Тренингҳои техникӣ-иттилоотӣ барои котибони ҳайати байнипарламентии кишварҳои аъзои АП САҲА баргузор гардид

04 Май 2021, Сешанбе

Ассамблеяи Парламентии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (АП САҲА) рӯзҳои 4, 6 ва 11 майи соли ҷорӣ бо котибони ҳайати байнипарламентии кишварҳои аъзои АП САҲА тренингҳои техникӣ-иттилоотӣ оид ба тартиби овоздиҳӣ зимни баргузории ҷаласаҳои солонае, ки дар шакли маҷозӣ ва ҳузурӣ баргузор мегарданд, шуруъ шуданд.
Вобаста ба ин, дар тренингҳои рӯзҳои болозикр Оқилзода Наҷибулло - сардори раёсати робитаҳои хориҷӣ, байнипарламентӣ, ташрифотӣ ва ташкили кори Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, котиби ҳайати байнипарламентии Маҷлиси намояндагон дар Ассамблеяи Парламентии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо иштирок намуд.
Дар ҷараёни мулоқот намояндагони котиботи АП САҲА дар бораи ҷанбаҳои амалӣ ва расмии ташкилии баргузории иҷлосияи солонаи АП  САҲА аз ҷумла имконоти имконпазири баргузории ҷаласаҳои онлайн ва ғайринавбатӣ, ҷадвал ва тақвими кор, рафти интихоби роҳбарияти АП САҲА, маълумот оид ба ҷанбаҳои техникии кор, аз ҷумла системаи овоздиҳии электронӣ ва истифодаи системаи бақайдгирии электронӣ барои аъзои ҳайатҳо муколамаи афкор намуданд.
Дар мулоқот ҳамчунин таъкид гардид, ки муносибатҳои Тоҷикистон ва АП САҲА тамоюли рушди босуръатро доро буда, ба дурнамои дарозмуддат равона гардидааст.

Илова кунед