Ҷаласаи нахустини Шӯрои ҷаҳонии таҳаммулпазирии сулҳ баргузор гардид

27 Апрел 2021, Сешанбе

Имрӯз ҷаласаи нахустини Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои ҷаҳонии таҳаммулпазирӣ ва сулхи Амороти Муттаҳидаи Араб дар реҷаи фосилавӣ баргузор гардид.
Дар кори ҷаласаи мазкур вакилони Маҷлиси намояндагон Баротзода Файзулло, Усмонзода Хайриддин, Шарифзода Ғиёсиддин, Бобоҷониён Раънохон, Матробиён Саодатшо иштирок намуданд.
Дар назди иштирокчиёни ҷаласаи мазкур Раиси Комиссияи одоби вакилони Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода баромад намуда, иброз намуд, ки  “-мехостам дар шахсияти Шумо ва ҳамкорони гиромии аморотӣ Ҳукумат ва мардуми АМА-ро барои муваффақона амалӣ шудани “Мисбор ал-Амал”, “Стантсияи автоматии байнисайёравии Умед” табрик намоям. Рӯзи 9 феврали соли ҷорӣ зонди кайҳонӣ “Умед” ба мадори Миррих ворид гардид. Шуморо бо ин рӯйдоди муҳими таърихӣ табрик менамоям. АМА аввалин дар байни кишварҳои араб ва панҷумин кишвари ҷаҳон аст, ки зондро ба Миррих фиристодааст ва ба ин васила ба Клуби кишварҳои кайҳонӣ шомил гардид. Мо аз чунин дастовардҳои АМА дар соҳаи кайҳонӣ бениҳоят ифтихор ва хурсанд ҳастем”.   

Файзулло Баротзода ҳамчунин таъкид намуд, ки дипломатияи парлумонӣ дар баробари дипломатияи анъанавӣ дар таҳким ва тавсеаи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Амороти Муттаҳидаи Араб дар соҳаҳои мухталиф нақши муассир дорад. Боиси қайд аст, ки роҳандозии ҳамкории байнипарлумонӣ миёни Тоҷикистону АМА борҳо дар вохӯриҳои сатҳи олӣ байни Роҳбарони олии сиёсии Тоҷикистон ва АМА, инчунин дар сатҳи машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону АМА муҳокима гардида буданд.
Ва мо боварии комил дорем, ки ҳамкорӣ байни Маҷлиси намояндагон   ва Шӯрои ҷаҳонии таҳаммулпазирӣ ва сулхи Амороти Муттаҳидаи Араб  боз ҳам дар таҳким ва рушди минбаъдаи робитаҳои дуҷониба такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.
Хушбахтона, имрӯз мо бо дастгирии Шумо, ҳамтоёни гиромӣ, аввалин ҷаласаи ҳамкории мазкурро, дар шакли маҷозӣ мегузаронем. Бояд таъкид сохт, ки бемории КОВИД-19 боиси буҳрони соҳаи тандурустӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва молиявии ҷаҳон гардид. Ҳамагирии КОВИД-19 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон низ таъсири ҷиддӣ расонидааст.
Мехостам сипосамонро аз номи Парлумони Тоҷикистон ва мардуми шарифи Тоҷикистон ба Роҳбарияти олии сиёсии АМА, Ҳукумати АМА ва мардуми бародари АМА барои расонидани кӯмаки хайриявии тиббӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мубориза бо бемории КОВИД-19 баён намоям. Кӯмаки хайриявии тиббиро Амороти Муттаҳидаи Араб ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи май ва моҳи октябр соли 2020 дар ҳаҷми умумии зиёда аз 20 тоннаи метрикӣ расонид. Мо пурра воқиф мебошем, ки дар давраи ҳамагирии КОВИД-19 АМА на танҳо ба кишварҳои минтақа, балки ба зиёда аз 120 кишвари ҷаҳон дар ҳаҷми умумии зиёда аз 1650 тоннаи метрикӣ кӯмаки хайрияивии тиббӣ расонидааст. Чунин икдоми роҳбарияти олии сиёсии АМА ва Ҳукумати АМА аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ баланд арзёбӣ шудааст. Дастгирии кишварҳои ҷаҳон дар давраи вазнин аз ҷониби Роҳбарияти Олии сиёсии АМА ва Ҳукумати АМА бори дигар сиёсати ҳайрхоҳонаи АМА-ро, ки аз давраи Асосгузори давлати АМА,  Шайх Зойид ибни Султон Оли Наҳён маншаъ мегирад, ба тамоми ҷаҳониён собит намуд.
Дар мулоқот ҳамчунин таъкид карда шуд, ки ҷонибдории ташаббусҳои байналмилалии ҳамдигар аз сатҳи баланди ҳамкории дуҷониба дар ҳошияи созмонҳои байналмилалӣ гувоҳӣ медиҳанд. Ҷониби Тоҷикистон дар оянда низ барои дастгирии номзадиҳои кишвари дӯст дар созмонҳои мантақавию байналмилалӣ омодагии худро баён менамояд.
“- Ҳамчунин як нуктаро бояд қайд намоям, ки мо дар бораи ҳамкорӣ бо Шӯрои ҷаҳонии таҳаммулпазирӣ ва сулҳ сухан мегӯем. Тавре ки Шумо огаҳӣ доред, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оѓози истиќлолият як муддат гирифтори  ҷанги шаҳрвандӣ шуда буд. Ҳадаф аз ёдовар шудани чунин падидаи нохуб ин аст, ки бо саъю талошҳои роҳбарияти олӣ, ба хусус Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо тавонистем бо роҳи таҳаммулпазирӣ ва сулҳхоҳона ба ин нооромӣ ва суитафоҳум ба зудӣ анҷом бахшем. Ва ҳоло эътирофи мақоми арзандаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ ва Пешвои миллат доштани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамин таҷрибаи нодир бастагӣ дорад. Ин хидмати  бузурги Пешвои моро Дабири кулли ваќти СММ Кофи Аннан ва чанде аз ҳукуматдорони онвақта ҳамчун намунаи ибрат ва таҷрибаи омӯзанда барои кишварҳои ҷангзада дониста буданд. Ва мо мехостем бори дигар ҳамин таҷрибаи сулҳхоҳонаро аз тариқи Шӯрои ҷаҳонии таҳаммулпазирӣ ва сулҳ ҳамаҷониба ва хубтару дурусттар ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем, зеро он имрӯз низ аҳамияти худро дар матни геополитикаи ҷаҳонӣ гум накардааст”, -гуфт дар интиҳо Файзулло Баротзода.
Ҷаласаи нахустини Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои ҷаҳонии таҳаммулпазирӣ ва сулхи Амороти Муттаҳидаи Араб дар реҷаи фосилавӣ худи ҳамин рӯз кори худро ба анҷом расонид.

Илова кунед