Созишномаи лоиҳавӣ байни Ширкати Саҳомии Холдингии Кушодаи «Барқи тоҷик» ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд оид ба «СASA 1000 лоиҳаи дастгирии ҷомеа» мавриди баррасии аъзои Шӯро қарор гирифт

13 Апрел 2020, Душанбе

Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид, ки дар он лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Созишномаи лоиҳавӣ байни Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд оид ба «СASA 1000 лоиҳаи дастгирии ҷомеа», Созишномаи лоиҳавӣ байни Ширкати Саҳомии Холдингии Кушодаи «Барқи тоҷик» ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд оид ба «СASA 1000 лоиҳаи дастгирии ҷомеа» ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Эмомалӣ Насриддинзода зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» иброз намуд, ки лоиҳаи Қонуни мазкур аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Дар Қонуни амалкунандаи ҶумҳурииТоҷикистон “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ” меъёрҳое вуҷуд доранд, ки онҳо тартиби муроҷиати электронии субъектҳои соҳибкориро барои гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ба танзим медароранд. Вале таҷриба собит сохт, ки имконияти мазкур бинобар сабаби дар сатҳи зарурӣ ва пурра танзим наёфтани раванди электронӣ гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ аз ҷониби субъектҳои соҳибкорӣ кам истифода мегардад. Аз ин хотир, бо мақсади дақиқ намудани раванд ва васеъ намудани имконият ба субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ ҷиҳати тариқи электронӣ пешниҳод намудани ариза ва гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ дар лоиҳа меъёрҳои зарурӣ мутобиқ ба Консепсияи ташаккули “Равзанаи ягона оид ба расмиёти содиротиву воридотӣ ва транзитӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” пешбинӣ гардидааст.

Амалияи татбиқи қонунгузории соҳаи танзими низоми иҷозатдиҳӣ нишон дод, ки як қатор номгӯи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ дар таҷриба аз мақомоти иҷозатдиҳанда ба шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ дода намешаванд, ёинки хусусияти иҷозатдиҳиро барои амал ва ё фаъолияти муайян надоранд. Ҳамзамон, дар натиҷаи такмили сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия аз ҳисоби 7 мақомоти санҷишиву иҷозатдиҳӣ ва як мақомоти дигар аз ҳисоби тақсим кардани ваколатҳои Вазорати  нақлиёт ба мақомоти давлатии нав- Кумитаи бехатарии озуқаворӣ, Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Агентии авиатсияи гражданӣ таъсис дода шудааст.

 Бояд қайд кард, ки айни замон шумораи мақомоти иҷозатдиҳанда ва номгӯи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ,  ки барои амал ё фаъолияти соҳибкорӣ дода мешавад дар доираи Қонуни амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ” 19 мақомот ва 75 номгӯйро ташкил медиҳад. Ҳангоми қабул гардидани лоиҳаи мазкур дар доираи қонун шумораи мақомоти иҷозатдиҳанда ба 3 адад ва номгӯи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ба 16 адад ё  21 фоиз кам гардида, асос барои ба роҳ мондаин изоми электронии ба расмиятдарории ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ фароҳам оварда мешавад, ки бевосита барои рушди фаъолияти соҳибкорӣ такони ҷиддӣ медиҳад.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» - ро низ ба аъзои Шӯро Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Эмомалӣ Насриддинзода шарҳу тавзеҳ дода таъкид намуд, ки дар лоиҳаҳои  Қонунҳои мазкур тағйирот ба моддаҳои 497 ва 499 Кодекси мазкур бо мақсади ташаккули соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, инчунин ҷалби сармоя ва таъмини шароити мусоид барои фазои сармоягузорӣ, ки аз паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2017 ва 26 декабри соли 2018 бармеоянд, пешбинӣ гардидааст.

Тибқи лоиҳаи Қонун дар моддаи 497, ки дар санксияи он барои  риоя накардани қоидаҳои ворид шудан ба минтақаи сарҳадӣ ё қоидаҳои истиқомат дар минтақаи сарҳадӣ, ҷарима ва берун кардан аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, илова намудани қисми 2 пешниҳод шудааст. Дар санксияи қисми 1 барои аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд барои роия накардани қоидаҳои ворид шудан ба минтақаи сарҳадӣ, инчунин қоидаҳои истиқомат ё аз қайд гузаштан дар минтақаи сарҳадӣ танҳо ҷарима монда шуда, дар қисми 2 бошад, ба ғайр аз ҷарима, инчунин берун кардан аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ё бидуни он пешбинӣ шудааст.

Созишномаи лоиҳавӣ байни Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд оид ба «СASA 1000 лоиҳаи дастгирии ҷомеа» ва Созишномаи лоиҳавӣ байни Ширкати Саҳомии Холдингии Кушодаи «Барқи тоҷик» ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд оид ба «СASA 1000 лоиҳаи дастгирии ҷомеа»-ро ба аъзои Шӯро Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Хайрулло Амонулло муарифи намуда, иброз намуд, ки  мақсади ҳарду лоиҳаҳо ин баланд бардоштани сифат ва васеъ намудани дастрасӣ ба хизматрасониҳои таъминоти барқ, инфрасохтори иқтисодиву иҷтимоӣ ва мусоидат дар самти пурзўр намудани иқтидори мақомоти маҳаллии хокимияти давлатӣ дар ҷамоаҳои дар ҳудуди фарогири лоиҳа қарордошта ба ҳисоб меравад.

Лоиҳаи дастгирии ҷамеа дар доираи «Лоиҳаи минтақавии интиқоли нерӯи барқи CASA-1000» дар ҳудуди ҳамаи кишварҳои аъзои лоиҳа (Тоҷикистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Покистон) пешбинӣ гардида, қисмати тоҷикистонии он аз ҳисоби маблағҳои грантии Бонки Ҷаҳонӣ (24 млн. доллари ИМА) ва Фонди Бисёрдонораи Мақсаднок (2,0 млн. доллари ИМА) дар ҳаҷми 26 млн. доллари ИМА маблағгузорӣ хоҳад гардид.

Дар Шӯро доир ба масъалаҳои дигари муҳокимагардида низ қарорҳои дахлдори Шӯрои Маҷлиси намояндагон қабул карда шуд.

Илова кунед