахш мегардад, ки дар ин наворҳо доир ба олами набототу ҳайвоноти кишвар, раванди тадбирҳои дарахтзоркунӣ, гулзоркунии ҳар гӯшаву канори ҷумҳурии азизамон огоҳӣ пайдо мекунем.
Асосгузори сулҳу - ваҳдати миллӣ Пешвои миллат,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои халқи тоҷик хидмати бузург намуда истодаанд ва тавонистанд дар як муддати кутоҳи давлатдорӣ, яъне 30 сол, давлатро дар як сатҳи баланди давлатдорӣ аз ҳама ҷиҳат нигоҳ доранд ва дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ намоянд.
Имрӯзҳо дар шаҳри Душанбе тамоми чораҳои сохтмонӣ,ободкунӣ бо авҷи аъло дида мешаванд. Ин ҳама корҳо бо дастгириҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ мебошанд.
Ҳар як фарде, ки дар Тоҷикистон зиндагонӣ мекунад, бояд масъулияти ватандӯстиву табиатдӯстӣ дошта бошад,зеро ҳифзи табиат барои мавҷудияти ҳаёт ва рӯзгори хуши инсон мусоидат менамояд.
Баҳрулло Ғаюрзода,
иҷрокунандаи мансаби мутахассиси
пешбари бахши таъмини фаъолияти
Кумита ва Комиссияҳои Дастгоҳи
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
унвонҷӯи кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷорати
факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.