Ҷавонон созандагони ватананд

11 Май 2021, Сешанбе

23-  май Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон  
Таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон рӯзи саодату иқболи ҳар як ҷавон ва хонаводаи кишвар буда, аз таваҷҷӯҳу ғамхориӽои падаронаи Асосгузори сулӽу ваӽдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумӽурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон ба насли ҷавон, гувоӽӣ медиӽад.
Маҳз ҷавонони меӽнатқарину бунёдкор метавонанд Тоҷикистони азизамонро боз ҳам ободу зебо ва кишвари мутараққии олам  гардонанд. Президенти кишвар сиёсати давлатии ҷавононро самти муӽиму афзалиятноки рушди мамлакат ӽисобида, бо ифтихор ва эӽтироми шоиста мегӯянд: «Ҷавонон нерӯи фаъолу боғайрат ва созандаи миллатанд. Онҳо идомадиҳандаи суннатҳои неку писандидаи аҷдодонамон мебошанд».
Бояд иброз намуд, ки қадамҳои аввалин дар роҳи сиёсати давлатии ҷавонон дар мамлакатамон  бо ташаббусӽои бевоситаи Асосгузори сулӽу ваӽдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумӽурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  ва  қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати  давлатии ҷавонон»  ҳанӯз 13 марти соли 1992 гузошта шуда буд. Дар ин давра кишвари мо дар самти  татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ба дастовардҳои хеле бузург ноил гардид. Бахусус дар раванди илму донишомӯзӣ, эӽтирому арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ, рамзӽои давлатӣ,  фаъолгардонӣ ва маърифатнокии ҷавонон баҳри бунёди давлати ҳуқуқбунёду соҳибистиқлол корҳои ҷолибу назаррас ба анҷом   расиданд.
Дастоварди дигаре, ки асоси татбиқи сиёсати давлатии ҷавононро дар ҷумҳурӣ ташкил медиҳад,  созмон ёфтани мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кор бо ҷавонон мебошад, ки тамоми фаъолияти   вобаста ба ҷавононро  ҳамоҳанг месозад, асноди заруриро  таҳия ва барои татбиқ  пешниҳод  менамояд. Ташаккул ёфтани заминаи меъёрии ҳуқуқии сиёсати давлатии ҷавонон низ дастовардест, ки аз ӽамоӽангсозии фаъолияти Парлумони кишвар, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар сохторӽо, бахусус Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумӽурии Тоҷикистон огаӽӣ медиӽад. Айни замон дар кишвар вобаста ба татбиқи афзалиятҳои сиёсати давлатии ҷавонон санадҳои  меъёрии ҳуқуқӣ, аз қабили Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлати  ҷавонон» дар таӽрири нав,  Консепсияи миллии сиёсати давлатии ҷавонон, Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон то соли 2030, Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстии ҷавонони Тоҷикистон, Барномаи рушди саломатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва ғайра амалӣ гардида истодаанд. 
Имрӯз  нақши пурэъҷози дастони ҷавонони созанда ва бунёдкор дар ҳамаи ҷабҳаҳои хоҷагии халқи   ватанамон  назаррас аст.   Ҷавонони кишвар дар сохтмони муҳими аср - НБО «Роғун», таҷдиди НБО «Норак», дар истеӽсолот, сохтмону меъморӣ, кишоварзӣ, саноату савдо,  илму фарҳанг ва варзиш, ҳамзамон, ҷавононе, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, дар пешрафти ҷомеа саҳми босазо  мегузоранд. Ҷавонон барӽақ  нерӯи фаъолу боғайрат ва созандаи ватану  миллатанд. Рӯз аз рӯз сатҳи худшиносии ҷавонон баланд мегардад.  
Ҳоло беш аз 40 ҳазор нафар ҷавонони соҳибистеъдоду лаёқатманди тоҷик дар хориҷи кишвар аз ҳисоби давлат таҳсил карда истодаанд.  Дар дохили кишварамон бошад  зиёда аз 200 ҳазор нафар донишҷӯён таҳсил доранд.  

Ободкориву созандагии ҷавононро сари ҳар қадам ва дар ҳар соҳа дида,   дил аз фараӽу шоди лабрез мешавад. Иштироки ҷавонон дар мустаҳкам намудани пояҳои истиқлолияти давлатӣ, ҷараёни демократикунонии ҷомеа хеле назаррас аст. Мо ба ояндаи неки ҷавонони  саодатманд, созандагону диловарони  Ватан  боварӣ дорем ва бо кору фаъолияти  ҷавонони росткору шоиставу ватанхоҳ, эҷодкору бунёдкор, далеру шӯҷоу муӽофизони  ватан ифтихор менамоем.
Баробари ӽамаи ин,  бо таасуф бояд ёдовар шуд, ки ӽанӯз ӽам баъзе   ҷавонон бо сабабӽои  ноогоӽӣ, суст будани фаӽмишу донишӽои динӣ, камтаҷрибагӣ ва ё дигар омилӽо фирефтаи ӽиллаву найранги баъзе ашхоси бадкешу ифротӣ ва ташкилотӽои террористӣ мегарданд.
Онӽо  намедонанд, ки ӽамаи гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ характери ғайрирасмӣ ва заминаӽои сиёсиву идеологӣ, мақсадӽои нопоку ғаразноку харобиовар доранд ва махсусан ҷавонони ноогоҳ, зери таъсири онҳо қарор мегиранд. Дигар воситаи таъсиррасон ба шомилгардии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ ин истифодаи васеи шабакаву сомонаҳои интернетӣ гардидааст. Созмонҳои экстремистӣ ва террористӣ аз ин усул бо паҳн кардани сабтҳои видеоӣ, наворҳои таблиғотӣ ва ӽазору як ӽиллаву найранги дигар ба ҳолатҳои равонии ҷавонон таъсири бади худро расонида, дар мафкураи онӽо андешаву афкор ва ақидаӽои носолимро ҷой намуда, ҳатто ба ҷиҳод ва ҷанг даъват менамоянд. Мутаасифона, баъзе ҷавонони ноогоӽ ба ин роӽи хато рафта, ҷони ҷавони худро қурбони манфиатӽои ин гурӯӽӽои бадкешу бадрафтору беватану бемиллату бенасаб  менамоянд.
Омили дигар он аст, ки баъзе наврасону ҷавонон аз беназоратиии падару  модар, дуруст ба роӽ монда нашудани вазъи таълиму тарбия дар баъзе муассисаӽои таълимӣ ва ё дигар сабабӽо, хуб таӽсил намекунанд, донишӽои заруриро азбар намекунанд, баъди хатми мактаб барои идомаи таҳсил ва соҳиби ягон касбу ихтисос шудан кӯшиш ба харҷ намедиҳанд, бе шуғл мемонанд, аз хизмати ҳарбӣ саркашӣ менамоянд, баъзе аз онҳо ба корӽои ношоиста (истифодаи маводи мухадир, нашъамандӣ) даст мезананд. Бо сабабҳои гуногун пош хурдани оилаҳои ҷавон ва ғайра низ  боиси шомил гардидани ҷавонон  ба равияҳои тундгарову ифротӣ  мегарданд.  
Аз назари мо, хуб мебуд ташкили корҳо оид ба пешгирии   шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои экстремистӣ дар асоси барномаҳои махсус ба роҳ монда шавад. Дар ин замина, бояд чорабиниҳои маърифативу фарҳангӣ ва вохӯриҳо, маҳфилҳо, мизҳои гирд бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва кормандони ҷомеаи шаҳрвандӣ, собиқадорон бо ҷавонон бештар гузаронида шаванд. Ҷавонон бояд бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ дарк намоянд, ки ояндаи миллату давлат маҳз дар дасти онҳост.  
Метавон бо боварӣ изӽор намуд, ки ҷавонони кишвар- пайравони Пешвои миллат ӽамеша сиёсати созандаю бунёдкоронаи Президенти маҳбубамонро дастгирӣ намуда, баҳри пойдории сохти конститутсионӣ, оромии ҷомеа ва рушди босуботи Тоҷикистони азиз тамоми кӯшишу ғайрати худро равон месозанд.
 
Ф. Наҷмиддиниён, Б. Аҳмадзода-
вакилони Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Илова кунед