Масъалаҳои сиёсати давлатии ҷавонон дар паёмҳои Пешвои миллат

21 Май 2021, Ҷумъа

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба неруи созандаву бунёдкор, тобовару устувор ва пешбарандаи ҷавонон эътибори ҷиддӣ медиҳанд ва пайваста ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон чораҳои муассир меандешанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи мулоқоту вохӯриҳо ва суҳбату суханрониҳо, алалхусус, зимни ироаи паёмҳои ҳарсола ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд ва сиёсати давлатии ҷавононро яке аз рукнҳои аввалиндараҷаи сиёсати Сарвари давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон мешуморанд.    
Паёмҳои ҳарсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ба Маҷлиси Олии кишвар дар баробари аҳамияти сиёсӣ ва ҳуқуқӣ доштан, инчунин, аҳамияти махсуси ах­ло­қиву тарбиявӣ доранд. Зеро Сарвари давлат дар ҳар як Паём ба Маҷлиси Олии кишвар ба ҷавонон рӯ оварда, пай­васта онҳоро барои ҳифзи Ватан, истиқлолияти дав­латӣ, ватандӯстиву меҳанпарастӣ, худшиносиву худого­ҳӣ, бархурдор будан аз дастовардҳои илму фарҳанги ҷаҳонӣ, донишандӯзӣ, донистани техникаву технологияи навтарин, интихоби касбу ҳунарҳои муосир даъват ва ҳидоят мекунанд ва ба онҳо чӣ будани неъмати истиқлолияту ваҳдати миллиро баён месозанд, ҳамчунин, онҳоро аз зуҳуроти номатлубу зишти ҷаҳони муосир огоҳ менамоянд.
Чунончи, Сарвари давлат дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15-уми апрели соли 2009 иброз намуданд: «Ҳадафи сиёсати давлатии мо дар бахши ҷавонон тарбияи кадрҳо ва мутахассисони донишманду соҳибмаърифат, насли дорои ҷаҳонбинии васеъ ва хислатҳои ватандӯстиву ватанпарастӣ мебошад».
Воқеан, маҳз мутахассисони ҷавони донишманду соҳибмаърифат ва ватандӯсту меҳанпараст метавонанд дар рушду инкишофи ҳама бахшҳои хоҷагии халқи мамлакат саҳми назаррас гузоранд. Қобили тазаккур аст, ки таҳти роҳбарӣ ва дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат сиёсати ҷавоншавии кадрҳо роҳандозӣ мегардад. Имрӯз ҷавонони болаёқату кордон ва ташкилотчиву фаъол дар фазои орому осудаи кишвари азизамон дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва дигар мақомоти давлатии Ҷум­ҳурии Тоҷиикистон дар вазифаҳои гуногуни пурмасъулу роҳбарикунанда фаъолияти пурсамар доранд ва дар пешрафту ободонии Ватани маҳбубамон нақши муҳим мегузоранд.
Роҳбари давлат дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20-уми апрели соли 2012 роҷеъ ба масъалаи ҷавонон ва қабул гардидани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ баҳри татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ибрози андеша намуда, чунин таъкид карда буданд: «Баъди ба даст овардани истиқлолият Ҳукумати Тоҷи­кистон ба татбиқи сиёсати ҷавонон аҳамияти хосса зоҳир намуда истодааст. Институтҳои муҳимми кор бо ҷавонон дар сатҳи ҳукуматӣ ва муассисаҳои таълимӣ ташаккул ёфта, имрӯзҳо дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва сиёсии кишварамон иштироки фаъолона доранд. Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва Консепсияи миллии сиёсати ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаҳои татбиқи амалии сиёсати давлатии ҷавононро фароҳам овардаанд. Мақсади асосии ин сиёсат таъмини шароити ҳуқуқӣ, иқтисодиву ташкилӣ ва иҷтимоии ҷавонон мебошад».
Мусалламан, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Конститутсияи мамлакат ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқи амалии сиёсати давлатии ҷавононро фароҳам овардаанд.
Бояд қайд кард, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати давлатии ҷавононро таҳким бахшида, иштироки фаъолонаи онҳоро дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистони соҳибистиқлоламон таъмин менамояд. Аз ҷумла, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавонони кишвар, ки синнашон ба 18 расидаанд, ҳуқуқ додааст, ки дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлатӣ саҳми арзандаи худро гузоранд. Ва моддаи 27 Конститутсия ба шаҳрванд аз синни 18 ҳуқуқи иштирок дар раъйпурсӣ ва интихобот, интихоб намудан ва интихоб шудан аз синни муқаррарнамудаи Конститутсия, қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳо ба мақомоти намояндагӣ ва қонунгузор, инчунин, ҳокимияти иҷроия ва судиро медиҳад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавонон ҳуқуқ медиҳад, ки дар интихобот ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти мамлакат иштирок намоянд. Аз ҷумла, Конститусия барои интихоб гардидан ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон синни 30-солагӣ муқаррар менамояд.
Ҳамчунин, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ки бо ташаббуси бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул шудаанд, дар маҷмӯъ, баҳри ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои наврасону ҷавонон ва баланд гардидани ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ ва худшиносиву худогоҳии онҳо, ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба сунатҳои мардумӣ равона карда шудаанд.
Бо дарназардошти муҳиммияти Конститутсияи мамлакат ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» Сарвари давлат дар Паём (22-юми декабри соли 2016) ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш доданд, ки омӯзиши ҳатмии Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро дар барномаҳои муассисаҳои таълимӣ ба роҳ монад.
Ҳамин тавр, дар заминаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар барномаҳои муассисаҳои таълимии мамлакат омӯзиши Конститутсияи кишвар ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ба роҳ монда шудаанд, ки ба ин васила донишҳои сиёсиву ҳуқуқӣ ва ҳисси ватандӯстиву меҳанпарастии наврасону ҷавонон боло мераванд ва дар раванди давлатсозиву рушди кишвар саҳми назаррас мегузоранд.
Мавриди ёдоварист, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» дар мамлакат ҳамасола 23-юми май ҳамчун «Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон» таҷлил карда мешавад ва бояд қайд кард, ки он маҳз дар заминаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ворид намудани тағйиру иловаҳои дахлдор ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 22-юми майи соли 1998, 23-юми май – «Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон» эълон гардид ва ин рӯз ҳамасола бо шукуҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта мешавад.
Пешвои миллат ҷавононро неруи созанда, иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, ояндаи миллату давлат медонанд ва бо дарназардошти саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеа, иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (22-юми декабри соли 2016) пешниҳод намуданд, ки соли 2017 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Соли ҷавонон» эълон карда шавад.
Ҳамин тавр, бо мақсади иҷрои талаботи Паёми зикршуда, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 13-уми январи соли 2017, таҳти №812 «Дар бораи эълон намудани соли 2017 – Соли ҷавонон» ба имзо расид. Иқдоми мазкур ба ҷавонони мамлакат неруи тоза бахшида, ҳисси вадандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихори миллии онҳоро бештар намуд.
Сарвари давлат дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22-юми декабри соли 2017 дар робита ба соли 2017 эълон гардидани «Соли ҷавонон» су­хан карда, таъкид сохтанд, ки «ғамхории Ҳукумат нисбат ба ҷавонон танҳо бо «Соли ҷавонон» маҳдуд наме­ша­вад. Баръакс, ҳалли масъалаҳои вобаста ба наврасону ҷавонон минбаъд низ самти муҳимтарини фаъолияти мо хоҳад буд».
Тавре дар Консепсияи миллии сиёсати ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд гардидааст, танҳо кишварҳое ба дастовардҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ ноил мегарданд, ки ба ҷавонон таваҷҷуҳи бештар зоҳир менамоянд ва он ҷомеае рушди устуворро таъмин месозад, ки системаи маъмулии ақидаро нисбат ба насли ҷавон, ба системаи муносибати байниҳамдигарии наслҳо ва моҳияти он барои рушди сиёсӣ ва иҷтимоиву иқтисодӣ такмил медиҳад.
Мусаллам аст, ки ҷавонон ояндаи давлату миллат ва идомадиҳандаи кору нақшаҳои насли калонсол буда, маҳз онҳо дар байни дигар қишрҳои аҳолӣ бештар фаъ­о­лу серҳаракат, инчунин, умеду такягоҳи давлат мебо­шанд. Ҷавонон дар қиёс бо насли калонсол қодиранд ақи­даю мафкура, афкору андеша ва асосҳои иқтисоди бо­заргониро зудтар дарк намоянд, ба воқеияти замо­навии иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсӣ мутобиқ гарданд, дар бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, аз нигоҳи иҷтимоӣ инкишофёфта ва дорои ҷомеаи тараққикардаи шаҳрвандӣ фаъолона ширкат намоянд.
Пешвои миллат дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми декабри соли 2019 ҷавонони кишварро васф намуда, нақши онҳоро дар пешрафти ҷомеа муҳим арзёбӣ карданд. Аз ҷумла, Сарвари давлат тазаккур доданд, ки «ҷавонони мо давомдиҳандагони кору фаъолияти насли калонсол, неруи тавоно ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса, ояндаи давлат буда, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти онҳо минбаъд низ ҳамчун яке аз масъалаҳои муҳимтарини сиёсати Ҳукумат боқӣ мемонад.
Насли ҷавони кишвари мо бо дарки масъулияти баланд, иродаи мустаҳкам, садоқату муҳаббати ватандорӣ, эътиқод ба арзишу муқаддасоти миллӣ ва ақлу заковати худ исбот намуд, ки роҳи интихобкардаи мо дар масири ватансозиву ватандорӣ дуруст мебошад».
Дар ҳамин Паём ҷиҳати боз ҳам таҳким бахшидани заминаҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа ва ҳифзи минбаъдаи манфиатҳои ҷавонон сохтору мақомоти марбута вазифадор гардиданд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» ва «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон то соли 2030»-ро дар таҳрири нав таҳия карда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур намоянд.
Ҳамин тавр, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» дар таҳрири нав таҳия гардида, мутобиқи моддаи 58-и Конститутсияи мамлакат бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми апрели соли 2021 барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд, ки ҳоло дар баррасии Маҷлиси намояндагон қарор дорад. Инчунин, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми апрели соли 2021 «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» тасдиқ гардид.
Дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми январи соли 2021 Роҳбари давлат ба масоили ҷавонон диққати махсус дода, зикр намуданд, ки «ҷавонони мо дар рушди тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар саҳми бисёр арзишманд гузошта, нақши онҳо аз иштирок дар бунёди иншооти азими мамлакат то хизмати содиқона дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ – ҳифзи сарҳади давлатӣ, суботу оромии давлат ва ҳаёти осоиштаи мардуми Тоҷикистон арзандаи таҳсин ва боиси ифтихори ҳар яки мо мебошад».
Қобили қайд аст, ки бо дастгириву ибтикороти Ҳукумати кишвар таҳсили ҷавонон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии кишварҳои хориҷӣ зиёд гардидааст. Тавре Сарвари давлат дар ҳамин Паём зикр намуданд: «Ҳоло дар хориҷи кишвар зиёда аз 40000 нафар донишҷӯ, магистр ва аспирантҳои мо ба таълим фаро гирифта шудаанд». Дар баробари ин, Пешвои миллат таъкид намуданд, ки «Мо бояд тавассути стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон», барномаҳои байналмилалӣ ва дигар имконоти мавҷуда таҳсили ҷавонони боистеъдодро дар хориҷи мамлакат вусъат бахшем».
Ҳамчунин, дар Паёми зикршуда ба Вазорати маориф ва илм, Академияи миллии илмҳо ва Вазорати рушди иқтисод ва савдо супориш дода шуд, ки ҷиҳати ҳарчи бештар ба хориҷи кишвар фиристодани ҷавонони боистеъдоду лаёқатманд аз рӯи равияи илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ «Барномаи тайёр кардани кадрҳои ҷавони илмӣ барои солҳои 2021 – 2030»-ро таҳия карда, ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод созанд. Илова бар ин, Президенти мамлакат пешниҳод намуданд, ки стипендияи донишҷӯёну магистрҳо ва аспиранту докторантҳо аз 1-уми сентябри соли 2021 ба андозаи 30 фоиз зиёд карда шавад, ки мақсад аз иқдоми навбатӣ дастгирии давлатӣ ва тақвияти вазъи иҷтимоӣ мебошад.
Ҷавобан ба ҳамаи ин ғамхориву дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат, ҷавонони моро зарур аст, ки бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ беш аз пеш меҳнат карда, аз илму фарҳанг ва раванду таҳаввулотҳои ҷаҳони муосир бархурдор бошанд ва барои таҳкиму пойдории истиқлолият, сулҳу ваҳдати миллӣ, суботу оромии кишвар, густариши худшиносиву худогоҳии миллӣ ва рушду инкишофи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамеша ҷидду ҷаҳд намоянд. 
Ҳамин тариқ, паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баланд гардидани ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ, худшиносиву худогоҳӣ, бархурдор гардидани ҷавонон аз дастовардҳои илму фарҳанги ҷаҳонӣ, донишандӯзӣ, афзудани донишҳои сиёсиву ҳуқуқӣ ва техникиву технологӣ, соҳибкасбу ҳунарманд гардидани онҳо, таҳкими сиёсати давлатии ҷавонон ва ҳаллу фасли дигар масъалаҳои ҳаётан муҳимми ҷавонон нигаронида шудаанд.
 
 
Фирӯз Сайнозимзода,
мушовири калони Кумитаи Маҷлиси
намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон

Илова кунед