Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйироту илова ворид гардид

19 Май 2021, Чоршанбе

Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум, ки имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода баргузор гардид лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, корхонаи коммуналии воҳиди давлатии «Троллейбус»-и шаҳри Душанбе ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанбе, маблағгузории иловагӣ»-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ба вакилони мардумӣ  вакил Шодизода Парвиз ва муовини раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимзода Фарухулло   муаррифи намуда, изҳор доштанд, ки тибқи тағйироти пешниҳодгардида ба панҷ моддаи қонуни амалкунанда тағирот ворид карда шудааст, ки он хусусияти муайянкунанда, мутобиқкунанда ва таҳрирӣ дошта, инчунин ба қонун моддаи 142 илова карда шудааст, ки тибқи он дар ҳолатҳои истисноӣ бо риояи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми вазъияти фавқулода, ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад меъёрҳои маҳдудкунандаро оид ба гузаронидани ҷашну маросим муқаррар намояд.
Қобили қайд аст, ки меъёри мазкур дар иртибот ба талаботи ду санади меъёрии ҳуқуқии амалкунанда аз ҷумла: Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми ҳуқуқии вазъияти фавқуллода” ва Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ» роҳандозӣ гардидааст.

Зимни баррасии Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, корхонаи коммуналии воҳиди давлатии «Троллейбус»-и шаҳри Душанбе ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанбе, маблағгузории иловагӣ» муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулмуродзода Карим ва вакили мардумӣ Ашурзода Ғиёсиддин таъкид намуданд, ки Созишномаи мазкур 28 августи соли 2020 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст ва аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Мақсади лоиҳа ин барқарор намудани инфрасохтори троллейбус дар шаҳри Душанбе мебошад. Арзиши умумии лоиҳаи мазкур 8,0 млн. доллари амрикоӣ буда, аз он маблағҳои қарзӣ 5,2 млн. доллари амрикоӣ ва маблағҳои грантӣ  2,8 млн. доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Инчунин барои амалӣ гардонидани лоиҳа кумаки техникӣ дар ҳаҷми 0,75 млн. евро пешниҳод гардидааст.
Ҳаҷми умумии маблағи грантӣ 2,8 млн. доллари амрикоиро ташкил дода, аз он 1,4 млн. доллар (транши 1) аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 январи соли 2020, тасдиқ (ратификатсия) гардида, маблағи боқимонда дар ҳаҷми 1,4 млн. доллар (транши 2) бо созишномаи алоҳида аз 28 августи соли 2020 ба имзо расонида шудааст.



Илова кунед