Сеюмин ҷаласаи Шӯрои машваратии Маҷмааи миллии Осиё дар соҳаи об баргузор гардид

12 Май 2021, Чоршанбе

Имрӯз Раиси комиссияи экологии Маҷлиси намояндагон Муҳаммадраҳим Юсуфӣ  дар кори сеюмин ҷаласаи Шӯрои машваратии Маҷмааи миллии Осиё дар соҳаи об ба таври реҷаи фосилавӣ иштирок намуд.
Дар оғоз Президенти Шӯрои машваратии Маҷмааи миллии Осиё дар соҳаи об  Ил Бюн ба кори чорабинии мазкур ҳусни ифтитоҳ бахшид.
Сипас, дар назди иштирокчиёни ҷаласаи Шӯрои машваратии Маҷмааи миллии Осиё дар соҳаи об Раиси комиссияи экологии Маҷлиси намояндагон Муҳаммадраҳим Юсуфӣ баромад намуда, иброз намуд, ки захираҳои об барои расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор нақши калидӣ доранд. Вале масоили об бо назардошти чолишҳои муосир, аз ҷумла таъсири тағйироти иқлим ва афзоиши аҳолӣ, сол то сол мушкилтару мубрамтар мегарданд. Ҳамагири КОВИД-19 бошад, бори дигар аҳамият ва арзиши обро барои таъмини бехатарии инсоният возеҳ намуд.

Ман аз он мефахрам, ки –гуфт Муҳаммадраҳим Юсуфӣ,  кишвари ман – Тоҷикистон имруз дар ҷаҳон кишвари пешбарандаи рӯзномаи ҷаҳонии об эътироф шуда, таҳти роҳбарии бевоситаи Пешвои миллат, Президенти мамлакат,Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди ҳалли мушкилоти марбут ба об саҳми арзандаи худро гузошта истодааст.
Таи бист соли охир бо ташаббуси Тоҷикистон Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 8 қатъномаро оид ба об қабул кард, ки дар байни онҳо «Соли байналмилалии оби тоза, соли 2003»,«Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт, солҳои 2005-2015»,«Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, соли 2013» ва «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028»қобили зикри махсус мебошанд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи ин ташаббусҳо иқдомҳои зиёдеро тай намуда, барои ҳадафманду муассир гаштани Даҳсолаи “Об барои рушди устувор” Раванди Душанберо бо баргузории конфронсҳои сатҳи баланд дар шаҳри Душанбе дар ҳар ду сол як маротиба роҳандозӣ намудааст.
Муҳаммадраҳим Юсуфӣ ҳамчунин таъкид намуд, ки Конфронси навбатии ин раванд моҳи июни соли 2023 ба нақша гирифта шудааст ва мо умедворем, ки намоядагони Шӯрои мазкур ва ҳамкорони мо аз парлумонҳои кишварҳои аъзо низ дар ин чорабинии сатҳи баланди ҷаҳонӣ ширкат хоҳанд кард.
Мавриди зикр аст, ки Конфронси Душанбе ҳамчун чорабинии асосии раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ дар соли 2023 эътироф шудааст.
Боиси ифтихор аст, ки Тоҷикистон ба ҳайси ташаббускори ин Даҳсола якҷо бо Шоҳигарии Нидерландия раисии ин чорабинии муҳими байналмилалиро ба уҳда хоҳад дошт.
Чи тавре изҳор доштам, тағйироти иқлим ба ҳолати захираҳои об таъсири зиёд дорад. Яке аз падидаҳои асосии ин раванд - ин обшавии босуръати пиряхҳо мебошад. Бо назардошти он ки пиряхҳо яке аз сарчашмаҳои асосии захираҳои обҳоии ширин мебошанд, албатта, ин раванд боиси ташвиши ҷиддии инсоният гаштааст.
Бо назардошти ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки тоза аъзои Панели сатҳи баланд оид ба обу иқлим интихоб шудаанд, пешниҳод намуданд, ки соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон карда шавад. Мо мутмаинем, ки ин пешниҳод низ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба хушнудӣ пазируфта шуда, дар доираи он иқдомҳои густурда барои ҳифзи пиряхҳо роҳандозӣ карда хоҳанд шуд.
Умедворам, аъзои Шӯрои машваратии Маҷмааи миллии Осиё дар соҳаи об низ дар пешбурд ва татбиқи ин ташаббуси созанда ва ҳамчунин Даҳсолаи байналмиллалии амал “Об барои рушди устувор” саҳми муносиби худро хоҳанд гузошт,-гуфт дар интиҳо Раиси комиссияи экологии Маҷлиси намояндагон Муҳаммадраҳим Юсуфӣ.
Дар кори сеюмин ҷаласаи Шӯрои машваратии Маҷмааи миллии Осиё дар соҳаи об Сафири мухтор ва фавқуллодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея Юсуф Шарифзода иштирок ва суханронӣ намуд.

Илова кунед