Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйироту илова ворид мегардад

17 Май 2021, Душанбе

Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид, ки дар он лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор гирифт .
Лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади мавриди танзими ҳуқуқӣ қарор додани чораҳои пешгирикунанда дар заминаи ҷорӣ намудани маҳдудиятҳо оид ба тартиби гузаронидани ҷашну маросим ва бартараф намудани камбудиҳои ҷузъии дар матни қонуни амалкунанда ҷойдошта, бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Р., Раҳмон Д. ва Муқимӣ Р. пешниҳод гардидааст.
Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Сумангул Тағойзода зимни баррасии масъалаи мазкур иброз дошт, ки тибқи тағйироти пешниҳодгардида ба панҷ моддаи қонуни амалкунанда тағирот ворид карда шудааст, ки он хусусияти муайянкунанда, мутобиқкунанда ва таҳрирӣ дошта, инчунин ба қонун моддаи 142 илова карда шудааст, ки тибқи он дар ҳолатҳои истисноӣ бо риояи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми вазъияти фавқулода, ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад меъёрҳои маҳдудкунандаро оид ба гузаронидани ҷашну маросим муқаррар намояд.
Қобили қайд аст, ки меъёри мазкур дар иртибот ба талаботи ду санади меъёрии ҳуқуқии амалкунанда аз ҷумла: Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми ҳуқуқии вазъияти фавқуллода” ва Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ» роҳандозӣ гардидааст.
Лоиҳаи Қонуни пешниҳодгардида ба талаботи боби сеюми Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон (Маҷлиси Олӣ) ва боби панҷуми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон”Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ) мухолифат надорад.



Илова кунед