Аз дарахти маърифат неъмат бояд чинд

11 Май 2021, Сешанбе

15- май дар саросари олам Рузи байналмилалии оила таҷлил карда мешавад
Ҳамасола санаи 15 май дар саросари олам Рузи байналмилалии оила таҷлил карда мешавад, ки ин тадбири муҳим аз ҷониби Ассамблеияи Генералии Созмони Миллали Муттаҳид бо қарори 47/237 аз 20 сентябри соли 1993 бо мақсади баланд бардоштани сатҳи огаҳӣ вобаста ба масоили оила ва рушди робитаҳои оилавӣ эълон шудааст.
Воқеан ҳам чун сухан аз оила ва оиладорӣ меравад, бояд зикр кард, ки асоси ҳастии миллат ва рушду нумўи давлат аз оила оғоз мегардад ва нерўи оилаи солим метавонад зиндагии инсонҳоро ба маҷрои зарурӣ то ба манзили муроду паймонҳо бурда расонад. Агар ба ҷомеаи имрўз назар афканем, равшан мегардад, ки дар  пешрафт ва нумўи ҳар давлат оилаи солим  заминагузор аст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон таъкид дошта буданд, ки “... Оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбанд”. Оре, оила мактаби бузургест, ки  арзишҳои баланди инсониро омўхта, дар камолоти маънавии ҷомеа нақши назаррас дорад.  Инсонгароӣ, муҳаббат ба ватану модар, бузургдошти арзишҳои милливу маънавӣ ва кулли хислатҳои ҳамидаи инсонӣ маҳз дар оилаи солим ташаккул меёбанд.
Мутафаккири бузурги Юнони қадим Арасту гуфта буд: «Оила - пояи асосии ҷомеа ва давлат аст. Дар давлате, ки устувории оилаҳо зиёд аст, дар он ҷомеаи солим ҳукмфармост». Воқеан ҳам барои оилаи солимро барпо намудан бояд муҳите созгоре сохт, ки хушбахтона бо фазилату асолати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои солиме муҳайё шудааст. Мусаллам аст, ки хушбахтии оила аз муносибати фаъолонаи аҳли он, яъне падару модар сарчашма мегирад. Ва аз таҷрибаҳои андӯхтаи пирони рӯзгордида маълум аст, ки вақте муҳити хуби хонаводагӣ муҳайё аст, он оила роҳи хуби зиндагиро пеша мекунад. Баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, роҳандозӣ шудани даҳҳо Барномаҳои давлатӣ имкон дод, ки зани тоҷик ҳам дар ҷомеа ва ҳам дар оила обрӯ ва нуфуз пайдо кунад. Ин шарти муҳим аст.  Таъкидан бояд гуфт, ки оила аз беҳтарин, комилтарин ҷузъи ҷомеа буда, дар такомули одоб, ахлоқ ва маърифат замина мегузорад. Таъсири оила ба инсон ҷавҳару асолати инсониро ошкор  месозад ва маҳз оила боис мегардад, ки фард дар ҷомеа камол ёбад ва соҳиби иззату икром гардад.  Ҳар як амали ибратбахше, ки фарзандон анҷом медиҳанд, маълум аст, ки дар оилаашон мушоҳида кардаанд ва дар пайравии волидон ва ё бобокалону бузургони хонаводаи худ буданд.  Ин аст, ки анъанаҳои наҷиби гузаштагони мо дар мавриди оиладорӣ таъсири хуб ба асолати инсонии насли нав мегузорад. Ҳамчунин шаҷара ба шаҷара расму русуми оиладорӣ идомат меёбад ва одобу ахлоқи шоиста дар як риштаи тавонои ногусастанӣ то авлодҳои минбаъдаву оянда рафта мерасад.
Маврид ба зикр аст, ки чӣ қадар ҷамъият пеш равад, ҳамон андоза тарбия намудани фарзанд, оила ва ҷомеа мушкил мегардад. Зеро дастрасии васеъи иттилот мафкураи насли наврасро ба сӯи амалҳои зишт низ майл мекунонад. Мисоли барҷастаи ин гуфтаҳо он аст, ки имрӯз фарох будани майдони шабакаҳои иҷтимоӣ имконият фароҳам овард, ки ҷавонон бинобар гумроҳӣ ва надоштани мафкураи сиёсӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ шомил шаванд. Маҳз идеологияи нодурусти иддае аз ҳизбҳои ғайриқонунист, ки бо пӯшонидани ҷомаи исломӣ аз эҳсоси мардум кор мегиранд. Бинобар ин, ба тарбияи фарзанди хурдтарини оила ҳам бояд эътибори ҷиддӣ дод. Барои он ки оила солим бошад, аз кӯдакистон, муассисаҳои ибтидоиву миёна, олии касбӣ бояд ба ин масъала таваҷҷуҳи зиёд намоем, ҷараёни машғулиятҳои тарбиявиро дар муассисаҳои таълимӣ самаранок истифода барем.
Дигар аз мушкилиҳое, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ ва кишвари моро фаро гирифтааст, ин фурӯпошии оилаҳо мебошад. Тавре аз маълумотҳои оморӣ бармеояд танҳо дар давоми се моҳи охир дар кишвар 3116 оилаҳо пош хӯрдаанд.  Омилҳои асосии ҷудошавии  оила ин пеш аз ҳама омода набудани ҷавонон ба оиладорӣ, огоҳ набудан аз маърифати оиладорӣ ва омилҳои дигари иҷтимоӣ мебошад. Дар ин раванд суст ҷараёни гирифтани шартномаи ақди никоҳ низ таъсиргузор аст. Маҳз нофаҳмии байни арӯсу хусуру хушдоман боиси вайроншавии оилаҳо мегардад. Аз дигар тараф барвақт ба шавҳар додан, такя кардан ба анъанаҳои қадима аз қабили гаҳворабахш намудан боиси нофаҳмиҳо мегардад.
Хеле хушоянд аст, ки баъди қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» зисту зиндагонии халқи тоҷик  ранги дигар гирифт. Мардум тавонистанд бо пасандозҳои худ фарзандонашонро хононанд, маълумоташонро олӣ намоянд ва касбу ҳунар омӯзонанд, то ки бо ин васила сатҳу сифати зиндагонӣ боло равад. Баъди қабули қонун рӯзгори ҷомеа беҳтар шуд, мардум аз маъракаҳои серхароҷот оҳиста - оҳиста даст кашиданд.  Ҳадафи қонун паст намудани дараҷаи камбизоатӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми тоҷик аст. То қабули ин қонун мардуми тоҷик дар баргузории ҷашну маросимҳо ба харҷу сарфи маблағҳои зиёд, забҳи якчанд чорво роҳ медод, ки ҳамаи ин ба зиндагии мардум таъсири манфӣ расонида, боиси камбизоат гаштани онҳо мешуд. Аз ин рӯ, Пешвои миллат барои таъмини рӯзгори хуб ва зиндагии осудаи мардум чораҳо андешида, роҳи ягонаи ҳар чӣ зудтар халос намудани халқро аз ин хароҷоти сахту бефоида дар қабули чунин қонун донистанд.
Ҳамин тавр, оила яке аз муқаддастарин бунёдгоҳи маърифати инсонӣ, таконбахши муҳимтарин арзишҳои анъанавии инсонӣ  ба шумор рафта, дар муносибат бо амали неки мо ҷараён мегирад ва рушд менамояд. Боварии комил дорем, ки ҳар як шаҳрванди азизи мо барои пойдории оила хизмати шоистаеро ба сомон хоҳанд расонд ва бо ин роҳ мо метавонем Тоҷикистони маҳбуби худро бо оиладўстӣ ва муҳаббат доштан ба фарзанду хонаводаву хешу ақрабо ба дигар кишварҳои ҷаҳон муаррифӣ намоем.
 
Парвиз Шодизода,
вакили Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
узви Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва саломатӣ.

Илова кунед