Дар арафаи иди саиди Фитр барои кормандони Маҷлиси намояндагон намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил шуд

07 Май 2021, Ҷумъа

Имрӯз бо ташаббуси бевоситаи Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода дар арафаи иди саиди Фитр, ки дар Тоҷикистон рӯзи панҷшанбе, 13 май таҷлил мегардад, барои кормандони ниёзманди Маҷлиси намояндагон намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ бо нархҳои дастрас ва нисбат ба бозор арзон ташкил карда шуд.

Дар намоишгоҳи мазкур маводи ғизоӣ, аз қабили асал, картошка, пиёз, гӯшт, гулкарам, помидор, бодиринг, зардолу, гелос, орд, равған, тухм, шакар ва дигар маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ба фурӯш гузошта шуд, ки барои ғанӣ гардонидани дастархони идонаи кормандон мусоидат менамояд.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар суханрониҳояшон таъкид намудаанд, ки «дар ин рӯзи саид ният ба аъмоли нек, дастгирии якдигар, ҳамдигарфаҳмӣ, аёдати беморон ва эҳтироми падару модар, наздикону ҳамватанонро риоя кардан, аз Парвардигор талаби дуои оромиву осоиш ва рушду пешрафти сарзамини аҷдодиро кардан аз суннатҳои асили милливу динии мардуми созанда ва фарҳангиву таҳаммулгарои мо ба шумор меравад».

Итминони комил дорем, ки ҳар як фарди бонангу бономуси Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон  ва вакилони ин мақоми олии қонунбарор  минбаъд низ ба хотири ободиву пешрафти Ватани азизамон, ҳаёти осоиштаи мардум, таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва расидан ба дастовардҳои нав дар роҳи таъмини рушди устувори Ватани азизу маҳбубамон саъю талош хоҳад кард.

 

Илова кунед