Ба якчанд Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид гардид

15 Апрел 2020, Чоршанбе

Имрӯз ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум, таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода  баргузор гардид.
Дар ҷаласа Созишномаи лоиҳавӣ байни Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд оид ба «СASA 1000 лоиҳаи дастгирии ҷомеа», Созишномаи лоиҳавӣ байни Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд оид ба «СASA 1000 лоиҳаи дастгирии ҷомеа», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ», лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»,  лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии фраксияи Ҳизби аграрии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии фраксияи Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва  лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии Гурўҳи вакилони ғайриҳизбӣ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Зимни баррасии Созишномаи лоиҳавӣ байни Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд оид ба «СASA 1000 лоиҳаи дастгирии ҷомеа» Усмонали Усмонзода-вазири энергетика ва захираҳои обии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вакили мардумӣ Музаффар Маҳмудов иброз намуданд, ки мақсади лоиҳа ин баланд бардоштани сифат ва васеъ намудани дастрасӣ ба хизматрасониҳои таъминоти барқ, инфрасохтори иқтисодиву иҷтимоӣ ва мусоидат дар самти пурзўр намудани иқтидори мақомоти маҳаллии хокимияти давлатӣ дар ҷамоаҳои дар ҳудуди фарогири лоиҳа қарордошта ба ҳисоб меравад.
Лоиҳаи дастгирии ҷамеа дар доираи «Лоиҳаи минтақавии интиқоли нерўи барқи CASA-1000» дар ҳудуди ҳамаи кишварҳои аъзои лоиҳа (Тоҷикистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Покистон) пешбинӣ гардида, қисмати тоҷикистонии он аз ҳисоби маблағҳои грантии Бонки Ҷаҳонӣ (24 млн. доллари ИМА) ва Фонди Бисёрдонораи Мақсаднок                              (2,0 млн. доллари ИМА) дар ҳаҷми 26 млн. доллари ИМА маблағгузорӣ хоҳад гардид.
Масъалаи дуюми рӯзнома- Созишномаи лоиҳавӣ байни Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд оид ба «СASA 1000 лоиҳаи дастгирии ҷомеа»-ро ба вакилони мардумӣ Усмонали Усмонзода-вазири энергетика ва захираҳои обии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вакили мардумӣ Музаффар Маҳмудов муаррифи намуда изҳор доштанд, ки мақсади лоиҳа ин баланд бардоштани сифат ва васеъ намудани дастрасӣ ба хизматрасониҳои таъминоти барқ, инфрасохтори иқтисодиву иҷтимоӣ ва мусоидат дар самти пурзўр намудани иқтидори мақомоти маҳаллии хокимияти давлатӣ дар ҷамоаҳои дар ҳудуди фарогири лоиҳа қарордошта ба ҳисоб меравад.
Лоиҳаи дастгирии ҷамеа дар доираи «Лоиҳаи минтақавии интиқоли нерўи барқи CASA-1000» дар ҳудуди ҳамаи кишварҳои аъзои лоиҳа (Тоҷикистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Покистон) пешбинӣ гардида, қисмати тоҷикистонии он аз ҳисоби маблағҳои грантии Бонки Ҷаҳонӣ (24 млн. доллари ИМА) ва Фонди Бисёрдонораи Мақсаднок(2,0 млн. доллари ИМА) дар ҳаҷми 26 млн. доллари ИМА маблағгузорӣ хоҳад гардид.
Мақсади лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ин пеш аз ҳама ташаккули соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, инчунин ҷалби сармоя ва таъмини шароити мусоид барои фазои сармоягузорӣ, ки аз паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2017 ва 26 декабри соли 2018 бармеоянд, таҳия ва пешниҳод гардидааст, иброз намуданд зимни баромади хеш муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Икром Умарзода ва Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Эмомалӣ Насриддинзода.
Масъалаи панҷуми рӯзнома-лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ»-ро Раиси кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Ҳамроализода ва вакили мардумӣ Мавлуда Мирзозода баррасӣ намуда, изҳор доштанд, ки дар Қонуни амалкунандаи ҶумҳурииТоҷикистон “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ” меъёрҳое вуҷуд доранд, ки онҳо тартиби муроҷиати электронии субъектҳои соҳибкориро барои гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ба танзим медароранд. Вале таҷриба собит сохт, ки имконияти мазкур бинобар сабаби дар сатҳи зарурӣ ва пурра танзим наёфтани раванди электронӣ гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ аз ҷониби субъектҳои соҳибкорӣ кам истифода мегардад. Аз ин хотир, бо мақсади дақиқ намудани раванд ва васеъ намудани имконият ба субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ ҷиҳати тариқи электронӣ пешниҳод намудани ариза ва гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ дар лоиҳа меъёрҳои зарурӣ мутобиқ ба Консепсияи ташаккули “Равзанаи ягона оид ба расмиёти содиротиву воридотӣ ва транзитӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”пешбинӣ гардидааст.
Раиси комиссияи Маҷлиси намояндагон оид ба назорати дастур ва ташкили кор Ҷамшед Муртазозода дар иҷлосия аз руи масъалаҳои ниҳоӣии рӯзнома лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»,  лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии фраксияи Ҳизби аграрии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»,  лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии фраксияи Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва  лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии Гурўҳи вакилони ғайриҳизбӣ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»  баромад намуда, баъди муҳокимарониву баррасиҳои зиёд вакилони мардумӣ аз рӯи ҳамаи масъалаҳои баррасӣ гардида,  қарорҳои дахлдор қабул намуданд.



Илова кунед